То соли 2028 ба ҳама шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон хотима дода мешавад

ДУШАНБЕ, 12.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 июн Рӯзи ҷаҳонии мубориза барои аз байн бурдани меҳнати кӯдакон эълон шудааст. Тибқи меъёрҳои давлатӣ ва байналмилалӣ, шахсони то синни 18-сола ноболиғ ҳисобида мешаванд ва кӯдак ин шахсе мебошад, ки ҳуқуқи аз болои худ нигоҳубин кардан, кумак расонидан аз ҷониби давлат ва ҷомеаро талаб мекунад. Хабарнигори АМИТ «Ховар» доир ба ин мавзӯъ бо мудири шуъбаи ҳифзи меҳнат, сарнозири Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикист Акобир Қурбонов суҳбат намуд.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, сохтори Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз 17 кумитаҳои соҳавӣ ва 3 шуроҳои вилоятӣ иборат буда, дар ин самт 44 нозири меҳнат фаъолият мебаранд.
Самти фаъолияти нозирони меҳнат ин бехатарии шароити кор, қонунгузорӣ нисбат ба муносибатҳои меҳнатӣ ва мубориза бар зидди меҳнати кӯдакон ба шумор меравад.
«Тоҷикистон дорои нуфузи аҳолии ҷавон ва ояндадор буда, мавқеи худро нисбат ба ҳуқуқи кӯдак муайян кардааст. Ҳукумати ҷумҳурӣ як қатор ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва санадҳҳои меъёрии ҳуқуқиро ба тавсиб расонида, тибқи он ҷиҳати барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ тадбирҳои амалӣ меандешад»,- афзуд Акобир Қурбонов.
Мубориза барои аз байн бурдани меҳнати кӯдакон аз Конститутсия сарчашма мегирад
Бояд гуфт, ки таваҷҷуҳ ба масъалаи мазкур аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид «Дар бораи ҳуқуқи кӯдак» (1989), Конвенсияи Созмони байналмилалии меҳнат «Оид ба ҳадди ақали синну сол барои ба кор қабул кардан» ва «Оид ба манъ кардан ва аз байн бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак» (2005) ва Тавсияномаи Созмони байналмилалии меҳнат «Оид ба манъ намудан ва андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати ноболиғон» сарчашма мегирад.
Акобир Қурбонов тазаккур дод, ки мубориза бо меҳнати кӯдакон масъалаи рушд буда, мутобиқи қонунгузории ҷорӣ яке аз вазифаҳои асосии давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, барои таҳкими минбаъдаи заминаҳои меъёрии ҳуқуқии ин самт пайваста чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
«Рушди иқтисодиёти мамлакат, баландшавии сатҳи некӯаҳволии мардум имкон медиҳанд, ки дар барҳам додани меҳнати кӯдак мақомоти иҷроияи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони иҷтимоӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилоти байналмилалӣ ба пешравиҳо ноил гардем. Баҳри дар амал таъмин намудани ҳуқуқи кӯдак, аз ҷумла барҳам додани меҳнати кӯдак дар пеш корҳои зиёдеро бояд анҷом дод. Чунки давлатҳои аъзои Созмони байналмилалии меҳнат, ки Тоҷикистон низ аъзои он аст, мақсад гузоштааст, ки то соли 2028 шаклҳои бадтариини меҳнати кӯдаконро барҳам диҳанд»,-мегӯяд ӯ.
Хотиррасон менамоем, ки дар робита ба ин масъала Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯйхати корҳои шароиташон номусоид ва зараровар, ки истифодаи меҳнати шахсони аз 18 — сола хурд иҷозат дода намешавад ва ҳадди меъёрҳои борро дастӣ бардоштан ва кашонидани онҳо» дар асоси моддаи 177-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, 4 марти соли 2014 қабул гардидааст.
Дар қарори мазкур меъёре пешбинӣ гардидааст, ки шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон, корҳои шароиташон номусоид ва хатарнок, ҳадди меъёри борро дастӣ бардоштан ва кашонидани онҳо ба танзим дароварда мешавад. Ҳамзамон бояд ёдрас шуд, ки моддаҳои 35-и Конститутсия ва 177-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои вазнин ва шароиташон зарарноку хатарнок ҷалб намудани кӯдаконро манъ менамоянд.
Дарознокии рӯзи корӣ на бештар аз 4 соат бояд бошад
Ба гуфтаи коршиносон, шумораи зиёди кӯдаконе, ки дар муносибатҳои меҳнатии ба корҳои шароиашон номусоид ва зарраровар ҷалб мегарданд, аз оилаҳое мебошанд, ки таҳти хавфи иҷтимоӣ қарор доранд, аз ҷумла оилаҳои калон, оилаҳои аъзои маъюбдошта, оилаҳои нопурра (маҳрум будан аз падар ё модар), ки кӯдакони ноболиғ доранд, оилаҳои бекор, шахсони ноболиғе, ки бо сабаби вафоти волидон ё сабаби дигар сарвари хонадон шудаанд, фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар парастории хешовандони дуру наздик қарор доранд.
Акобир Қурбонов иброз медорад, ки дарознокии рӯзи корӣ то 4 соат барои кӯдакон пешбинӣ гардидааст, ки он ҳам бо розигии волидайни кӯдак ва хулосаи ташхисии тиббӣ оид ба саломатии кӯдак ба роҳ монда мешавад. Кӯдаконро танҳо бо корҳои сабук ҷалб намудан мумкин аст. Ин кор набояд ба таҳсил ва саломатии кӯдак монеа эҷод намояд.
Тибқи «Рӯйхати корҳои шароиташон номусоид ва зараровар, ки истифодаи меҳнати ашхоси аз 18-сола хурд иҷозат дода намешавад ва ҳадди меъёрҳо ҳангоми дастӣ бардоштан ва кашонидани борҳо» меъёре пешбинӣ гардидааст, ки шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон, корҳои шароиташон номусоид ва хатарнок, ҳадди меъёри борро дастӣ бардоштан ва кашонидани онҳо ба танзим дароварда мешавад.
Рӯйхат меъёреро пешбинӣ менамояд, ки ба муносибатҳои меҳнатии ғайрирасмӣ ҷалб намудани кӯдакони ноболиғро аз байн бурда, ҳуқуқҳои онҳоро дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳифз менамояд.
«Қабули қарори мазкур имкон фароҳам овард, ки дар мавриди ба кор ҷалб намудани кӯдакон, онҳо дар сатҳи қобили қабули ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, тавассути таъсис додани шароити мусоиди корӣ, бархӯрдор гардидан аз кафолату имтиёзҳои иловагии давлатӣ истифода баранд. Мутобиқи қонунгузории ҷорӣ, фароҳам сохтани шароити мусоид барои амалӣ гардидани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, аз ҷумла ҳифзи меҳнати кӯдакон, яке аз вазифаҳои асосии давлат маҳсуб дониста шуда, барои таҳкими минбаъдаи заминаҳои меъёрии ҳуқуқии бехатарӣ, ҳифзи саломатӣ ва қобилияти кории инсон дар ҷараёни меҳнат мусоидат хоҳад кард»,-гуфт ҳамсуҳбати мо.
Бо татбиқ гардидани Рӯйхати номбурда, корҳое ки бо хусусияти худ ё шароити хоси худ метавонанд ба саломатӣ, бехатарии ашхоси ноболиғ зарар расонанд, ба монанди корҳои зеризаминӣ, зериобӣ, дар баландии хатарнок, мошинаҳои ҳаракаткунанда, таҷҳизоту асбобҳо ва ё бо даст бардоштан ё худ аз ҷое ба ҷои дигар кашонидани борҳои вазнин, таъсири чизҳои хатарнок дар ҷараёни кор, ҳарорат, ғавғову лаппиш, шиддатнокӣ ва дигар корҳои зараровар минбаъд пешгирӣ карда мешаванд. Инчунин, ба волидайн ва парасторон иҷозат дода намешавад, ки фарзандони худро ба корҳои хавфноку вазнини ба саломатӣ зараровар ва дигар корҳое, ки ба инкишофи мӯътадили ҷисмонӣ ва равонии онҳо халал мерасонанд, ҷалб намоянд.
Федератсияи иттифоқҳои касаба нақша дорад 5 ҳазор кӯдакро ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ равон намояд
Бояд иброз намуд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба тасвибрасида дар ин самт ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ буда, ба манфиати ҷавонон, ки ояндаи миллатанд равона карда шудааст.
Барои амалишавии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва роҳ надодан ба ҷалби кӯдакон ба шаклҳои бадтарини меҳнат, таъмини бехатарӣ, ҳифзи саломатӣ ва қобилияти кории насли наврас дар ҷараёни ҳаёт ҳамаҷониба мусоидат менамоянд. Бояд ба ҳар як шаҳрванд, корфармо, корманд ва падару модар муҳтавои ин ҳуҷҷатҳои зарур расонида шавад.
Ба иттилои Акобир Қурбонов, ҳоло дар назди шуъбаи ҳифзи меҳнати Федератсия зершуъба оид ба меҳнати кӯдакон таъсис дода шудааст. Мутобиқи нақшаи кории зершуъба омӯзиш-тренингҳо бо нозирони меҳнат ва фаъолони иттифоқи касаба дар ин мавзуъ гузаронида шудаанд.
«Зершуъба чун марказ оид ба масоили кӯдакон барои иттифоқҳои касаба фаъолият мебарад ва чораву тадбирҳои иттифоқҳои касабаро оид ба барҳам додани меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон ҳамоҳанг месозад. Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон якҷоя бо ташкилоти ҳамузв ҳифзи иҷтимоӣ, дастрасӣ ба ҳифз, саломатӣ ва истироҳат дар муассисаҳои истироҳатию солимгардонӣ дар давраи таътили тобистонро омилҳои муҳими пешгирӣ ва барҳам додани меҳнати кӯдакон медонад»,-чунин изҳор медорад ӯ.
Шумораи кӯдакону наврасоне, ки дар соли 2024 аз ҳисоби маблағҳои Агентии суғураи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷудошуда 4448 нафар дар 28 лагерҳои беруназшаҳрӣ ба истироҳату солимгардонӣ фаро гирифта шуданд. Аз ҷумла, кӯдакон ятиму бепарастор, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, кӯдакони болаёқат, кӯдакон аз мактаб интернатҳо мебошанд. Ҳамзамон дар мавсими фарогирии кӯдакон ба истироҳату солимгардонии таътили тобистони соли 2025 дар нақша аст, ки 5 ҳазор нафар кӯдакон дар 27 истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ба истироҳат фаро гирифта шаванд.
Мутобиқи қонунгузории ҷорӣ, фароҳам сохтани шароити мусоид барои амалӣ гардидани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, аз ҷумла ҳифзи меҳнати кӯдакон, яке аз вазифаҳои асосии давлат маҳсуб дониста шуда, барои таҳкими минбаъдаи заминаҳои меъёрии ҳуқуқии бехатарӣ, ҳифзи саломатӣ ва қобилияти кории инсон дар ҷараёни меҳнат мусоидат хоҳад кард.
Тавре ҳамсуҳбати мо иброз медорад аз лаҳзаи корбарӣ дар ин самт метавон гуфт, ки солҳои қабл шумораи зиёди кӯдакон дар бозорҳо кор мекардан, мошин мешустанд, ба савдои кӯчагӣ машғул буданд. Ин тамоюл имрӯзҳо хеле кам шудааст. Ин мушкилӣ то 70-80 фоиз ҳалли худро ёфта, то соли 2028 дар назар аст , ки пурра бартараф гардад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз