Аз 26 то 29 июл дар баъзе кӯчаҳо ва хиёбони Рӯдакии пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдуд карда мешавад

Июль 26, 2025 11:39

ДУШАНБЕ, 26.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 26 то 29 июл ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз буриши хиёбони Рӯдакӣ ба самти кӯчаи Саид Носир, аз хиёбони Рӯдакӣ ба самти кӯчаи Бухоро ва аз хиёбони Рӯдакӣ ба самти кӯчаи Академик Раҷабовҳо пурра маҳдуд карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар доданд.

Маҳдуд кардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин кӯчаю хиёбонҳо бо мақсади анҷом додани корҳои васлу насби қубурҳои низоми партоб ва обгузар мебошад.

Аз ин рӯ Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш менамояд, ки  аз роҳҳои мошингарди кӯчаҳои ҳамшафат истифода намоянд.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

Июль 26, 2025 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд