Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 29 919 иншоот бунёд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 26.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба пешвози ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ дар маҷмуъ сохтмони 29 919 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Дар айни замон 23 228 инишоот ба истифода супорида шуда, дар 4594 иншоот корҳо идома доранд. Дар ин хусус Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода 25 июл ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Тавре Низом Мирзозода изҳор намуд, кумита барои бо сатҳу сифати баланд бунёд гардидани бинову иншоот ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сари вақт бо ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ таъмин намудани муроҷиаткунандагон ва аз экпертизаи давлатӣ гузаронидани лоиҳаҳои иншоот, инчунин дастгирии ташаббусҳои созандаи соҳибкорон пайваста тадбир меандешад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 10 697 хонанда, дармонгоҳ барои 368 ҷойи қабул дар як баст ва муассисаҳои томактабӣ барои 510 ҷой ба истифода дода шуданд.
Ҳамзамон иброз гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ шумораи лоиҳаҳои сохтмоние, ки барои гузаронидани ташхиси давлатӣ ба Раёсати экпертизаи давлатӣ пешниҳод шуданд, 332 ададро ташкил дод. Аз ин шумора 217 адади он хулосаи мусбат гирифта, 8 адади дигар хулосаи манфӣ гирифт ва 2 лоиҳаи дигар аз эътибор соқит дониста шуд.
Кумита бо мақсади таъмини ҳолати ба зилзила тобовар будани биною иншоот, санҷиши мехсутуну асосҳои бино ва иншоот дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ озмоишгоҳи махсусгардонидаю муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири замонавии истеҳсоли Федератсияи Русияро таъсис додааст. Санҷиши мехсутунҳо дар майдони сохтмонӣ тибқи талабот, тартиб ва меъёру қоидаҳои сохтмонӣ амалӣ карда мешавад.
Мақсади асосии санҷиш муайян намудани қобилияти борбардории мехсутунҳо мебошад, ки баъди санҷиш бо натиҷаи ҳисоби конструктивӣ муқоиса карда мешаванд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд






