Ҳайати Тоҷикистон дар барномаи «Оҳанги ҷавонии Роҳи Абрешим ва мулоқот дар Чин барои сулҳ» иштирок дорад

Июль 28, 2025 09:12

ДУШАНБЕ, 28.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин бо иштироки намояндагони ҷавонон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин таҳти унвони «Оҳанги ҷавонии Роҳи Абрешим ва мулоқот дар Чин барои сулҳ» барномаи хоссаи табодули ҷавонон оғоз ёфт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Барнома аз 23 июл оғоз ёфта, то 30 июл дар шаҳрҳои Пекин, Юйлин ва Чжэнчжоу баргузор мегардад. Ҳадафи он тақвияти ҳамкории фарҳангӣ, густариши робитаҳои дӯстона ва мусоидат ба сулҳу суботи минтақавӣ мебошад.

Дар барнома намояндагони кишварҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Озарбойҷон иштирок доранд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳри Юйлин (вилояти Шэнси) шинос шуда, дар якчанд барномаи фарҳангӣ ва маърифатӣ иштирок намуд. Онҳо инчунин Осорхонаи сурудҳои мардумии шимоли Шэнсиро тамошо ва дар барномаи интерактивии суруду рақси «Янгэ» иштирок намуданд. Ба пойгоҳи Чжэнбэйтай дар Девори Бузурги Чин сафар намуда, зимни боздиди шабона дар кӯчаи таърихии Юйлин  бо мероси ғайримоддии фарҳангӣ (буридани коғаз, кандакории чӯб, бофтани анъанавии бед) шинос шуданд.

Барномаи табодули ҷавонон таҳти унвони «Оҳанги ҷавонии Роҳи Абрешим ва мулоқот дар Чин барои сулҳ» дар шаҳрҳои гуногуни Ҷумҳурии Мардумии Чин идома дорад. Рӯзҳои оянда барномаҳои бештар, аз ҷумла вохӯриҳо бо донишҷӯён, намоишҳои фарҳангӣ, мусобиқаи заврақҳои анъанавии «Аждаҳо», тамошои осорхонаҳо, муассисаҳои инноватсионӣ ва маҳалҳои таърихиро дар бар мегиранд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 28, 2025 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд