Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад

Июль 9, 2025 11:00

 ДУШАНБЕ, 09.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво аз 3 то 5 дараҷа паст мешавад. Дар баъзе аз ноҳиҳои алоҳидаи мамлакат бориши борон дар назар аст. Дар шаҳри Душанбе ҳаво шабона то 23 ва рӯзона то 38 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии мамлакат иттилоъ доданд.

Аз 9 то 13 июл дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти ҷануб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад.  Дар водиҳо шабона 20-25 ва рӯзона 33-38 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона 17-22 ва рӯзона 28-33 гармӣ дар назар аст.

Дар вилояти Суғд то 13 июл ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Аз 11 то 13 июл дар баъзе ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона то 22, рӯзона то 35 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ ҳавои камабри бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 19-24, рӯзона 33-38 дараҷа гарм ва ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12-17, рӯзона 27-32 дараҷа гарм мешавад.

Аз 10 то 13 июл дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда ва дар баъзе ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13+18 дараҷа гарм ва рӯзона 21+23 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 9, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад