Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо иштирокдорони Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус суҳбатҳо анҷом доданд

ДУШАНБЕ, 09.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 8-9 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитсаи Фаронса дар ҳошияи чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 ва дар доираи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус бо як қатор иштирокдорони ин ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд суҳбатҳои судбахш анҷом доданд.
Аз ҷумла, Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Доминикан Луис Абинадер Корона, Президенти Ҷумҳурии Арманистон Ваагн Хачатурян, Президенти Ҷумҳурии Коста Рика Родриго Чавес, Директори генералии ЮНЕСКО Одри Азуле, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид-ректори донишгоҳи СММ дар Токио Тшилидзе Марвала, Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорология Селеста Сауло, Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Тсюй Дунъюй, Директори иҷроияи Фонди иқлимии сабз Мафалда Дуарте ва дигарон суҳбатҳои самимӣ доир намуданд.
Мусоҳибон ба мизбонии бомуваффақияти Тоҷикистон аз нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе ва саҳми Сарвари давлати мо дар пешбурди масоили глобалии обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо баҳои баланд дода, ба ин муносибат арзи табрику таҳният намуданд.