Ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои марказии пойтахт муваққатан қатъ мегардад
ДУШАНБЕ, 18.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз соати 20:00 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои марказии шаҳри Душанбе муваққатан қатъ мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Ҳаракати воситаҳои нақлиёт бинобар сабаби гузаронидани корҳои сохтмонии иншооти «Таъмири асосии кӯчаҳои протоколӣ (аз VIP-зали ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» то кӯчаи Карамов) дар хиёбони Рӯдакӣ, қитъаи аз кӯчаи Карамов то кӯчаи С.Носиров, тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи андешидани чораҳои иловагӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ» муваққатан қатъ карда мешавад.
Аз ин лиҳоз аз ронандагони воситаҳои нақлиёт, шаҳрвандон ва меҳмонон хоҳиш карда мешавад, ки талаботи аломатҳои роҳ ва дигар нишонаҳои гузошташударо риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати он истифода намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






