Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Роштқалъа

Июнь 26, 2025 15:15

26.06.2025, ноҳияи Роштқалъа

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Мулоқоти мову шумо – сокинони заҳматдӯсти ноҳияи Роштқалъа дар арафаи санаи муҳим – Рӯзи ваҳдати миллӣ дар фазои истиқлолу озодии давлатамон ва сулҳу суботи комили сарзамини аҷдодиамон баргузор мегардад.

Бинобар ин, кулли сокинони ноҳияи Роштқалъа ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро ба ифтихори ин ҷашн самимона табрик мегӯям.

Боиси хушнудист, ки дар баробари дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат сокинони заҳматқарини ноҳияи Роштқалъа низ дар раванди таъмини рушди устувори кишвар корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшида истодаанд.

Бовар дорам, ки дар натиҷаи заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаи мардуми ноҳия ин гӯшаи диёрамон дар ояндаи наздик боз ҳам ободу зебо ва шароити зиндагии ҳар як оила нисбат ба имрӯз хеле беҳтар мегардад.

Ҳукумати мамлакат ҷиҳати истифодаи имкониятҳои энергетикиву захираҳои табиии ноҳияи Роштқалъа ва бо дарназардошти нақши он дар рушди устувори минтақа, татбиқи як қатор нақшаву барномаҳо ва лоиҳаҳои сармоягузории давлатиро роҳандозӣ намудааст.

Имрӯз мо дар ноҳия як қатор иншооти муҳимми таъиноти иқтисодиву иҷтимоиро ифтитоҳ намудем.

Аз ҷумла неругоҳи барқи обии «Себзор» дар дарёи Шоҳдара бо иқтидори 11 мегаватт, ки бо маблағгузории Бонки олмонии рушд ва Иттиҳоди Аврупо дар ҳаҷми беш аз 700 миллион сомонӣ бунёд гардидааст, ба истифода дода шуд.

Амалӣ гардидани лоиҳаи мазкур иқтидори энергетикии вилоятро 25 фоиз афзоиш дода, маҳдудияти барқро дар соатҳои сарборӣ бартараф месозад ва устувории интиқоли неруи барқро ба аҳолӣ, корхонаҳои саноатӣ ва дигар муштариён пурра таъмин менамояд.

Боиси ифтихор аст, ки дар ҳудуди ноҳия боз як иншооти муҳим – неругоҳи барқи обӣ бунёд гардид, ки ба рушди соҳаҳои мухталифи вилоят ва таъсиси садҳо ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.

Имрӯз ҳамчунин, якчанд корхонаҳои истеҳсолӣ дар парки технологӣ, бинои беморхонаи бемориҳои сироятӣ дар маркази ноҳия, боғи фарҳангу фароғат дар деҳаи Анҷин ва муассисаҳои томактабӣ дар деҳаҳои дурдаст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Иншооти навбунёди зикршуда барои баланд бардоштани хизматрасонӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мардум мусоидат менамоянд.

Тибқи нақшаи корҳои бунёдкориву ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Роштқалъа бунёду азнавсозии 206 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ пешбинӣ гардида, то имрӯз корҳо дар 124 иншоот ба анҷом расонида шудаанд.

Кор дар иншооти боқимонда идома дорад ва зарур аст, ки дар муҳлати муқарраршуда, бо риояи меъёрҳои муосири меъморӣ ва бо сифати баланд ба анҷом расонида шавад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Роштқалъа ва таъмин намудани рушди он аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 2 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.

Дар ин давра аз буҷети давлат 545 миллион сомонӣ, аз ҷумла беш аз 320 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок барои пӯшонидани хароҷоти буҷети ноҳия ҷудо гардидааст.

Ҳамчунин, то имрӯз дар ноҳия барои сохтмону таъмир ва таҷҳизонидани муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ, таҷдиди роҳҳои мошингард, зиёд намудани иқтидорҳои истеҳсол ва интиқоли неруи барқ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ ва пешгирӣ кардани зарари офатҳои табиӣ татбиқи 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 60 миллион сомонӣ анҷом дода шудааст.

Ҳоло амалисозии боз 6 лоиҳаи дигар ба маблағи 724 миллион сомонӣ идома дорад.

Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Рошқалъа аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 1,3 миллиард сомониро ташкил дода, хаҷми маблағҳои ҳамасола ҷудогардида бамаротиб афзудааст.

Сармоягузорӣ ба ин мақсад танҳо дар соли 2024-ум 262 миллион сомониро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2000-ум 187 баробар зиёд мебошад.

Дар 15 соли охир аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент дар ноҳияи Роштқалъа 10 иншооти таъиноти иҷтимоиву маъмурӣ ба маблағи умумии беш аз 90 миллион сомонӣ сохта, ба истифода супорида шудааст.

Илова бар ин, сохтмони боз 4 иншооти дигар, аз ҷумла бинои баландошёнаи истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ, қасри фарҳанг, беморхонаи марказии ноҳия ва кӯдакистон дар маркази ноҳия ба маблағи умумии 227 миллион сомонӣ оғоз гардидааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби низоми бонкии кишвар ба соҳибкорону аҳолии ноҳия 173 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки беш аз 168 миллион сомонии он қарзҳои хурд мебошанд.

Вале дар панҷ моҳи аввали соли 2025 қарздиҳӣ ба соҳаи кишоварзӣ 72 ва ба соҳибкорон 12 фоиз, хусусан, ба соҳибкории истеҳсолӣ 35 фоиз коҳиш ёфтааст, ки нигаронкунанда мебошад.

Бинобар ин, зарур аст, ки аз ҷониби Бонки миллӣ, «Амонатбонк», «Саноатсодиротбонк» ва дигар ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати зиёд намудани дастрасии соҳибкорон, бахусус, дар бахшҳои истеҳсолӣ ва кишоварзӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Ҳозирини муҳтарам!

Ҳукумати мамлакат ба рушди ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони кишвар, аз ҷумла ноҳияи Роштқалъа диққати аввалиндараҷа медиҳад.

Яке аз роҳҳои таъмин намудани рушди чунин минтақаҳо таъсиси корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ба ҳисоб меравад, ки маҳсулоти худро ба бозори дохиливу хориҷӣ ба фурӯш мебароранд.

Бо ин мақсад, дар доираи амалишавии ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар сармоягузорону соҳибкорон барои ташкили корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ҳавасманд карда мешаванд.

Натиҷаи ҳамин раванд аст, ки танҳо дар як соли охир дар ноҳияи Роштқалъа 6 корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шудааст ва ҳоло шумораи умумии онҳо ба 10 расидааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия дар соли 2024 ба 5,3 миллион сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба соли 2000-ум 2,6 баробар зиёд мебошад.

Қобили зикр аст, ки имрӯз дар ноҳия боз 6 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла корхонаҳои коркарди меваи хушк, коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, банду басти маҳсулоти ғалладонагӣ, истеҳсоли маҳсулоти чопӣ ва масолеҳи сохтмон ба фаъолият оғоз кард.

Ин корхонаҳо барои бо шуғл фаро гирифтани садҳо нафар сокинони маҳаллӣ ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ мусоидат менамоянд.

Дар баробари ин, тибқи маълумоти оморӣ дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ дар ноҳия либоси мактабӣ истеҳсол нашудааст, ки ин ҳолат хеле ташвишовар мебошад.

Дар ноҳия захираву имкониятҳои истифоданашуда, хусусан, дар самти коркарди сангҳои ороишиву сохтмонӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин замина ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти гуногуни истеъмолӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ҳанӯз хеле зиёд мебошанд.

Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифадоранд, ки тавассути таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ҷиҳати истифодаи имкониятҳои мавҷуда барои рушди саноат чораҳои зарурӣ андешанд.

Бояд гуфт, ки шумораи бештари аҳолии қобили меҳнати ноҳияи Роштқалъа дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият мекунад ва қисми асосии даромади оилаҳо аз ҳисоби ин соҳа таъмин мегардад.

Тибқи маълумоти оморӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия сол ба сол афзоиш ёфта, аз 9,2 миллион сомонии соли 2000-ум ба 116 миллион сомонӣ дар соли 2024 расонида шудааст, ки 12,5 баробар зиёд мебошад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ истеҳсоли мева 96 баробар, картошка 4, шир 3, сабзавот 3, гӯшт ва ғалладона 2 баробар афзоиш ёфтааст.

Соҳаи чорводорӣ низ рушди устувор нишон додааст.

Аз ҷумла ҳоло саршумори қутос дар ноҳия ба беш аз 2 ҳазор сар расида, нисбат ба соли 1991-ум 3 баробар зиёд гардидааст.

Тавре дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоям, истифодаи оқилонаи обу замин ва дигар иқтидору имкониятҳои мавҷудаи соҳаи кишоварзӣ яке аз роҳҳои асосии таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар мебошад.

Бинобар ин, масъулинро зарур аст, ки ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ ба роҳ мондани кишти саривақтии зироатҳо, беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ ва парандапарварӣ тадбирҳои судманд андешанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Тайи 34 соли соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат соҳаи тандурустии ноҳияи Роштқалъа тадриҷан рушд намуда, ҳоло сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ хеле беҳтар гардидааст.

Маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ ба ин соҳа дар соли 2025-ум ба беш аз 10 миллион сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳазорҳо баробар зиёд мебошад.

Танҳо дар 6 соли охир бо дастгирии Ҳукумати мамлакат иншооти соҳаи тандурустии ноҳия ба маблағи беш аз 36 миллион сомонӣ бунёду таъмир гардидааст.

Имрӯз мо дар маркази ноҳия бинои беморхонаи бемориҳои сироятиро ба истифода додем.

Бинои мазкур яке аз қисматҳои сохтмони беморхонаи марказии ноҳия мебошад, ки аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент ба маблағи умумии 142 миллион сомонӣ соли гузашта оғоз гардид ва бунёди он идома дорад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ муассисаҳои тандурустии ноҳия ба маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ бо таҷҳизоти тиббӣ ва маводи доруворӣ таъмин карда шудаанд.

Дар ин давра 140 нафар ҷавонони ноҳия муассисаҳои таҳсилоти олии тиббиро хатм карда, соҳиби ихтисоси табиб гардидаанд.

Ҳоло боз 51 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ, аз ҷумла 46 нафарашон тибқи квотаи президентӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Бо вуҷуди ин, дар ноҳия ҳамагӣ 16 нафар табиб фаъолият дошта, 14 воҳиди кории табиб холӣ боқӣ мондааст, ки ин хеле ташвишовар мебошад.

Имсол 14 нафар донишҷӯён аз ноҳияи Роштқалъа муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии кишварро бо ихтисоси табиб хатм мекунанд, ки ҷойҳои кории холии табибон аз ҳисоби онҳо бояд пур карда шавад.

Умуман, аз ноҳияи Роштқалъа дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳоло 860 нафар ҷавонон, аз ҷумла 105 нафар бо квотаи президентӣ таҳсил карда истодаанд.

Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати пурра кардани воҳидҳои холии табибон ва мутахассисони миёна, такмили инфрасохтори тиббӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, беҳтар намудани вазъи санитариву эпидемиологӣ, аз ҷумла таъминот бо оби тоза ва тавсеаи хизматрасониҳои иҷтимоӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дар ноҳияи Роштқалъа дар давраи соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф низ тадриҷан рушд карда, дар ин давра 13 бинои нави муассисаҳои таълимӣ барои 1700 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.

Инчунин, бинои шуъбаи маорифи ноҳия бунёд ва ба истифода дода шуд.

Соли гузашта аз ҷониби Дирексияи иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент муассисаи таълимии замонавӣ барои 640 хонанда бунёд гардид.

Имрӯз ду муассисаи томактабӣ дар деҳаҳои дурдасти ноҳия ба фаъолият оғоз намуд.

Соли ҷорӣ бунёди боз як бинои муассисаи таълимӣ барои 144 ҷойи нишаст оғоз гардидааст, ки то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешавад.

Бо вуҷуди дастовардҳои соҳаи маориф, масъалаи ҳозиршавии мутахассисони ҷавон ба ҷойи кор дар ноҳия нигаронкунанда боқӣ мондааст.

Зеро аз 30 нафар омӯзгорони ҷавон, ки тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илм фиристода шудаанд, танҳо 14 нафар ё 47 фоиз ба ҷойи кор ҳозир шудаанд.

Инчунин, дар ноҳия 6 муассисаи таълимӣ таъмирталаб буда, 11 муассисаи таълимӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.

Фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар ноҳия ҳамагӣ 31 фоизро ташкил медиҳад, ки андешидани тадбирҳои иловагиро тақозо менамояд.

 

Вобаста ба мушкилиҳои зикршуда, супориш дода мешавад, ки Вазорати маориф ва илм якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ноҳия ва сохторҳои дахлдор ҷиҳати зиёд намудани фарогирии кӯдакони синни томактабӣ ба таҳсил, ҷалби омӯзгорони ҷавон ва ҳалли масъалаи муассисаҳои таълимии таъмирталабу садамавӣ тадбирҳои муассир андешанд.

Мову шумо вазифадорем, ки барои фарзандони худ беҳтарин шароити таълиму тарбияро муҳайё кунем, то онҳо бесавод намонанд, соҳиби илму дониш ва касбу ҳунарҳои замонавӣ гарданд.

Фаромӯш набояд кард, ки наврасону ҷавонони имрӯза соҳибону созандагони фардои Ватан ва давлат мебошанд.

Ҳамчунин, мехоҳам таъкид намоям, ки сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии афроди ҷомеа аз арзишҳои муҳимми давлатдории мо буда, пойдории онҳо кафолати пешрафти устувор ва ояндаи дурахшони Ватани азизамон маҳсуб меёбад.

Маҳз ба шарофати ваҳдат ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ соҳиби обрӯ ва мақоми сазовор гардида, ба сӯйи рушду тараққиёт ва ояндаи обод бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Итминони комил дорам, ки мардуми ватандӯсти ноҳияи Роштқалъа барои боз ҳам ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ ва таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоли хеш саъю талоши бештар хоҳанд кард.

Дар охир кулли сокинони ноҳия ва ҳамаи шумо – ҳозирини муҳтарамро ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини ноҳия саломатӣ, сулҳу оромӣ ва иқболи нек орзу менамоям.

Доимо тансиҳату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!

Июнь 26, 2025 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хоруғ ташриф оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Роштқалъа мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа боғи фарҳангию фароғатиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа бо ятимон ва нафарони дорои имконияти маҳдуд суҳбати самимӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа бинои Беморхонаи сироятиро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои Роштқалъа, Ишкошим ва Шуғнон як қатор иншоотро ифтитоҳ намуданд ва барои бунёди чанд муассисаи таълимӣ санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа Неругоҳи барқи обии «Себзор»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа Парки технологиро мавриди истифода қарор доданд
Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа оғоз гардид
Cуханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Рӯшон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Рӯшон мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияҳои Рӯшон ва Мурғоб оғоз бахшиданд