ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ ОРЗУҲОИ ҶАВОНӢ. Дар Душанбе моҳвораи ҷавонон ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 04.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии «Аҳорун» бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе моҳвораи ҷавонон ҷамъбаст гардида, ғолибони мусобиқаву озмунҳое, ки дар доираи он баргузор гардида буд, қадрдонӣ карда шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.
Пеш аз оғози чорабинӣ ҳайати иштирокчиёни маросими фарҳангӣ бо намоиши дастовардҳои соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиши пойтахт шинос шуданд.
Иброз гардид, ки баргузории силсила чорабиниҳо барои ҳавасмандсозию дастгирии ҷавонон дар доираи моҳвораи ҷавонӣ дар тамоми қаламрави мамлакат гувоҳи равшани таваҷҷуҳи хоси давлату Ҳукумати мамлакат ба ҷавонон аст.
Дар идома ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол», ки дар интиҳои моҳвораи ҷавонон натиҷагирӣ гардид, дар фазои тантанавӣ диплом, маблағҳои пули ва ба чанде аз фаъолони соҳа, инчунин ба якчанд сохторҳое, ки дар татбиқи сиёсати давлати ҷавонон саҳмгузоранд, туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Ҳамзамон бахшида ба моҳвораи ҷавонон аз ҷониби як қатор сохторҳо чанде аз кормандони соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо «Ифтихорнома», медалҳои сари синагӣ ва ҷоизаҳои соҳавию давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»






