Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бино ва озмоишгоҳи Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои мошингарди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд

Июнь 27, 2025 10:11

ДУШАНБЕ, 27.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бино ва озмоишгоҳи Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои мошингарди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд.

Иншооти мазкур, ки бо таҷҳизоти муосир ва инфрасохтори техникии мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бунёд гардидааст, дар мавзеи Теми шаҳри Хоруғ ҷойгир буда, ҳамчун маркази муҳими муҳандисиву озмоишӣ дар самти нигоҳдорӣ, назорат ва рушди роҳҳои минтақа хизмат хоҳад кард.

Озмоишгоҳ дар доираи лоиҳаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ — “БРАМОМ-4” бунёд шуда, маблағи умумии он беш аз 5 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Бино аз се ошёна иборат буда, дорои инфрасохтори муосир ва шароити ҷавобгӯ ба талаботи стандарти байналмилалӣ мебошад.

Дар ошёнаи якум 11 ҳуҷраи кории барҳаво барои кормандон, дар ошёнаҳои дуюм ва сеюм ошхона ва меҳмонхонаҳои барҳаво барои меҳмонону коргарон сохта шудааст.

Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур аввалин муассисаи дорои чунин шароити сатҳи баланд дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, ба Корхонаи воҳиди давлатии Маркази рақамикунонии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваст карда шудааст. Тавассути шабакаи ягонаи идоракунии рақамӣ, тамоми воситаҳои техникии муассиса, ки бо таҷҳизоти муайянкунадаи мавқеъи моҳвораӣ (GPS) муҷаҳҳазанд, идора ва назорат мешаванд.

Зимни муаррифии харитаи электронии роҳҳои вилоят, Пешвои миллат бо навтарин усулҳои назорати вазъи роҳҳо шинос гардиданд.

Намоиши интерактивии харита нишон дод, ки кормандони муассиса дар вақти воқеӣ метавонанд маълумот дар бораи ҳолати роҳҳо, ҷойгиршавии биноҳои ёрирасон, аломатҳои роҳ, нуқтаҳои хатарнок ва қисмҳои осебпазирро дарҳол дарёфт намоянд. Ин технологияи рақамӣ яке аз муосиртарин равандҳои идора ва мониторинги роҳҳо дар низоми нақлиёти кишвар ба шумор меравад.

Бо истифода аз чунин шароит ва таҷҳизоти нав, Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои мошингарди вилоят минбаъд метавонад ба таври самаранок дар нигоҳдории роҳҳо, таъмини бехатарии нақлиёт ва хизматрасонии саривақтӣ ба ронандагон ва мусофирон саҳми назаррас гузорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз имкониятҳои озмоишгоҳ, аз сифати таҷҳизоти санҷишӣ, сатҳи омодагии муҳандисон ва муҳити кории кормандон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Озмоишгоҳ ба таври доимӣ хоку ҷисмҳои кӯҳӣ ва масолеҳи сохтмониро пеш аз истифода дар роҳ ва пулҳо месанҷад, то сифати роҳҳои баландкӯҳ ба талаботи бехатарии нақлиётӣ ҷавобгӯ бошад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз ҳуҷраҳои корӣ таъкид доштанд, ки ин гуна иншоот бояд на танҳо дар сатҳи вилоят, балки ҳамчун намунаи миллии маркази роҳсозӣ дар дигар минтақаҳо низ роҳандозӣ шавад.

Сарвари давлат ба ширкати сохтмонӣ, муҳандисону лоиҳакашон ва кормандони соҳаи роҳсозӣ, ки дар шароити кӯҳистон бо садоқат ва масъулияти касбӣ фаъолияти намунавӣ доранд, изҳори сипос намуданд ва барои боз ҳам баланд бардоштани сифати корҳои роҳсозӣ дастурҳои мушаххас доданд.

Мардуми шукргузори Бадахшон ва роҳсозони вилоят ифтитоҳи иншооти мазкурро як қадами бузург дар роҳи расидан ба ҳадафи стратегӣ — раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини рушди устувори минтақа арзёбӣ мекунанд.

Ба Сарвари давлат шароити муосири дохилии озмоишгоҳи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди вилоят тавассути воситаҳои маҷозӣ муаррифӣ гардид.

Зимни муаррифӣ имкониятҳои техникии озмоишгоҳ дар самти таҳқиқ ва санҷиши хоку ҷисмҳои кӯҳӣ, инчунин масолеҳи сохтмонӣ, ки барои бунёди роҳи дорои аҳаммияти байналмилалӣ Рӯшон-Мурғоб-Кулма истифода мешаванд, ба таври муфассал нишон дода шуд.

Ин самт дар доираи нақшаҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи хос дошта, татбиқи он ба бехатарии нақлиётӣ ва устувории роҳҳои кӯҳӣ мусоидат менамояд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини нигоҳдории роҳҳо ва лоиҳакашону пудратчиён дастур доданд, ки масири роҳи байналмилалиро бо истифода аз шароити сатҳи баланд сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд. Зеро ҳадафи асосии лоиҳа баланд бардоштани самаранокии тиҷорати байнисарҳадӣ ва устуворӣ ба хатарҳои табиӣ ва бехатарии инфрасохтори роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Бадахшон арзёбӣ мегардад.

Ҳамзамон, ба Сарвари давлат ба таври фосилавӣ маросими ифтитоҳи расмии як қатор иншооти муҳими инфрасохторӣ, аз ҷумла кушодашавии қитъаи 3,7-километрии роҳи навсозишуда, долони 550-метрии зидди тарма ва пули мошингузари 82-метра дар деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон нишон дода шуд.

Маълумот дар бораи сатҳи баланди иҷрои лоиҳа, сифати корҳои сохтмонӣ ва аҳаммияти ин масир барои рушди иқтисодӣ ва бехатарии нақлиётӣ ба Пешвои миллат муаррифӣ гардид.

Қитъаи нави роҳ бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи нақшаҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири роҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Кулма, ки Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин мепайвандад, мутобиқ ба талаботи замони муосир навсозӣ карда шудааст.

Дар шароити кӯҳистони душворгузар, бо истифода аз техника ва технологияҳои муосир, сохтмони долони зидди тарма ва пули мошингузар анҷом дода шуд, ки дар таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва робитаи устувори минтақа нақши калидӣ мебозад.

Ба гуфти масъулин, озмоиши масолеҳи сохтмонӣ ва сифати роҳ тавассути озмоишгоҳи муосири нигаҳдории роҳҳои мошингарди вилоят пешакӣ анҷом дода шудааст, то ки роҳ ҷавобгӯи талаботи замон бошад.

Мардуми сарбаланди ноҳияи Шуғнон изҳори сипосу миннатдорӣ аз таваҷҷуҳи хоса ва дастгирии ҳамешагии Пешвои миллат намуда, таъкид доштанд, ки бунёди чунин иншооти муҳимми инфрасохторӣ барои зиндагии беҳтари сокинон, рушди соҳаи сайёҳии ин минтақа, равнақи савдо ва робитаҳои байналмилалӣ шароити мусоид фароҳам меорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди босифати долони зиддитармавӣ, пули мошингузар ва таъмири пурраи роҳи деҳаи Барсем низ ба роҳсозон баҳои баланд доданд.

Бояд гуфт, ки лоиҳаи мазкур намунаи возеҳи сиёсати бунёдкорона Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдоми пурарзиши дар самти таҳкими шароити роҳҳо, пайвастшавии минтақаҳо ва рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ арзёбӣ гардид.

Ифтитоҳи бино ва озмоишгоҳи муосири Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои мошингарди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ 27.06.2025

Июнь 27, 2025 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалии 2026 дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад