Ба шаҳри Душанбе зиёда аз 11 ҳазор электромобил ворид карда шудааст
ДУШАНБЕ, 26.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини иҷрои «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» ба шаҳри Душанбе беш аз 11 ҳазор электромобил ворид гардид. Чунин иттилоъ дода шуд 25 июл зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.
«Инчунин 400 дастгоҳу таҷҳизоти пуркунандаи қувваи барқ ворид карда шудааст, ки пурра дар нуқтаҳои муайян насб карда мешаванд», — гуфт муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ.
Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади рушди ҳукумати электронӣ ва беҳтар кардани хизматрасониҳо дар самти иқтисоди рақамӣ дар айни замон барномаи «Digital Dushanbe (гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ)» дар 121 зерсохтори мақомот пайваст гардида, дорои 1071 утоқи корӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» қабул карда шудааст. Лоиҳаи он аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 таҳия ва пешниҳод гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 октябри соли 2022 ба тасвиб расидааст.
Дар он якчанд тадбир, аз ҷумла таъсиси пойгоҳ барои истеҳсоли мошинҳои барқӣ ва ҷузъҳои онҳо, бунёди инфрасохтор барои таъмини барқ ва нигоҳдории мошинҳои барқӣ, таҳияи технологияи истифодаи батареяҳо, додани имтиёзҳои иловагӣ ва дигар имтиёзҳо ба ронандагони нақлиёти барқӣ ва ташаккули маҷмуи тадбирҳо оид ба ҳавасмандгардонии рушди нақлиёти барқӣ пешбинӣ гардидааст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ








Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






