Вакили Маҷлиси намояндагон дар Форуми Осиёгӣ оид ба аҳолӣ ва рушд дар Босния ва Герсеговина иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 04.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 28 то 30 майи соли равон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Сурайё Дӯстмуродзода дар Форуми Осиёгӣ оид ба аҳолӣ ва рушд (AFPPD), ки дар пойтахти Босния ва Герсеговина — шаҳри Сараево баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Форуми Осиёгӣ ба масъалаҳои баробарии гендерӣ ва васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои занон бахшида шуда, дар он намояндагони Парламентҳои Албания, Арманистон, Босния, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Малайзия, Македонияи Шимолӣ ва дигар давлатҳо иштирок доштанд.
Дар ҳамоиш Сурайё Дӯстмуродзода доир ба ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти қонунгузорӣ ва фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд.
Дар ҳошияи ин сафар, зимни мулоқот бо Раиси Парлумони Босния ва Герсеговина ва мусоҳиба дар дафтари иттилоотии яке аз шабакаҳои бонуфузи иттилоотии ҷаҳон «Ал-Ҷазира» дар шаҳри Сараево ташаббусҳои қонунгузории Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолияти қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагон васеъ муаррифӣ гардид.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон









Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти такмили низоми идоракунии молияи давлатӣ густариш меёбад
Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад






