ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Аз 12 июн то 4 август кӯдакону наврасони пойтахт ба истироҳатгоҳҳои тобистона фаро гирифта мешаванд
ДУШАНБЕ, 09.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 12 июн то 4 август зиёда аз 10 ҳазор нафар кӯдакону наврасони пойтахт ба истироҳатгоҳҳои тобистона фаро гирифта мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Бо мақсади босамар гузаронидани таътили тобистона барои кӯдакону наврасони пойтахт 50 истироҳатгоҳи тобистона ташкил карда мешавад. Аз ҷумла, дар 46 майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимии пойтахт, 1 истироҳатгоҳ дар Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе, 1 истироҳатгоҳ дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, инчунин дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва «Зимчуруд«-и ноҳияи Шоҳмансур кӯдакону наврасон истироҳат мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, дар истироҳатгоҳҳои берунишаҳрӣ ва майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимии шаҳр кадрҳои роҳбарикунанда, мураббия, омӯзгор ва роҳбарони бадеию варзишӣ таъмин шуда, дар онҳо чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва фарҳангӣ, ки дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти кӯдакону наврасон мусоидат менамоянд, ташкил карда мешаванд.
Сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки дар истироҳатгоҳҳои берунишаҳрӣ ва майдончаҳои солимгардонии назди муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе гурӯҳҳои истироҳатӣ-омӯзишии фанҳои дақиқ ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ барои хонандагони болаёқат ташкил мешаванд.
«Тибқи қарори мазкур, дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии «Зимчурӯд» ва «Шарора» 2298 нафар кӯдакону наврасон, дар майдончаҳои истироҳатию солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ 7760 нафар кӯдакону наврасон ба истроҳати тобистона фаро гирифта мешаванд», — гуфт Асомиддин Бобозода.
Ба иттилои номбурда, истироҳати кӯдакону наврасон ба чор баст ҷудо гардида, давомнокии он 10 рӯзи ройгонро ташкил медиҳад. Мақсад аз он ҷалби кӯдакону наврасон ба сайёҳиву солимгардонӣ ва тарбияи ватандӯстиву завқи зебоипарастӣ мебошад.
Ҳамсуҳбати мо иброз дошт, ки «давоми соли хониш кӯдакону наврасон бесаброна таътили тобистонаро мунтазир мешаванд ва ҳар падару модар пешакӣ бояд босамар ва шавқовар гузаронидани ин давраро барои фарзандон тарҳрезӣ намояд. Онҳо нагузоранд, ки хонандагон вақти худро давоми се моҳ дар пеши телевизор ва ё бо телефонҳои мобилӣ гузаронанд. Дар ин синн бачаҳо бояд истироҳати муфид намоянд».
“Дар давраи таътил кӯдаку наврасон бояд реҷаи муайян ва барномарезишуда дошта бошанд, зеро онҳо тамоми сол ба реҷаи қатъии рӯз одат кардаанд. Агар кӯдак давоми таътил вақти холиро барномарезӣ накунад, аз моҳи сентябр дубора ба мактаб одат карданаш душвор мешавад. Ҳамчунин бачаҳо як муддат аз волидайн бояд дур бошанд, то мустақил буданро омӯзанд”,-афзуд ҳамсуҳбати мо.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд






