ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 июн, панҷшанбе, 170-умин рӯзи соли 2025 аст

Июнь 19, 2025 08:00

Дар ин рӯзи соли 1962 аввалин Анҷумани зиёиёни Тоҷикистон баргузор гардидааст.

***

23 сол пеш, 19 июни соли 2002 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 5-уми Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба иқтисодиёти Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2010 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таҳкими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расид.

***

12  сол қабл, 19 июни соли 2013 дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд бинои хизматрасонии «ТОҶ СИТӢ» ифтитоҳ гардид.

***

Соли 2013  вакилони Маҷлиси намояндагон лоиҳаи «Низоми худкори идоракунии нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе — «Шаҳри бехатар»-ро баррасӣ намуданд. Мавриди ёдоварист, ки ин санад зимни сафари расмии Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Чин дар моҳи майи соли 2013 ба имзо расидааст.

***

19 июни соли 2014 дар шаҳри Душанбе вохӯрии панҷуми роҳбарони мақомоти салоҳиятдори мамлакатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба масъалаҳои гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баргузор шуд.

***

19  июни соли  2014  дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Шурои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай ва Форуми ҷавонон таҳти унвони «Ташаббусҳои ихтиёриён» оғоз гардид. Дар он доираи васеи меҳмонон аз Қирғизистон, Қазоқистон, Чин, Русия ва дигар мамлакатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай  иштирок намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар мулоқоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати Шурои директорони Бонки осиёии рушд ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории молиявии Тоҷикистон ва ин бонк мавриди баррасӣ қарор гирифта, иброз гардид, ки давоми 20 соли охир аз ҷониби бонки мазкур соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 1,5 миллиард доллари амрикоӣ маблағгузорӣ шуда, Бонки осиёии рушд ба калонтарин шарики рушди мамлакат табдил ёфтааст.

***

5 сол қабл, 19 июни  соли 2018 дар Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати «Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи тамоку» маросими супоридани «Медали Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ» ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ Марат Ҳуснуллинро ба ҳузур пазируфтанд.

***

19 июн соли 2024 дар пойтахти мамлакат таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  даъвати шашум баргузор гардид.

19 ИЮН:

Рӯзи ҷаҳонии футболи кӯдакона.

***

Рӯзи байналмилалии пиёдагардӣ.

Июнь 19, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
«КИТОБХОНА — КОХИ МАЪРИФАТ». Дар шаҳри Кӯлоб ҳамоиши дӯстдорони китоб доир шуд
Дар шаҳри Панҷакент пойгоҳҳои обкашӣ барқарор карда мешаванд
Доир ба нақши забони давлатӣ дар таҳкими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Рӯзи забони давлатӣ дар Суди Олии иқтисодӣ ботантана таҷлил карда шуд
Кишоварзони шаҳри Конибодом беш аз 12 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳо ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба рӯзи таъсиси «Телевизиони Тоҷикистон» ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Дар милитсияи пойтахт Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи касбии кормандони оперативиро таҷлил намуданд
«ПАРЧАМБАРДОРОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таҳти чунин унвон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Оид ба рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ дар хизмати идоракунии давлатӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд