Ҳамкории илмию таҳлилии Тоҷикистон ва Олмон густариш меёбад

Июль 17, 2025 10:10

ДУШАНБЕ, 17.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридин Усмонзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграф вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Олмон табодули назар карда, густариши минбаъдаи равобити ҳарду давлатро дар арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муҳим арзёбӣ намуданд.

Сафири Олмон ҳамкории мутақобили судмандро барои рушди робитаҳои илмию пажӯҳишӣ бо Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуд.

Ҷонибҳо барои тавсеа ва тақвияти ҳамкории илмӣ–таҳлилӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

АКС: Маркази тадқиқоти стратегӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 17, 2025 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд