Ҳамкории Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд

Июль 16, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 16.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз мулоқоти Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо Вазири иқтисод ва сайёҳӣ, Раиси Мақомоти федеролии авиатсияи граждании Амороти Муттаҳидаи Араб Абдулло ибни Тавқ Ал-Маррӣ доир гардид.

Дар оғози мулоқот ҷониби Тоҷикистон таъкид намуд, ки зери роҳбарӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи авиатсияи гражданӣ ба пешрафтҳои назаррас ноил гардида, барои афзун намудани шумораи хатсайрҳои ҳавоӣ ва беҳтар гардондани сифати хизматрасонии авиатсионӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро, хусусан дар соҳаи авиатсияи гражданӣ бо ҳадафи рушди ҳамкории иқтисодӣ ва рушди сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аз ҷумла ҷонибҳо масъалаи ифтитоҳи хатсайри Душанбе-Шарҷа ва Душанбе-Абузабиро баррасӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки айни замон байни Душанбе ва Дубай хатсайри мустақими ҳавоӣ фаъол аст, ки аз ҷониби ширкатҳои ҳавоии «Сомон Эйр» ва «FlyDubai» анҷом дода мешавад.


Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими бештари ҳамкорӣ дар самти афзоиши шумораи парвозҳо ва соддагардонии раванди сафарҳо иброз намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати Амороти Муттаҳидаи Араб таҳти роҳбарии Вазири иқтисод ва сайёҳӣ, Раиси Мақомоти федеролии авиатсияи гражданӣ Абдулло ибни Тавқ Ал-Маррӣ бо мақсади иштирок дар Форуми иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб дар шаҳри Душанбе қарор дорад.

Дар доираи Форуми иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб имзои Созишномаи ҳамкорӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ байни ду давлат дар назар дошта шудааст.

Июль 16, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд