ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ЗЕРБИНОИ РУШДУ ОСОИШТАГӢ. Бо кӯшишҳои хастагинопазири Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ ва кишвар обод гардид

Июнь 27, 2025 09:21

ДУШАНБЕ, 27.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки ҳар сол 27 июн дар кишвари соҳибистиқлоли мо бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил таҷлил мегардад, барои шаҳрвандони Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳимму таърихсозу тақдирсоз  ба шумор меравад.

Таърих гувоҳ аст, ки Сарвари фарзонаи мо бо нахустин паём  дар мақоми раҳбари давлати навини тоҷикон бо шиори “ман ба Шумо сулҳ меоварам” миллати маҳзуну ҷангзадаро ба зиндагии осоишта ҳидоят карданд ва бо корномаи ибратомӯз  фарҳанги воло ва  оини сулҳофаринии ниёконамонро ба рукни устувор ва унсури бақои миллат табдил доданд.

Бо кӯшишҳои хастагинопазири Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ гардид, кишвар обод шуду пеш рафт. Барои бунёди рӯзгори ободу осудаи ҷомеа заминаи воқеӣ гузошта шуд. Сулҳу ваҳдати тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умедро ба ояндаи нек, хушбахтӣ, саодат, некномӣ ва ваҳдати ногусастанӣ зинда намуд.

Дар ин раванд кишвари маҳбубамон бо роҳандозии сиёсати “дарҳои боз” робитаҳои дипломатиро бо аксари кишварҳои ҷаҳон барқарор намуд.

Мусаллам аст, ки ҳамеша вақте сухан аз сиёсати хориҷии Тоҷикистон меравад, Пешвои миллат  фарҳанги сулҳофаринӣ — ин рукни бузурги ойини давлатдории миллиро “дарҳои боз” унвон намуда, таъкид медоранд, ки “мо ҳамеша дар муносибат ба кишварҳои олам аз рӯйи меъёри дӯстиву рафоқат муносибат мекунем”.  Ба ин маънӣ, “сиёсати дарҳои боз” сиёсати хориҷие аст, ки ба сулҳ, дӯстӣ, рафоқат, муруввату мадоро такя мекунад.

Пешвои муаззами миллат раванди таъмини суботро тақвият бахшида, борҳо дар ҷаласаву нишастҳои бонуфузи байналмилалӣ ташаббусҳои беназирро дар роҳи эҷоди раванди сулҳ дар минтақа ва ҷаҳон таъкид  намудаанд. Дар канори ин, ҳамакнун тамоми ҷомеаи башарӣ шоҳиди ташаббуси навбатии Пешвои миллат дар бораи қабули қатъномаи “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” гардид, ки дар Иҷлосияи 79-уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид манзур шуд.

Боварии комил дорем, ки ҷомеаи ҷаҳон аз ин пешниҳоди созанда истиқбол мекунад ва мо шоҳиди шукуҳу нусрати кохи бузурги сулҳ дар сайёра мегардем, ки меъмораш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Маҳз ба ҳамин хотир, барои мардуми кишвар ва хусусан, насли ҷавони мо, ки дар шароити сулҳу суботи комил ба воя мерасад, донистану дарк кардани қадру қимати сулҳу ваҳдат ва кӯшишу талоши пайваста ҷиҳати ҳифзу таҳкими он вазифаи муҳимтарин мебошад.

Ҳамин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат эътироф гардиданд.

Таҷрибаи нодири сулҳофаринии Пешвои миллати мо ҳамчун намунаи беҳтарин барои таъмини сулҳу субот дар минтақа ва кишварҳои гирифтори ҷангу нооромӣ аз сӯи сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ шинохта  шудааст. Самара ва ҳосили ин сулҳи деринтизори тоҷикон имрӯз дар саросари Тоҷикистони азиз ба сурати рӯзгори осоиштаи мардум, яке аз кишварҳои амнтарини олам шинохта шудани ҷумҳурӣ, равнақи корҳои созандагиву бунёдкорӣ, татбиқи барномаҳои бузург ва  татбиқи лоиҳаҳои ҷавобгӯ ба ниёзҳои ҷаҳони муосир ба равшанӣ ҳувайдо мебошад.

Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ аст, ки сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, пешрафту тараққиёт, ободии давлату миллат ва зиндагии шоистаи мардум таъмин аст. Ваҳдат оғози ҳамаи созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ, некӯаҳволии рӯзгори ободу осудаи мардум ва эҳёи худшиносию худогоҳӣ ва роҳ ба сӯйи фардои дурахшон аст.

Рӯзи ваҳдати миллӣ рӯзе аст, ки ифтихори миллӣ эҳсос мешавад ва руҳияи ваҳдатро дар ҷомеаи мо дар беҳтарин сурат бозтоб медиҳад. Ин рӯз барои тарбияи насли ҷавону наврас, баланд бардоштани  ҳисси ватандӯстию  ҳувияти миллии онҳо ва эҳтиром ба ваҳдату ҳамдилӣ дар байни насли ҷавону наврас  муҳим аст. Зеро он ёдраскунандаи устувории халқи тоҷик дар рафъи мушкилот ва талош барои ояндаи муштараки саршор аз сулҳу шукуфоӣ мебошад. Ин рӯз арзишҳои таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории байни тамоми табақаҳои ҷомеаро, новобаста аз фарқиятҳои этникӣ ё динӣ, тақвият медиҳад.

Имрӯзҳо Рӯзи ваҳдати миллӣ ба як ҷашни бузург табдил ёфта, ба мардуми кишвар бори дигар ёдрас мекунад, ки танҳо дар дӯстӣ ва хамфикрӣ метавон тамоми мусибатҳоро паси cap карда, ба ояндаи дурахшон пеш рафт. Ваҳдати миллӣ барои расидан ба ҷомеаи устувор ва шукуфон аҳамияти ҳалкунанда дорад, зеро он имкон медиҳад, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои муштарак амалҳои дастаҷамъӣ анҷом дода шаванд, зарфиятҳои дохилӣ барои созандагиву ободкорӣ ба таври тамом мавриди истифода қарор гирад ва қобилияти миллат барои муқовимат ба мушкилоти беруна афзоиш ёбад.

Кӯшишҳо барои таҳкими Ваҳдати миллӣ аксар вақт омезиши ин омилҳоро бо назардошти шароит ва мушкилоти мушаххаси ҳар як кишвар дар бар мегиранд. Ин уҳдадории ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои таълимӣ, пешвоёни динӣ, ҷамоат ва шаҳрвандони алоҳидаро барои ташкили ҷомеаи муттаҳид ва устувор талаб мекунад.

Шоистаи тазаккур аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзе, ки зимоми ҳокимиятро бар дӯш гирифтанд, ба халқи тоҷик муроҷиат намуда, бо қатъият чунин изҳор карда буданд: «То даме ки силоҳро нагузорему сулҳу оромиро дар сарзамини худ барқарор насозем ва ба меҳнати созанда шуруъ накунем, ҳеч гуна кумаку мусоидатҳои кишварҳои дигар вазъияти моро беҳтар карда наметавонад. То охирин гурезаҳои иҷбориро ба ватан барнагардонам, худро орому осуда ҳис карда наметавонам. Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва дар ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии ватани азизамон содиқона меҳнат мекунам».

Таърихи сиву чорсолаи Тоҷикистон собит кард, ки Сарвари воломақоми Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фаъолияти ваҳдатофарини худ пайваста ба қавли додаи худ вафо кардаанд. Пешвои миллат беш аз як миллион фирориҳои солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандии Тоҷикистонро ба ватан баргардониданд, ки таҷрибаи нодир дар таърихи муосири ҷаҳон маҳсуб мешавад, Дар солҳои ахир як зумра шаҳрвандони мо, ки фиреби гурӯҳҳои террористиро хӯрда ба кишварҳои ҷангзадаи Ховари Миёна рафта буданд,  маҳз бо дастур ва раҳнамоиҳои  Пешвои миллат 381 нафар занону кӯдакони тоҷик тайи чаҳор марҳила аз боздоштгоҳҳо ва урдугоҳҳои Ҷумҳурии Ироқ ва Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонида шуданд ва  бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ дар кишвар дубора ҳаёти ободу осоиштаро идома дода истодаанд.

Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк кардаанд, ки амалӣ гардидани ҳамаи омолу орзу ва нақшаву ниятҳои ҳар фарди ҷомеа, пешрафту тараққиёти давлат ва ободии Ватан маҳз ба сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ вобаста мебошад. Хусусан, дар шароити кунунии ниҳоят ҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ, торафт мураккаб шудани авзои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва печида гардидани раванду тамоюлҳои ҷаҳонишавӣ ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат ба шумор меравад.

Аз ин лиҳоз, тамоми афроди ҷомеа – аз хурд то бузург бояд ба қадру арзиши ҳаётии сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расанд ва ин неъмати бебаҳоро баробари дастоварди бузургтарини таърихи навини кишвари азизамон, яъне истиқлолу озодӣ чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоянд.

Зубайдулло ЗУБАЙДЗОДА,
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

Июнь 27, 2025 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Махфират Хидирзода: «Ваҳдати миллӣ — ҳамгироӣ, ҳамбастагӣ, ҳаммаромӣ, таҳаммулпазирӣ ва кӯшиш барои ба даст овардани мақсади ягона аст»
Ваҳдати миллӣ — кафили сулҳу суботи Тоҷикистон
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
Аҳлиддин Ибодуллозода: «Тарбияи насли нави ваҳдатофару ваҳдатсаро аз омӯзгорон – меъморони руҳи инсон вобаста аст»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Маҳз Ваҳдати миллӣ — рукни асосӣ ва муҳим давлати тозаистиқлоли тоҷиконро таҳким бахшид
Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин бозёфт дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик мебошад
АРТИШИ МИЛЛӢ НА ТАНҲО ҚУДРАТИ ҲАРБӢ, БАЛКИ РАМЗИ ВАҲДАТ АСТ. Андешаҳои Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Барно Саидвализода: «Ваҳдати миллӣ – ин неъмати бузургу кафолати зиндагии шоистаро пойдор нигоҳ бидорем»
Дилбар Одилзода: «Ваҳдати миллӣ ва рушди зан дар Тоҷикистон ду раванди бо ҳам пайвастанд»
Муовини якуми Раиси ҲХДТ: «Аз ваҳдати миллӣ садҳо ғояҳои бунёдкорӣ ба вуҷуд омада, Тоҷикистон ба гулистон табдил ёфт»
Дарк кардани қадру қимати сулҳу ваҳдат ва ҳифзу таҳкими он вазифаи муҳимтарини ҷомеа мебошад