Ҳайати ҷавонони Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд

Июль 31, 2025 16:20

ДУШАНБЕ, 31.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 29 июл дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай зери раёсати Федератсияи умумичинии ҷавонони Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаласаи XVIII Шурои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҷаласа ҳайатҳои ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд. Зимни ҷаласа роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои ин созмон маъруза ва вобаста ба таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон, густариши муколама ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак табодули афкор намуданд. Ҳамзамон оид ба масоили мубрами ҷавонон, аз ҷумла рушди соҳибкорӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ, мубориза бо таҳдидҳои глобалӣ ва нақши ҷавонон дар таъмини амнияту устувории кишварҳои минтақа сухан гуфта шуд.

Ҳайати ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷаласаи бошукуҳи сатҳи байналмилалӣ бо роҳбарии муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода иштирок намуд.

Сураҷ Чоршанбезода доир ба нақш ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими равобити дӯстии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ибрози назар намуда, баён дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли Созмони ҳамкории Шанхай давоми сол бо ҷалби бештари ҷавонони кишварҳои аъзои ин  созмон фестивалу конфронс ва форуму нишастҳои сатҳи байналмилалиро бо мақсади муттаҳидсозии ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, табодули фарҳангӣ, мубодилаи таҷриба, фароҳам овардани имконияти муколамаи мустақим ва таҳкими робитаҳои мутақобили судманди дӯстӣ байни ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир намуд. Ин раванд ба таҳкими равобити ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон саҳми муассир гузошт.

Зимни ҷаласа муовини Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Батир Турсунов — таъкид намуд, ки Шурои ҷавонон минбари калидӣ барои татбиқи қарорҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар соҳаи кор бо ҷавонон аст. Дар робита ба ин, боз ҳам фаъол гардонидани кори ин сохтор, ки ба муттаҳидсозии ҷавонони кишварҳои аъзо дар асоси принсипҳои асосии Созмони ҳамкории Шанхай нигаронида шудааст, қадами устувор дар роҳи таҳкими дӯстӣ, эътимод ва ҳамбастагии ҷавонон дар фазои ягонаи ин созмон арзёбӣ мегардад.

Баъди анҷоми ҷаласа раёсати Шурои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Қирғизистон гузашт.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 31, 2025 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид