Ваҳдати миллӣ — кафили сулҳу суботи Тоҷикистон

Июнь 26, 2025 19:40

ДУШАНБЕ, 26.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ваҳдат, сулҳ ва ягонагӣ-мафҳумҳое, мебошанд, ки барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ азизу муқаддас маҳсуб ёфта, монанд ба идҳои суннатии халқамон аст. Маънии ин калимаро поягузори сулҳи тоҷикон, Пешвои миллат-Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле гӯшнавозу хуб шарҳ додаанд, ки: «Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи оддӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти мамлакатамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷаъмию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст».

Сарвари давлатамон хеле дуруст иброз намудаанд, ки ваҳдати миллӣ омили рушди босуботи мамлакат, кафили иқболу саодати халқу ҷамъият ба ҳисоб меравад. Ин мафҳуми муқаддас миёни мафҳумҳои барои мо пурарзиш, чун сулҳу амният, маърифату фарҳанг, ватандориву ватандӯстӣ, андешаву шуур ва ҳуввияти миллӣ ҷойи махсусро дорост. Зеро ваҳдат сароғози ҳамаи комёбиҳо, созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва некӯаҳволии ҷомеаи навин, ҳамчунин, худогоҳиву худшиносӣ баҳри ҳамаи миллати соҳибмаърифати мо ба ҳисоб меравад.

Дар воқеъ, ифтихор ва худшиносии миллӣ пойдевори мамлакат ва бақои миллат, омили рушду нумӯи он мегардад. Миллате, ки худогоҳ аст, миллате, ки ифтихору ғурури миллӣ дорад, миллате, ки «деҳқонаш барои дигарон кишт намекунад», рушди ҷовидона меёбад. Шоирони ваҳдатсаро Рӯдакию Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Низомиву Ҷомӣ, Лоиқу Бозор ва садҳо дигар, ки осорашон саросар ватандӯстонаву омӯзандаву ибратбахшу ҷовидонаанд, андешаҳои бойи таърихӣ доранд, ба мо дастур медиҳанд, ки худшинос бошем, худогоҳ бошем, донем ки кистем ва аз куҷоем.

Халқи азизамон хеле хуб арзёбӣ мекунад, ки «Давлат ҳама зи- тифоқ хезад…», ки ин дурдонаи маънии халқамон тайи чандин қарнҳо аз насл ба насл ба мерос гузаштааст ва ифшогари афкори халқи қадимаи мост. Ҳамин аст, ки бузургтарин дастоварди таърихии халқи мо дар садсолаи сипаригардида, ки тавассути тифоқӣ насибамон гардид, ин истиқрори сулҳи комилу тақдирсоз дар Тоҷикистони азизу соҳибистиқлол мебошад. Ҳамин Ваҳдату оштии миллӣ буд, ки давлати тозаистиқлоли моро аз вартаи фаноӣ наҷот дод. Маҳз Ваҳдати миллӣ ба сифати як шакли зуҳури андешаҳои миллӣ дар пойдории халқу мамлакати мо нақши калон бозид. Маҳз, ана ҳамин андешаҳои миллӣ, миллати моро аз имтиҳони таърих сарбаландона раҳоӣ бахшида, ба соҳили умеду орзуҳо сарбаландона расонид. Бояд хотирнишон кард, ки ақлу заковати азалӣ, ваҳдатпарастиву бахшиданҳо ва ниҳоят ба дарки асосии воқеъият расидан моро аз вартаи ҷудоӣ раҳо намуд ва сӯи ояндаи дурахшон раҳнамун сохт ва дар мамлакати мо Ваҳдату ҳамдилиро пойдор гардонд.

Имзои созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ ба раванди музокироти сулҳи тоҷикон, ки аз 5 апрели соли 1994 шуруъ шуда буд, анҷоми нек бахшид. Яке аз ҷанбаҳои муҳими ин Созишнома аҳамияти ҳуқуқӣ доштани Ваҳдати миллист, ки он барои риоя ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ҳар фарди мамлакати мо нақши тақдирсозро дорад. Ҳамин аст, ки омади сулҳу пойдории ваҳдат дар Тоҷикистони мо ба пойдории амният дар минтақа, ба нестӣ расидани таҳдиду харобкориҳо заминаи лозимаро гузошт.

Бо ибтикори Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-июн ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид. Ҳамин аст, ки Сарвари давлати мо аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ баҳри ба даст овардани сулҳ хизматҳои зиёде кардаву сулҳофарӣ чун сифати асосияшон аст. Ҳамин тавр сулҳи тоҷикон бо дарёфти ҳадафи аслии таърихи миллат, яъне ваҳдати миллӣ расид. Ва дар ниҳоят Сулҳ, Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии тоҷикон мафҳумҳои азиз барои ҳар фарди Тоҷикистон гардид.

Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот барои мо воситаи тақдирсозе гардид, ки пеш аз ҳама барои таҳкими рукнҳои давлату давлатдорӣ, ҳифзи тамомияти арзии давлат, ҳамчунин, ҳамрайъии тоҷикистониён шароити фарох фароҳам оварад. Ҳамин буд, ки Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот ба баланд бардоштани ифтихори ватандориву бедории шуури миллӣ моро насиб гардид.

Пас аз 28 соли имзои ин ҳуҷҷати тақдирсоз барои давлати мо, халқи барӯманди тоҷик ва ҳамаи шаҳрвандони ин сарзамини бостонӣ аз меваҳои шаҳдбори сулҳу оштӣ чашида ва нерӯи тавонбахши Ваҳдати миллиро дар ҷисму ҷони худ эҳсос кардаву тавассути дӯстӣ, тифоқӣ, сарҷаъмию якдигарфаҳмӣ рӯзгори худро ба сӯи шукуфоӣ ободиву бунёдкорӣ расонида, ба пешрафту дастовардҳои мамлакат мусоидат намуданд. Аз ин хотир, Ваҳдат ва Сулҳ барои ҳар фарди Тоҷикистон монанд ба мисли калимаҳои Модар, Ватан азизу муқаддас гардидааст.

Имрӯз, чун дар остонаи 28-умин солгарди таҷлили рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем, назди худ суол хоҳем кард, ки ин санаи тақдирсоз барои миллати мо чӣ дод? Табиист, ки ҷавоби ин суол бояд аз ҷониби ҳар шаҳрванди мо чунин бошад, ки Ваҳдат барои Тоҷикистониён:

— ягонагию якпорчагӣ, якдилию ҳамраъйӣ, иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ, ташаккули шуури миллӣ;

— ифтихори миллӣ, ҳуввият ва арзишҳои миллӣ, осоиши минтақа ва давлат;

— баланд бардоштани нуфузи мамлакат дар сатҳи ҷаҳонӣ;

— бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси равандҳои демократӣ;

— ба даст овардани итминони ҷомеаи байналмилалӣ бо суботи ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди мамлакат;

— таъмини пешрафти созандагӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт, кафолати зиндагии шоиставу шарафмандона ба ҳар сокини ҷумҳурӣ ва ғайраҳо мебошад.

Аз ин хотир, фурсате моро даст додаст, ки барои Ваҳдату пешрафти давлат сарҷамъона дасти ҳам бигирему пайи ободии он бикӯшем.

Файзулло Наҷмиддиниён,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 26, 2025 19:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ХУТТАЛИ ҚАДИМ. Пазируфта шудани он ба рӯйхати Мероси ҷаҳонӣ далели нақши муҳими ин маконҳо дар таърихи минтақа аст
Иншооти аср — Неругоҳи барқи обии «Роғун» таҳти роҳнамоии Президенти Тоҷикистон бунёд мегардад
ЗИҲӢ САРВАР, ЯТИМОНРО ПУШТИБОНУ ЁВАР!!!
Лӯбиёро то 10 сол нигоҳ доштан мумкин аст
Пиёзро кай ва чӣ тавр барои зимистон захира намоем?
Кадом маҳсулоти хӯрокаро беш аз як сол метавон захира кард?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Қаланфури тундро бештар барои иштиҳо истеъмол менамоянд
Рӯзи байналмилалии мубориза ба муқобили тӯфонҳои рег ва чанг. Чӣ боис мешавад, ки чангу ғубор ба амал меояд?
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
НАЗАРИ КОРШИНОС. Дар муқоиса ба соли 1991 истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон 4,7 баробар зиёд гардидааст
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст