Ҳайати Экспедитсияи байналмилалии «Саёҳат ба қалби Авруосиё» ба шаҳри Душанбе расид
ДУШАНБЕ, 21.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 июл ҳайати Экспедитсияи байналмилалии «Саёҳат ба қалби Авруосиё» ба шаҳри Душанбе расид. Меҳмононро дар маҳаллаи Чорбоғи пойтахт бо расму оини тоҷикӣ намояндагон ва роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе истиқбол гирифтанд.
Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Экспедитсияи байналмилалии «Саёҳат ба қалби Авруосиё» давоми 45 рӯз беш аз 8000 километр роҳҳо тай намуда, аз шаҳрҳои бузурги Федератсияи Русия — Москва, Владимир, Арзамас, Чебоксарӣ, Қазон, Набережни Челнӣ, Уфа, Оренбург, Ҷумҳурии Қазоқистон — Актобе, Аралск, Байконур, Қизилорда, Туркистон, Шимкент, Тараз, Алмато, Ҷумҳурии Қирғизистон — Қарокӯл, Бишкек, Ҷалолобод, Ӯш, Ҷумҳурии Узбекистон — Намангон, Тошканд, Самарқанд, Бухоро ва Ҷумҳурии Тоҷикистон — Исфара, Хуҷанд, Истаравшан, Шаҳристон ва Панҷакент гузашта, ниҳоят ба Душанбе расид.
Иброз гардид, ки ин сафар на танҳо падидаи фарҳангӣ, балки қадами муҳим дар роҳи густариши ҳамкории минтақавӣ мебошад.
Дар экспедитсия намояндагони вазорату кумитаҳо, воситаҳои ахбори омма, блогерон ва донишҷӯён аз 5 давлати Авруосиё, дар умум 100 нафар иштирок доранд. Дар ҷараёни он беш аз 150 ҷаласаю форумҳои илмию иқтисодӣ, фарҳангию омӯзишӣ ва дигар чорабиниҳои канории сайёҳӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Яке аз ҳодисаҳои муҳими ин сафар баргузории нахустин Форуми байналмилалии иқтисодии Осиёи Марказӣ мебошад, ки 22 июл дар шаҳри Душанбе дар ҷамъбасти экспедитсия доир хоҳад шуд.
Дар доираи ин барнома ҳайати экспедитсия то 26 июл бо 11 шаҳру ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Шаҳристон, Панҷакент, Душанбе, Данғара, Кӯлоб, Бохтар, Норак ва Панҷ шинос мешавад.
Ҳадафи асосии экспедитсия, аз ҷумла барқарорсозии робитаҳои дӯстӣ байни шаҳрҳои панҷ давлат ва муаррифии алоқаҳои бародаршаҳрӣ мебошад, ки барои рушди ҳамкории судманди минтақавӣ замина мегузорад. Ҳар нақлиёти экспедитсия паёме аз шаҳре ба шаҳри дигар мебарад, ки ин рамзи ваҳдати минтақаро таҷассум менамояд.
Экспедитсия ба 5 шаҳру ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла аз шаҳри Москва ба Душанбе, аз Чебоксарӣ ба Данғара, аз Оренбург ба Хуҷанд, аз Аралск ба Кӯлоб ва аз Қизилорда ба Панҷакент паёми дӯстӣ мерасонад.
Барои таҳкими дӯстӣ дар ҳар шаҳр ниҳоли дӯстӣ шинонида, дар назди Оташи абадӣ ба хотири шаҳидони Ҷанги дуюми ҷаҳон гулчанбар мегузоранд.
Ҳамзамон гурӯҳи эҷодии экспедитсия филми мустанаде таҳия менамояд, ки моҳи октябри соли 2025 дар яке аз чорабиниҳои сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе намоиш дода мешавад.
Хотиррасон мешавем, ки Экспедитсияи байналмилалии сайёҳии «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» 6 июн дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия оғоз гардида, ҳайати экспедитсия тавассути 25 нақлиёт ба роҳ баромад.
Ин экспедитсия на танҳо роҳи муштараки фарҳангию таърихӣ, балки ҳамбастагие барои ояндаи дурахшони минтақа мегардад. Он дӯстиро абадӣ сохта, ҳамкориро мустаҳкам менамояд ва ба наслҳои оянда мероси неки ваҳдати саросариро ҳадя мекунад.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Зарфияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT — 2026» муаррифӣ мегардад
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ






