15 июл иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад

Июль 6, 2025 14:20

ДУШАНБЕ, 06.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 15 июл, соати 09:00 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Ба рӯзномаи иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум масъалаҳо вобаста ба рафти иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025» ва рафти иҷрои Нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин соҳа, татбиқи «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021 – 2025» ва рафти иҷрои Нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самт, ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм ворид гардидаанд.

Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷааш ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум то  14 июли соли 2025 таклифҳои мушаххас пешниҳод менамоянд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Июль 6, 2025 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид