«ШОҲНОМА — ОРМОНИ МИЛЛӢ». Он мактаби худшиносӣ ва парчами ифтихори миллии мо аст

Июнь 1, 2025 11:20

ДУШАНБЕ, 01.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Иқдоми ватандӯстонаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- ҳадяи «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ ба ҳар хонадон падидаи нави дурахшон дар ҳаёти маънавии сокинони  мамлакат аст, ки ҳамто надорад. Ин иқдом идомаи ҳамон иқдоми дурбинонаю ватандӯстонаи Сарвари давлатамон аст, ки на танҳо ба тарбияи ватандӯстона, баланд бардоштани  эҳсоси ватанпарастии мардум, балки ба боло бурдани сатҳи маънавӣ, ҷаҳонбинию дунёшиносии сокинони мамлакат нигаронида шудааст. 

Миллати тоҷик, ки ҳамеша ба ин шоҳасари таърихӣ арҷи баланд мегузошт ва «Шоҳнома»-хонӣ яке аз шуғлҳои писандидаи халқи мо буд, имрӯз дар фурӯғи дурахшони ин иқдом бо ангезиш ва эътиқоду эътимоди нав рӯ ба ин шоҳасари безавол  овардааст.

Имрӯз «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки беҳтарин василаи худшиносии миллӣ ва огоҳӣ на танҳо аз таърих, балки аз ҳама фарҳангу илмҳо, фазилатҳои инсонӣ  ва самтҳои фарогири зиндагӣ аст, боз ҳам таваҷҷуҳи хонандагони ҳамаи синну солро ба худ ҷалб менамояд.  Чунонки мебинем, ин иқдоми дурбинонаи Президенти Тоҷикистон мисли ҳамаи иқдоми фарҳагию маънавии пешинаашон фазои дигари китобдорию китобхонӣ ва ватандӯстиро дар мамлакат фароҳам меорад ва ин падидаро мо аллакай эҳсос намудаем.

Албатта, тақдими «Шоҳнома» бар ҳар хонадон тасодуфӣ нест. Ончуноне, ки китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ба ҳар хонадон тақдим гардиду боиси хонишу омӯзиши фарогири  он дар саросари мамлакат гардид, озмунҳое ба бор овард, ки ин китобро  на танҳо китоби рӯимизии мардуми мо кард, балки мутолиаи фарогири он аз ҷониби мардум барои худшиносии миллии мо, баланд бардоштани маърифати ватаншиносиамон саҳми бебаҳо гузошт. Мо аминем, ки тақдими «Шоҳнома»-и безавол низ чунин ангезиш ва шояд бартар аз онро ба бор орад. Яъне, Пешвои миллати мо, чунонки хоси он кас аст,  бо дастовардҳои  ҳосилшуда қаноатманд  нагардида, бо ташаббусҳои нав  доираи омӯзиш ва фарогирии худшиносии миллиро мехоҳанд ҳарчи васеътар намоянд.

Ҷойи баҳс нест, ки омӯзиши «Шоҳнома» уфуқҳои тозатару фарогиртареро ба рӯи хонандаи тоҷик боз мегардонад. Ва ягон ҷойи баҳс нест, ки ин иқдом ва ташаббусҳои дигари Пешвои миллатамон, аз ҷумла баргузории озмунҳои «Тоҷикистон- Ватани азизи ман», «Фурӯғи  субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурӯғи маърифат» ҳама дар якҷоягӣ сатҳи фарҳангию маърифатии мардуми моро хеле  боло хоҳанд бардошт ва саҳми бузурге дар боло рафтану ғанӣ гардидани маънавиёти мо хоҳанд гузошт. Ва ин ҳам падидаи дурахшони даврони Истиқлолияти давлатӣ аст, ки имрӯз дар Тоҷикистони мо ба шарофати чунин сиёсати давлатӣ руҳияи умумии омӯзиш ва баланд бардоштани маърифат ба таври фарогир зуҳур намудааст.

Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»  тасмим гирифтааст, ки таҳти сарлавҳаи ««Шоҳнома»- мактаби худшиносӣ ва парчами ифтихори миллӣ» пайваста пажӯҳишҳои тоза ба тозаи аҳли илму адаб ва андешаҳои донишмандонро пешниҳоди хонандагон намояд. Инак, аз ин силсила мақолаи навбатии адиб ва донишманди варзида Рустам Ваҳҳобзода таҳти унвони «Шоҳнома – ормони миллӣ»  пешниҳоди хонандагони арҷманд гардонида мешавад.

«ШОҲНОМА – ОРМОНИ МИЛЛӢ» 

Дар як назари иҷмолӣ бар муқаддамоти эҷоди «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ бо сароҳат меълум мегардад, ки таълифи ин асари бузург, хусусан дар шакли манзум ҳамон замон табдил ба як ормони фарогири миллӣ гардида будааст. Ин орзуи бузург зоҳиран пас аз ду сада муқовиматҳои шадиди низомию сиёсии миллӣ, ки онро устод Абдулҳусайни Зарринкӯб “ду қарни сукут” номида ва ба лиҳозе дигарон ин ду қарнро ҳам сокит намедонанд, амалӣ гардидааст. Баъд аз фароҳам шудани «Шоҳнома»-и мансур ба дастур ва сармояи Абумансур Муҳаммад ибни Абдураззоқи Тусӣ ва ба дасти Абумансури Маъмарӣ – вазири ӯ бо истифода аз ривоятҳои ҳофизони «Шоҳнома» Мохи пири хуросонӣ аз Ҳарӣ, Яздондоди писари Шопур аз Сийистон, Шоҳуи Хуршед писари Баҳром аз Нишопур, Шодони писари Барзин аз Тус, ба назм оварда шудани 1000 байти «Шоҳнома» аз тарафи Дақиқӣ ва марги ӯ ин ормон ба вуҷуди Фирдавсӣ интиқол меёбад.

Бар вуҷуди «Шоҳномаҳо»-и дигаре ҳам мансуру манзум ба ҷуз аз «Шоҳнома»-и  Фирдавсӣ ишора шуда, вале аз онҳо чизе қобили эътино боқӣ намондааст. Он чи вуҷуди ин шоҳномаҳо илқо мекунад. боз ҳам ин аст, ки тадвини «Шоҳнома» ва сабти ҳунарии таърихи бостони Эрон ба ормони фарогири миллии мардуми эронинажод табдил гардидааст.

Таваҷҷуҳ ва мусоидати шахсиятҳое аз хонадонҳои баному нишони эронӣ дар анҷоми ин амри муҳим ва аз ҷумла нахустин мушаввиқ ва ҳомии Фирдавсӣ дар ин кори азим Абумансур ибни Муҳаммад (Ҷавон буду аз гавҳари паҳлавон, Хирадманду бедору равшанравон) ҳамчунин шоҳиди ҳамин воқеият аст.

Ин ки Фирдавсӣ ҳазор байти Дақиқиро вориди матни «Шоҳнома»-и хеш месозад, қабл аз ҳама, нишони пос доштани ҳамин ормони фарогири умумимиллӣ аст. Вазни «Шоҳнома»-и Дақиқӣ ва Фирдавсӣ ҳам яке аст. Аз тарафи дигар, чун шуруи ин кори Дақиқӣ ба фармуди Нуҳи Сомонӣ буд, ба ин восита кори Фирдавсӣ ба таври табиӣ ва мантиқӣ идомаи иҷрои ҳамин амри ормонӣ мегардад.

Дар баробари ин ҳама иродаи худи Фирдавсӣ дар нигориши «Шоҳнома» барҷаста зоҳир мегардад ва тасаввур кардан ҳам муҳол аст, ки агар ин ормони олӣ аз жарфои ҳастии худи Фирдавсӣ барнамехост, ӯ метавонист ба танҳоӣ ин рисолати бузургу пурифтихор, вале фавқулода душворро ба чунин камолу шоистагӣ анҷом бидиҳад? Фирдавсӣ нигарон аст, ки умраш ба ин кор мерасад ё не ва агар бубинад, ки муяссар нест, битавонад ин рисолатро ба каси дигар биспорад:

Бипурсидам аз ҳар касе бешумор,
Битарсидам аз гардиши рӯзгор.
Магар худ дирангам набошад басе,
Бибояд супурдан ба дигар касе.

Ин ҷо беихтиёр мазмуни номае аз устод Айнӣ ба Мирзо Турсунзода, ки дар бораи зарурати мубрами таълифи китоби “Арӯзи тоҷикӣ” навиштааст, ба ёд меояд, ки дар он чунин таъкид мекунад: “Бинобар ин, то ба вуҷуд овардани ин кор зинда мондани худро лозим медонам”.

Шояд ҳам илҳоми саршор аз анҷоми ин рисолати пурифтихор аст, ки то анҷоми он Фирдавсиро солиму барҳаёт медорад.

Фирдавсӣ барои анҷоми ин кори муҳим асаре меофаринад, ки на қабл аз он ва на баъд аз он назираш пайдо нест. Албатта, аз манбаъҳои мактуб дар таълифи ин шоҳасар истифода менамояд, аммо муҳтавои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба андешаи муҳаққиқон, комилтар ва оростатар аз ҳамаи ин манбаъҳо мебошад. Маълум аст, ки хеле аз бахшҳои «Шоҳнома»-ро Фирдавсӣ мустақиман аз забони ровиёни дигар ба назм овардааст ва ба назм овардани ин ахбору ривоёти парокандаро шарти ҳифзи бақои онҳо медонад. Бадеҳист. Чун ҳифзи назм ба ҳар мазмуне, аз ҷумла маҳдуд кардани хатари тасарруф низ нисбат ба наср имконпазиртар аст.

Яке нома буд аз гаҳи бостон,
Суханҳои он пурманиш ростон.
Фасона куҳан буду мансур буд,
Табоеъ зи пайванди ӯ дур буд.
Набурдӣ ба пайванди ӯ кас гумон,
Пурандеша гашт ин дили шодмон.

Ҷолиб аст, ки ҳам дар муқаддимаи «Шоҳнома»-и мансури Абумансурӣ ва ҳам дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ аз назм кардани Рӯдакӣ “Калила ва Димна”-ро чун собиқаи ин навъ корҳо ёд мешавад. Агар Фирдавсӣ онро дар равиши достони худ чун ҷузъе аз достон оварда бошад, пас дар муқаддимаи «Шоҳнома»-и Абумансурӣ ба таърихи баргардони ин асар аз ҳиндӣ ба паҳлавӣ ва аз паҳлавӣ ба арабӣ ба амри халифа Маъмун ва ба амри Наср аз насри арабӣ ба наср ва баъдан назми тоҷикӣ-форсӣ аз тарафи Рӯдакӣ ишора мешавад, ки ба эҳтимоли зиёд мушобиҳат ҷустан миёни ин корҳо ба хотири машруъият бахшидан ба тадвини «Шоҳнома» ҳам мебошад.

Дар ҳар ҳоле фазо ва шароити мусоиде вуҷуд дошт, ки Ҳаким Фирдавсӣ дар муддати беш аз сӣ сол пайваста ба иҷрои ин вазифаи бузург машғул бошад, ин китоби беназирро ба сурати комил ба итмом бирасонад. Иқболу истиқболе ҳам, ки давоми беш аз ҳазор соли баъдӣ ба «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ на танҳо дар Эрону Хуросону Варорудон, балки дар сартосари ҷаҳон даст дода, ба камтар асаре ҳунарӣ ё илмӣ даст додааст.

Фирдавсӣ дуруст ба гуфти худаш, Аҷами маънавиро, ормони ҳувият ва истиқлоли миллии ориёнро зиндаи ҷовидонӣ кард.

Назми «Шоҳнома» танҳо назми забони шеър нест, балки назми падидаҳову воқеаҳо, ройу андеша, назми донишу маърифат, назми таърих ва дар маҷмуъ, назми ҷаҳони ҳастии милали соҳиби «Шоҳнома» мебошад. Ин назму низом бон истеҳком ва сатҳи баланди фикрию ҳунарие эҷод гардидааст, ки амвоҷи ҳаводиси харобкори замон натавонистааст бар пояҳои устувори он осебе бирасонад.

Моҳиятан Ҳаким Фирдавсӣ ба воситаи «Шоҳнома» тавонист рахнаи муҳликеро, ки миёни фарҳангу тамаддуни бостонӣ эҷод гардида ва метавонист мисли як чолаи сиёҳи кайҳонӣ ҳамаи сармояҳои бузурги ҳазоронсоларо ба коми бенишонӣ фурӯ барад, ба воситаи «Шоҳнома» бо замони нав, тамаддуни наву навоин ба таври ҳакимона ва ба эъҷози ҳунар баҳам биёрад.  Ин ҷо фақат масъалаи забон нест, мавзуи паймона нест, балки мавзуи кулли тамаддуну фарҳангу андеша аст.

Барои анҷоми ин рисолат Ҳаким Фирдавсӣ меҳварҳои маънавии «Шоҳнома»-и худро аз мафҳумҳои мутаолие мавҷуд дар матни фарҳанги бостонӣ ва нав интихоб намуд, ки ҳаргиз дастхуши гузори замон, тағйири эътиқодоту ойинҳо, сиёсатҳо, низому сохторҳои иҷтимоӣ, ҳаракату ҷараёнҳои фикрӣ ва ғайра намешаванд. Ин меҳварҳои маънавӣ, аз ҷумла иборат аз имону хирад, дониш, адлу дод, башардӯстӣ, ҳиммату сахо, хештаншиносӣ ва меҳанпарастӣ, посу сипос, покиву порсоӣ, ҷавонмардӣ, шуҷоат, беозорӣ, бениёзӣ ва ғайра  буданд. Оё кадом ойин ё фарҳанги башарие вуҷуд дорад, ки бо ин арзишҳои ҷовидонӣ ситези ошкор дошта бошад?

Саъдиддини Варовинӣ, адиби тақрибан ҳамзамони Аҳмади Ғаззолӣ (бародари Муҳаммади Ғаззолии машҳур) дар китоби “Саъдинома” менависад:

“Гӯянд Аҳмади Ғаззолӣ баъд аз сӣ соли мавъиза бар минбар гуфт: “Баъди ин чил (сӣ) сол дарёфтам, ончиро ба шумо мехоҳам бигӯям дар ду байти Фирдасӣ хулоса шуда, ки ин аст:

Зи рӯзи гузар кардан андеша кун,
Парастидани додгар пеша кун.
Ба некӣ гарою маёзор кас,
Раҳи растагорӣ ҳамин асту бас”.

Июнь 1, 2025 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАҲРИСТОНИ ҲУЛБУК. Бозёфтҳои аз ин ёдгорӣ пайдогардида намунаи санъати олии ҳунармандӣ буда, нотакрор мебошанд
«КОРВОНИ КИТОБ». Ба китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои Бадахшон беш аз 6 ҳазор нусха китоб дастрас мегардад
АМИТ «Ховар» ва ҶСП «Ширкати байнидавлатии телевизион ва радиои «Мир»» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Дар Душанбе мубодилаи барномаҳои фарҳангӣ ва намоиши филмҳо байни Тоҷикистон ва Чин баргузор гардид
Дар мавзуи ташаккул ва рушди синошиносӣ дар Тоҷикистон конфронси илмӣ доир гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲИТИ ЗИСТ. Баҳодур Шерализода: «Ҷомеаи ҷаҳон Тоҷикистонро ҳамчун давлати ташаббускор дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо эътироф намудааст»
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия доир гардид
Тоҷикистон ба рушди устувори муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо давлатҳои иштирокдори ИДМ аҳамияти махсус медиҳад
Ду озмоишгоҳи Институти химияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо технологияи муосир муҷаҳҳаз карда шуд
Душанбе ба майдони муколамаҳои густардаи масоили ҷаҳонии экологӣ табдил ёфт
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия идома доранд
Ёдгориҳои ёфтшуда аз шаҳристони Ҳулбук арзиши баланди илмӣ дошта, дар байни таҳқиқоти солҳои охир беназир маҳсуб мешаванд