ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст

ДУШАНБЕ, 07.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. То кунун девони Ҳофиз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст, ки дар байни онҳо нашри силсилаи «Ахтарони адаб» (Душанбе, 2015), ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омадааст, ҳамаҷониба афзалият дорад. Чунин омадааст дар мақолаи профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сироҷиддини Эмомалӣ, ки дар мавзуи пажуҳиши ашъори дилписанди Хоҷа Ҳофиз ба унвони АМИТ «Ховар» ворид гардидааст. Дар зер матни пурраи мақола манзур мегардад.
— Таҳқиқу омӯзиши рӯзгор ва осори Хоҷа Ҳофиз дар Тоҷикистон дар марҳилаи нави таърихӣ, ба фаъолияти илмӣ – пажуҳишии устод Айнӣ марбут мебошад. Сарфи назар аз он ки ҳануз дар асрҳои миёна ашъори Лисонулғайб Ҳофизи Шерозӣ дар мадрасаҳо таълим дода мешуд ва ҳатто дар баробари «Мавлавихонӣ», «Саъдихонӣ» ва «Бедилхонӣ» байни мардум бештар «Ҳофизхонӣ» роиҷ буд, вале марҳилаи нави таърихӣ, ниёзи мардумро бо он ҷиддитар ба миён гузошт ва дар ин ҷода устоди бузургвор Садриддин Айнӣ аз нахустин саҳмгузорон буд.
Симоҳо, шахсиятҳо, чеҳраҳои миллӣ созандагони таърихи миллатанд, зеро зуҳури онҳо оғози марҳилаи нави таърихи миллат дониста мешавад. Яке аз чунин симоҳои таърихӣ устод Садриддин Айнӣ аст, ки барои таҳқиқу омӯзиши шахсиятҳои бузурги адабӣ, дар ҳассостарин марҳилаи таърихӣ сидқан саҳмгузориҳо кардааст.
Устод Айнӣ ҳануз аз замони мактабхониаш аз ашъори дилписанди Хоҷа Ҳофиз тавассути Ҳабиба ном духтари ҳамсабақаш ошноӣ пайдо карда, оид ба истифода ва шарҳи баъзе аз калимаҳо аз ашъори Ҳофиз чунин ибрози андеша кардааст «Ҳарчанд ман (Айнӣ – С. Э.) он вақтҳо маънии шеърҳои ишқиро нафаҳмида бошам ҳам, ҳар гоҳ, ки бо ман ғазалҳои Ҳофизро меомӯхт, маъниҳои ишқии онҳоро шарҳ мекард. Сухан ба болои «ёр», «дилдор», «маъшуқа» ё «шоҳид» равад, мисол карда духтари хатибро нишон медод, агар дар байт калимаи «ошиқ», «ошуфта», «дилдода» ё «дилшуда» дида шавад, худашро мисоли он калимаҳо мешуморид».
Бо истифода аз таҷрибаи устод Айнӣ соли 1939, дар тазкираи «Намунаҳои адабиёти тоҷик» ва «Таърихи адабиёти тоҷик асрҳои ХIII-ХV» оид ба зиндагинома, шарҳи ҳол, мероси адабӣ, мундариҷаи ғоявии ашъори Ҳофиз, аҳаммияти эҷодиёти Ҳофиз ва бо овардани намунаҳо аз эҷодиёти Ҳофиз маълумоти басо зарурӣ аз ҷониби донишманди шинохтаи тоҷик Абдулғанӣ Мирзоев оварда шуда, натиҷагирӣ гардидаст, ки: «Мавқеи Ҳофиз дар таърихи адабиёти форсу тоҷик хеле бузург аст».
Пӯшида нест, ки Хоҷа Ҳофиз ҳамчун шоири лирик, мутафаккир, сарояндаи ишқу ҳаёт ва дӯстиву озодӣ натанҳо дар таърихи адабиёти мардуми форсу тоҷик, балки дар адабиёти ҷаҳон низ шуҳрати беандоза дорад: «Дар бораи аҳаммияти ҷаҳонии эҷодиёти Ҳофиз гуфтаҳои шоири бузурги немис Иоган Волфган Гётеро, ки дар пайравии Ҳофиз «Девони ғарбию шарқӣ» эҷод кардааст, ба хотир овардан кифоя аст. Абадияти ашъорашро худи Ҳофиз ҳам қайд кардааст:
Ҳаргиз намирад он ки дилаш зинда шуд ба ишқ,
Сабт аст бар ҷаридаи олам давоми мо».
Дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ мақолаҳои донишмандон Абдуғанӣ Мирзоев, Шарифҷон Ҳусейнзода, Абдусалом Деҳотӣ, Холиқ Мирзозода ва дигарон дар матбуоти даврӣ оид ба лаҳазоти рӯзгор ва таҳлили баъзе намунаҳо аз ашъори Хоҷа Ҳофиз ба табъ расиданд, ки он вобаста ба авзои пешомада рӯи кор омадааст.
Бо машварати устод Садриддин Айнӣ намунаҳои бештари ашъори Хоҷа Ҳофиз таҳти унвони «Мунтахабот», соли 1951, бо пешгуфтори А. Н. Болдирев ба табъ расидааст, ки иқдоми хеле ҷиддӣ арзёбӣ мешавад: «…таҳрири «Мунтахабот»-и Ҳофизи Шерозиро Садриддин Айнӣ ба уҳда мегирад ва асар соли 1941 (ва баъд соли 1951) бо таҳрири умумии устод Айнӣ дастраси хонандагон мегардад».
Баъд аз он донишмандон Холиқ Мирзозода, Носирҷон Маъсумӣ ва Нодир Шанбезода дар ин ҷода боз ҷиддитар ҳиссагузорӣ кардаанд. Ҳар кадоме аз ин донишмандон «Девон»-и Ҳофизро борҳо дар Тоҷикистон ба табъ расонидаанд, ки дар ин миён нашри Носирҷон Маъсумӣ бештар писанди мардум гардида буд.
Ҳақ ба ҷониби профессор Аълохон Афсаҳзод аст, ки менависад: «Девони Ҳофиз аҳаммияти умумиҷаҳонӣ ва умумиинсонӣ дорад. Маҷмуаи ғазалҳои ӯ қариб ба тамоми забонҳои мардуми Шарқ ва Ғарб чандин бор тарҷума ва нашр шудааст. Дар ин миён нашри соли 1957 «Девон»-и Ҳофиз, ки бо пешгуфтори Холиқ Мирзозода ба табъ расидааст, яке аз иқдомҳои нисбатан ҷиддӣ дар ин роҳ дониста мешавад.
Андаке баъдтар бо саъй ва эҳтимоми донишманди шинохтаи тоҷик Нодир Шанбезода, мушаххасан соли 1967 «Мунтахаби ғазалиёт» — и Хоҷа Ҳофиз дастраси ҳаводорони сухани воло гардид ва истиқболи хуб ёфт. Чунин амали хайр баъдтар соли 1971, аз ҷониби директори онвақтаи Институти забон ва адабиёти тоҷики ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Носирҷон Маъсумӣ идома ёфт, ки шоистаи таҳсину тамҷид аст. Ин китоб ҳам аз ҷониби хонандагони сершумор, хосса донишҷӯён басо хуб истиқбол карда шуд.
Табъу нашри ашъори Ҳофизро рӯзгори Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шукӯҳи бунёдӣ бахшид. Алалхусус, дар ин ҷода саҳми роҳбарияти олии мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст.
Агар соли 2004, «Девон»-и Ҳофиз дар ҳаҷми 244 саҳифа ба табъ расида бошад, баъдтар бо саҳми бевоситаи Президенти муҳтарами Тоҷикистон, аз силсилаи ахтарони адаб, ки дар 50 муҷаллад ба табъ расида, ҷилди 29-уми ин силсила Девони Ҳофиз аст, ки дастраси мардум шуд. Ба таври мушаххас ин лаҳзаи гуворо соли 2015 иттифоқ афтод, ки «Девон»-и Хоҷа Ҳофиз дар ҳаҷми 480 саҳифа ба табъ расид.
Як нуқтаро месазад таъкид намуд, ки дар ҳудуди Тоҷикистон, аз мутахассисони ҷодаи суханшиносӣ шахсе нест, ки оид ба лаҳзаҳои рӯзгору осор ва ашъори дилписанди Хоҷа Ҳофиз, мухтассоти дарунмоясозии Лисонулғайб, сохтори каломи мавзуни ин симои беқиёси эҷодӣ навиштае надошта бошад.
Ин дӯстдории каломи ҳунарии саромадони сухансанҷӣ буд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»- ро расмият бахшиданд ва инак соли шашум аст, ки озмуни мазкур дар марҳилаҳои донишгоҳӣ, ноҳиявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад.
Аз ин рӯ, иштирокдорони он бидуни маҳдудиятҳои синусолӣ буда, ғолибон аз ҷониби давлат аз нигоҳи моддӣ ниҳоят хуб дастгирӣ карда мешаванд. Зуҳуру идомаи озмуни мазкур тамоми мардумони мамлакатро водор сохт, ки рӯ ба китоб оранд. Ин нукта шоистаи таъкид аст, ки аксари иштирокдорони озмун аз ашъори дилангези Ҳофизи Шерозӣ шеърҳо қироат мекунанд. Ин буд, ки соли 2024 «Мунтахаби девон» — и Хоҷа Ҳофиз тавассути нашриёти «Адиб» бо теъдоди ниҳоят зиёд ба табъ расонида шуд, то ин ки мардум барои дарёфти «Девон» мушкилӣ накашанд. Аз тарафи дигар, вобаста ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мушкилоти дарки маонӣ ва ҳадафи эҷодкор зарурати таваҷҷуҳ ба шарҳнигориро ба миён овард. Аз ин рӯ, дар замони Истиқлоли давлатӣ шаҳрнигорӣ ба ашъори суханварон, бахусус ашъори Хоҷа Ҳофиз тақвият пайдо намуд.
Агар қаблан, яъне то замони Истиқлоли давлатӣ, дар қаламравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе шуруҳи пуриштиҳор, ки ба девони Ҳофиз бахшида шудаанд ба алифбои кириллик баргардон шуда, нашр шуда бошанд, дар замони Истиқлоли давлатӣ бисёр донишмандони тоҷик ба девони Ҳофиз ё бо мунтахаби ғазалҳои ин симои эҷодӣ шарҳҳо навиштаанд, ки онро метавон дар мамлакат як таҳаввулоти муҳимми адабӣ фарҳангӣ унвон кард. Дар миёни шореҳони ашъори Ҳофиз дар Тоҷикистон донишмандон Абдуманнони Насриддин, Ансор Афсаҳзод, Боймурод Шарифзода, Мирзо Солеҳов, Шарифмурод Исрофилниё ва бисёр дигарон ҳисса гузоштаанд. Дар ин самт саҳми адабиётшиносони тоҷик Шарифмурод Исрофилниё ва Абдуманнон Насриддин шоистаи таъкид ва қобили мулоҳиза аст.
Агар шарҳи Абдуманнон Насриддин абёт ё худ чанд ғазали Ҳофизро фаро гирифта бошад, пас шарҳи Шарифмурод Исрофилниё китобе таҳти унвони «Шарҳи 20 ғазали Ҳофиз» ҳам бо алифбои арабиасос ва ҳам бо алифбои сирилик ва муқаддимаи мухтасар рӯйи кор омадааст, ки иқдоми муҳиму шоиста арзёбӣ мешавад.
Дар байни донишмандони шореҳ, ки шумораашон дар айни замон дар ҳудуди ҷумҳурӣ вобаста ба таълифоташон ба 28 нафар мерасад, шарҳи чанд нафаре аз онҳо андаке афзалият дорад. Чунончи, миёни эшон шуруҳи донишмандон: Сафаров С, Бобоёрова Л. ва Ҳасан Султон нисбатан авлавият доранд.
Умуман, ҳадафи мо ин аст, ки қиёсан бо осори фаровони асри миёнагӣ дар ҳудуди мамлакат ашъори Ҳоҷа Ҳофиз ҳам аз нигоҳи таҳқиқу пажуҳиш, табъу нашр ва ҳам аз нигоҳи шарҳнигорӣ бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.
Умедворем, ки минбаъд низ пажуҳишгарони тоҷик дар нашр, шарҳнигорӣ ва таҳқиқи эҷодиёти оламшумулу мондагору инсонмеҳвари Ҳофизи Шерозӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
АКС: АМИТ «Ховар»