Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 28 июли соли 2025 №420
ш. Душанбе
Дар бораи грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон
барои солҳои 2025-2030
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Аз соли 2025 то соли 2030 ҳар сол ба андозаи 15 000 000 (понздаҳ миллион) сомонӣ барои ташкили 200 грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон равона мегардад, ҷудо карда шавад, аз ҷумла:
— 25 грант ба андозаи 110 000 (як саду даҳ ҳазор) сомонӣ;
— 25 грант ба андозаи 100 000 (сад ҳазор) сомонӣ;
— 25 грант ба андозаи 90 000 (навад ҳазор) сомонӣ;
— 25 грант ба андозаи 80 000 (ҳаштод ҳазор) сомонӣ;
— 25 грант ба андозаи 70 000 (ҳафтод ҳазор) сомонӣ;
— 25 грант ба андозаи 60 000 (шаст ҳазор) сомонӣ;
— 25 грант ба андозаи 50 000 (панҷоҳ ҳазор) сомонӣ;
— 25 грант ба андозаи 40 000 (чил ҳазор) сомонӣ.
2. Аз шумораи умумии грантҳо 10 дарсад барои лоиҳаҳои вобаста ба иқлим ҷудо карда шавад.
3. Қоидаҳои ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2025-2030 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
4. Роҳбарии умумӣ ва назорати рафти амалигардонии лоиҳаҳои грантӣ ба зиммаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2025 аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети ҷумҳуриявӣ таъмин карда, дар буҷети ҷумҳуриявӣ маблағҳои заруриро барои солҳои 2026-2030 пешбинӣ намояд.
6. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарори мазкур чораҳои зарурӣ андешида, ҳар сол то 1 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
7. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2021, №5 «Дар бораи грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021–2025» аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «28» июли соли 2025, №420
тасдиқ шудаанд
Қоидаҳои
ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2025-2030
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Қоидаҳои ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2025-2030 (минбаъд — Қоидаҳо) бо мақсади дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани фаъолнокии занон дар бахши иқтисодиёт таҳия гардида, тартиби таъсиси комиссияи грантӣ ва ваколатҳои он, ҷудо намудани грант, тартиби қабул ва баррасии дархост, муҳлат ва назорати амалигардонии лоиҳаҳои грантиро муқаррар менамояд.
2. МАҚСАДИ ҶУДО НАМУДАНИ ГРАНТҲО
2. Мақсади асосии ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2025-2030 (минбаъд – грантҳо) фароҳам овардани шароит барои амалӣ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои иқтисодии занон, таъмини иштироки баробари онҳо дар ҳаёти ҷомеа, баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирии занон дар бозори меҳнат, дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон, ташкили ҷойҳои нави корӣ мебошад.
3. Грантҳо ба занони соҳибкоре, ки лоиҳаи пешниҳоднамудаи онҳо ба талаботи Қоидаҳои мазкур ҷавобгӯ буда, ба рушди фаъолияти соҳибкории занон, таъсиси ҷойҳои кории нав, таъмини рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ба шуғл ва касбомӯзӣ фаро гирифтани занону духтарон ва вобаста ба иқлим нигаронида шудаанд, ҷудо карда мешаванд.
4. Грантҳо ба рушди низоми соҳибкории инноватсионӣ ва оғози соҳибкорӣ (стартапҳо) мусоидат менамоянд.
3. ТАРТИБИ ТАЪСИСИ КОМИССИЯИ ГРАНТӢ
5. Бо мақсади амалигардонии фаъолият оид ба дастгирии грантӣ, дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Кумита) бо фармоиши раиси Кумита комиссияи грантӣ оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон (минбаъд – Комиссияи грантӣ) таъсис дода мешавад.
6. Комиссияи грантӣ аз ҳисоби намояндагони вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаҳои рушди маҳал, андоз ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъсис дода мешавад. Комиссияи грантӣ ба фаъолияти худ метавонад коршиносони мустақилро ҷалб намояд.
7. Раиси Кумита ба фаъолияти Комиссияи грантӣ роҳбарӣ мекунад.
8. Комиссияи грантӣ ба муддати як сол таъсис дода мешавад.
9. Фаъолияти Комиссияи грантӣ мутобиқи Қоидаҳои мазкур танзим карда мешавад.
10. Комиссияи грантӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
— лоиҳаҳои ба озмун пешниҳодшударо баррасӣ мекунад;
— вобаста ба вазъи иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо квотаҳо ҷудо менамояд (бо қарори Комиссияи грантӣ дар шакли протоколи ҷаласаи Комиссияи грантӣ);
— рӯйхати захиравии довталабони грантҳоро муайян менамояд;
— ғолибони озмунро муайян мекунад;
— дар ҳолатҳои аз грант даст кашидани соҳибкор ба довталаби дигар додани маблағи грантро тибқи рӯйхати захиравӣ муайян мекунад.
11. Ҳангоми баррасии лоиҳаҳои грантӣ ба лоиҳаҳои занон аз табақаҳои осебпазири аҳолӣ, занони дорои имконияташон маҳдуд (онҳое, ки аз уҳдаи татбиқи лоиҳа мебароянд) ё барои таъмини шуғлнокии чунин занон равонашуда, занони кӯдаки маъюбдошта, заноне, ки соҳибкориро (стартап) оғоз менамоянд, инчунин лоиҳаҳои инноватсионӣ ва рушди соҳаи касбу ҳунарҳои миллӣ афзалият дода мешавад.
12. Грантгирандагон дар асоси озмун аз тарафи Комиссияи грантӣ муайян карда мешаванд.
13. Лоиҳаҳои грантӣ, ки ба нақшаи воқеӣ ва корҳои банақшагирифташуда, ки бо дархост ба Комиссияи грантӣ пешниҳод шудаанд, баъд аз хулосаи Комиссияи грантӣ маблағгузорӣ мегарданд.
14. Байни Кумита, грантгиранда ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вобаста ба маҳалли зист ва фаъолияти грантгиранда, ки лоиҳааш дар озмун ғолиб омадааст, шартномаи сеҷониба оид ба амалигардонии лоиҳаи грантӣ ба имзо расонида мешавад, ки дар он ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафҳо ва шартҳои маблағгузории лоиҳа муайян карда мешаванд.
15. Грантгирандагоне, ки грант гирифтаанд, агар маблағи грантии гирифтаашонро мақсаднок истифода намуда, ба ҳадафҳои дар лоиҳа нишондодаашон расида бошанд, баъди 5 соли гирифтани грант ҳуқуқи аз нав дар озмун барои гирифтани гранти президентӣ иштирок карданро пайдо мекунанд. Дар ин ҳолат ба грантгирандагоне, ки дар давоми фаъолияти соҳибкориашон на кам аз 20 нафар занону духтаронро ба касбомӯзӣ ва ҳунармандӣ ҷалб кардаанд, бартарӣ дода мешавад.
16. Заноне, ки қарзи бонкӣ доранд ё қаблан аз суратҳисобҳои дигар грант гирифтаанду онро мақсаднок истифода накардаанд, ҳуқуқи дар озмун иштирок карданро надоранд.
17. Ба грантгирандагоне, ки соҳибкориро (стартап) оғоз менамоянд, то 50 000 (панҷоҳ ҳазор) сомонӣ дода мешавад ва онҳо бояд на кам аз 3 нафарро ба ҷойи кори доимӣ таъмин намоянд. Грантҳо ба андозаи аз 80 000 (ҳаштод ҳазор) то 90 000 (навад ҳазор) сомонӣ барои грантгирандагоне ҷудо карда мешаванд, ки корхонаи хурди истеҳсолӣ кушода, на кам аз 5 нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин мекунанд. Маблағи 100 000 (сад ҳазор) сомонӣ ва аз он боло ба грантгирандагоне ҷудо карда мешавад, ки на кам аз 7 нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин мекунанд.
18. Ба грантгирандагон маблағи грант ба корти пардохтии бонкӣ ва ё ба суратҳисоби амонатӣ (депозитӣ)-и онҳо гузаронида мешавад.
19. Тибқи дархости пешниҳодшаванда бояд на кам аз 10 дарсад хароҷоти банақшагирифташудаи лоиҳа аз ҳисоби грантгиранда пардохт карда шаванд.
4. ТАРТИБИ ҚАБУЛ ВА БАРРАСИИ ДАРХОСТҲО
20. Дархост ба Комиссияи грантӣ бо замимаи ҳуҷҷатҳое, ки номгӯйи онҳо тибқи замима ба Қоидаҳои мазкур муайян карда мешавад, танҳо бо забони давлатӣ пешниҳод мегардад. Маълумоти зарурӣ ҷиҳати иштирок дар озмун аз ҷониби Кумита дар воситаҳои ахбори омма баъд аз таъсиси Комиссияи грантӣ инъикос карда мешавад.
21. Қабули дархостҳо ҷиҳати иштирок дар озмун пас аз эълон дар воситаҳои ахбори омма шурӯъ мегардад.
22. Дархостҳо ҷиҳати иштирок дар озмун дар муҳлати 45 рӯзи корӣ қабул карда мешаванд.
23. Дархостҳои пешниҳодгардида аз тарафи котиби Комиссияи грантӣ қабул карда мешаванд.
24. Котиби Комиссияи грантӣ дархостҳоро барои иштирок дар озмун ба Комиссияи грантӣ пешниҳод менамояд. Комиссияи грантӣ дар давоми ду моҳ дархостҳоро тибқи Қоидаҳои мазкур баррасӣ менамояд.
25. Дархосткунанда тибқи дархости пешниҳоднамудааш бояд ҳадди ақал баробар ба шумораи дар банди 17 пешбинишуда ҷойи кори доимӣ ташкил кунад.
26. Зимни баррасии дархостҳое, ки фаъолияти касбиашон ба кандакорӣ, заргарӣ, оҳангарӣ, кулолгарӣ, чакандузӣ, зардӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ алоқаманд аст, ба ҳунармандони авлодӣ ё таҷрибаи коридошта бартарӣ дода мешавад.
27. Маблағи грантӣ пардохти маблағи сохтмон (ба истиснои гармхонаҳо), таъмири бино, музди меҳнат ва пардохти андозро пешбинӣ наменамояд.
28. Грантгирандае, ки лоиҳа пешниҳод менамояд, бояд дар маҳалли амалишавии лоиҳа на камтар аз ду соли охир ҳамчун истиқоматкунандаи доимӣ ба қайд гирифта шуда бошад.
29. Дархосткунанда бояд макони фаъолияти худро дақиқ бо замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар лоиҳааш дарҷ намояд. Дар сурати иваз кардани макони фаъолият, ба таври хаттӣ ба Кумита маълумот пешниҳод намояд.
30. Агар татбиқи лоиҳа доштани бино, замини наздиҳавлигӣ, заминҳои кишоварзӣ ё дорои дигар ҳуқуқҳои истифодабарии замин буданро талаб намояд, бояд ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мавҷудияти бино ба дархост замима карда шаванд.
31. Дар нақшаи амал бояд роҳҳои ташкили фаъолият ва рушди лоиҳа, инчунин интизориҳо барои ҳар семоҳа нишон дода шаванд.
32. Дархостҳое, ки тибқи Қоидаҳои мазкур ба расмият дароварда нашудаанд, аз ҷониби Комиссияи грантӣ баррасӣ карда намешаванд.
33. Ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва лоиҳаҳои грантии грантгирандагон, ки ба озмун пешниҳод шудаанд, баргардонида намешаванд.
5. МУҲЛАТИ АМАЛИГАРДОНИИ ЛОИҲАИ ГРАНТӢ
34. Муҳлати амалигардонии ҳар як лоиҳа на камтар аз шаш моҳ буда, дар сурати мақсаднок истифода нагаштани маблағҳои ҷудошуда, фаъолияти лоиҳа боздошта мешавад.
35. Дар ҳолати бо сабабҳои узрнок дар муҳлати муқарраргардида иҷро нагаштани лоиҳа, дар асоси муроҷиати хаттии грантгиранда Кумита метавонад муҳлати татбиқи онро тамдид намояд.
36. Грантгиранда уҳдадор аст, дар давоми то ду сол ба Кумита дар бораи идомаи фаъолияти соҳибкории худ маълумот пешниҳод намояд. Пас аз гузаштани муҳлати муайянгардида оид ба натиҷаи фаъолият маълумот пешниҳод намекунад, инчунин фаъолияти занони соҳибкор мавриди санҷиш карор дода намешавад.
6. МОНИТОРИНГИ ҶАРАЁНИ АМАЛИГАРДОНИИ ЛОИҲАҲОИ ГРАНТӢ ВА ТАРТИБИ ПЕШНИҲОДИ ҲИСОБОТ
37. Роҳбарии умумӣ ва назорати рафти амалисозии лоиҳаҳои грантӣ ба зиммаи Кумита вогузор карда мешавад.
38. Бо мақсади амалисозии назорати амалигардонии самараноки лоиҳаҳои грантӣ, бо фармоиши раиси Кумита гурӯҳи мониторингии доимоамалкунанда таъсис дода мешавад.
39. Аз ҷониби гурӯҳи мониторингӣ мониторингҳои фосилавӣ ва ҷамъбастӣ гузаронида мешаванд. Гурӯҳи мониторингӣ уҳдадор аст, ки аз натиҷаи санҷиши ҳар як грантгиранда ба раиси Кумита маълумот ва таҳлили пурра пешниҳод намояд.
40. Оид ба гузаронидани мониторингҳои нақшавӣ грантгирандагон огоҳ карда мешаванд, аммо гурӯҳи мониторингӣ метавонад бо дастури раиси Кумита мониторингҳои ғайринавбатӣ бе огоҳсозии грантгирандагон гузаронад.
41. Санҷиши молиявии хароҷоти мақсадноки ҳар як гранти ҷудошуда аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ амалӣ карда мешавад.
42. Ҳангоми аз ҷониби гурӯҳи мониторингӣ ошкор намудани камбудиҳо, ба грантгиранда барои бартараф кардани камбудиҳо аз 15 рӯз то 30 рӯзи тақвимӣ муҳлат дода мешавад. Дар сурати бартараф нагардидани камбудиҳо, гурӯҳи мониторингӣ барои аз ҷониби Кумита андешидани чораҳои дар банди 43 дарҷгардида гузориш пешниҳод менамояд.
43. Дар ҳолати ошкор гардидани истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои грантӣ ва ё амалӣ нагардидани лоиҳаи грантӣ, дар асоси гузориши гурӯҳи мониторингӣ Кумита метавонад дар доираи муқаррароти шартномаи сетарафаи байни Кумита, грантгиранда ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии дахлдор басташуда тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба буҷети ҷумҳуриявӣ баргардонидани маблағи грант ба суд муроҷиат намояд.
Замима
ба Қоидаҳои ҷудо намудани
грантҳои Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва
рушди фаъолияти соҳибкории
занон барои солҳои 2025-2030
Номгӯйи ҳуҷҷатҳои
пешниҳодшаванда барои иштирок дар озмуни грантҳо
1. Ариза ба унвони раиси Комиссияи грантӣ.
2. Маълумот дар бораи соҳибкор:
— шарҳи ҳоли соҳибкор;
— нусхаи шиноснома;
— 2 дона акси 3×4;
— нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
— маълумотнома аз ҷойи истиқомат;
— маълумот дар бораи суратҳисоби бонкӣ ва қарздорӣ;
— маълумотномаи нозироти андоз оид ба набудани қарз ва уҳдадориҳо;
— маълумоти мухтасар дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ (оғози фаъолият ва самтҳои асосии фаъолияти соҳибкорӣ).
3. Маълумот дар бораи лоиҳа:
— номи лоиҳа;
— тавсифи лоиҳа ва асосноккунии он;
— мақсаднок будани лоиҳа (мақсад бояд воқеӣ бошад);
— вазифаҳои лоиҳа;
— муҳлати амалигардонии лоиҳа;
— маблағи дархостшаванда;
— макони амалигардонии лоиҳа;
— саҳми соҳибкор;
— буҷети лоиҳа;
— натиҷаҳои пешбинишавандаи амалигардонии лоиҳа.