Барномаҳои таълимии даврҳои такмили ихтисос барои омӯзгорон бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ таҳия гардидаанд

ДУШАНБЕ, 27.07.2025. АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози соли нави хониш- 1 сентябри соли 2024 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба Вазорати маориф ва илм ва дигар ниҳодҳои дахлдор дастур дода буданд, ки ба ҷалби омӯзгорони соҳибтаҷриба ва дорои қобилияти баланди омӯзгорӣ аҳаммияти ҷиддӣ дода, мушкилоти норасоии омӯзгорон ва ғайритахассус кор кардани онҳоро дар самти технологияҳои иттилоотӣ дар муддати ду сол бартараф созанд. Бо ин мақсад аз ҷониби Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди низоми такмили ихтисос такони ҷиддӣ ба амал овард. Аз соли 1991 то соли 2024 дар донишкада зиёда аз 604 ҳазору 229 нафар шунаванда аз рӯйи 69 барномаи таълимӣ такмили тахассус намуданд. Нақша ва барномаҳои таълимӣ аз рӯйи ихтисосҳо вобаста ба талаботи бозори меҳнат ва ниёзи омӯзгорон таҳия ва бо қарорҳои дахлдор тасдиқ гардидаанд.
Нақша ва барномаҳои нави таълимии даврҳои такмили ихтисос ҷавобгӯи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, муносибатҳои нави иқтисодию иҷтимоӣ, инкишофи босуръати техникаю технология, фазои мутассил ва фарохи иттилоотӣ, ба системаи таҳсилоту стандартҳои байналмилалии таҳсилот наздик шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои асосии ислоҳоти соҳаи маориф, ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ, падидаҳои нави идораю маблағгузории соҳаи маориф, дастовардҳои фанҳои таъриху ҷомеашиносӣ, гуманитарӣ, табиию риёзӣ, педагогикаю психология, асосҳои техникаи компютерӣ, зеҳни сунъӣ ва ғайра маълумоти комил дода мешаванд.
Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ ба пешрафтҳои назаррас ноил гардидан ғайриимкон аст.
Аз ин рӯ, вобаста ба зарурати ворид намудани ислоҳот дар низоми такмили ихтисос соли 2024 “Стратегияи рушди Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бо назардошти бартараф намудани мушкилоти низоми такмили ихтисос ва рушди минбаъдаи он барои давраи то соли 2030” ва Нақшаи миёнамуҳлат дар ду марҳила- солҳои 2025-2027 ва 2028-2030 тасдиқ гардид. Стратегия ҳадафҳои мушаххасро, ба монанди таъмини дастрасӣ ба рушди мутассили касбии кормандони соҳаи маориф, таъмини сифат ва самаранокии даврҳои такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф, рақамикунони такмили ихтисос ва тақвияти низоми идоракунии такмили ихтисос дар бар мегирад.
Бо мақсади таъмини дастрасӣ ба рушди муттасили касбии кормандони соҳаи маориф (20 июни соли 2024) ба моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйир ворид гардида, гузаштан аз даврҳои баландбардории маҳорати касбӣ дар се сол як маротиба амалӣ карда шуд. Дар ин замина нақша ва барномаҳои таълимии даврҳои такмили ихтисос таҷдиди назар гардиданд.
Ҳамзамон, тибқи Стратегияи рушди донишкада шаклҳои зерини такмили ихтисос: классикӣ-рӯзона (анъанавӣ), омехта, дуалӣ, фосилавӣ ва худомӯзӣ таҳия гардиданд. Бо ба роҳ мондани такмили ихтисос дар шакли дуалӣ таҷрибаи муассисаҳои такмили ихтисоси ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Узбекистон мавриди омӯзиш қарор гирифта, лоиҳаи барномаи намунавӣ мавриди коркард қарор дорад. Таҳияи барномаҳои таълимӣ дар шакли фосилавӣ дар доираи ҳамкорӣ бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи платформаи рақамии такмили ихтисос бо истифода аз зеҳни суънӣ, ки дар он такмили маҳорати педагогии давомдор, дастрасии маводи омӯзишӣ дар шакли фосилавӣ мавриди коркард қарор дорад, ба роҳ монда шуд.
Масъалаи дигари дастрасии мураббиён ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти иловагии мамлакат ба таҳсилоти касбӣ ва баландбардории маҳорати касбӣ-тахассусӣ, яъне бозомӯзии омӯзгорони ин зинаҳои таҳсилот мебошад.
Бозомӯзии мураббиён ва омӯзгорони соҳаи маориф барои бо тахассуси нави педагогӣ мутобиқгардонӣ, ихтисосманд, ҳавасманд ва дар ин замина ба беҳтар гаронидани сифати таҳсил равона гардида, аз чунин даврҳо мураббиён ва омӯзгорони ғайриихтисос гузаронида мешаванд. Бо мақсади дар донишкада ба роҳ мондани даврҳои бозомӯзӣ лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»» ва «Оид ба ворид намудани тағйирот ба «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» таҳия гардида, дар баррасии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Бо ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои мазкур дар донишкада даврҳои бозомӯзӣ ба роҳ монда мешаванд. Вобаста ба ин ҷиҳати ба роҳ мондани бозомӯзии омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, ҳоло зиёда аз 10 нақшаву барномаҳои таълимӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи самти бозомӯзӣ мавриди корбарӣ ва таҳия қарор доранд.
Таъмини сифат ва самаранокии даврҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф аз масъалаҳои муҳими Стратегия ба шумор меравад. Бо мақсади татбиқи ҳадафи мазкур соли 2024 барномаи таълимии намунавии даври такмили ихтисос дар мисоли барномаи таълимии фанни забон ва адабиёти тоҷик бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ таҳия гардид.
Ҳоло дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд 22 нақша ва барномаи таълимии даври такмили ихтисос таҳия гардида, шуруъ аз моҳи сентябр пешбурди фаъолияти таълимӣ тибқи онҳо ба таври озмоишӣ (пилотӣ) ба роҳ монда мешавад. Барномаҳои таълимӣ аз 5 қисм иборат буда, бо назардошти таҷрибаҳои ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон, Беларус, Британияи Кабир ва Федератсияи Русия таҳия гардидаанд. Дарсҳо бо роҳу усулҳои замонавӣ гузаронида мешаванд.
Ин барномаҳо ба ниёзи омӯзгорон ва амалӣ намудани ислоҳот дар соҳа нигаронида шудаанд. Барномаҳои таълимӣ дар шаклҳои нав мувофиқ ба талаботи замон буда, бо мақсади дастрасӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ рӯйи даст гирифта шудаанд. Барномаҳои шакли нав аз қисматҳои шиносоӣ бо муқаддимаи барномаи таълим; банақшагирии мазмун ва сохтори нақшаи таълим; самаранокии таълим; низоми арзёбии меъёрӣ; усулҳои фаъоли таълим; инкишоф додани маҳорати таҳқиқотӣ; банақшагирии муносибати босалоҳият ба таълим бо модели сезинагии таълим ва фанҳои ғайритахассусӣ, инчунин роҳнамо барои омӯзгор, роҳнамо барои тренер, рӯйнамо ва се мавод барои шунавандагони давр иборат аст. Фарқияти барномаи таълимии нав аз барномаҳои қаблӣ он аст, ки он аз 42 соат иборат буда, ҳар мавзуи он маводи тақсимотӣ, корҳои мустақилонаи шунаванда ва меъёрҳои арзёбии худро дорад. Дар барномаи қаблӣ мавзуъҳо ба тахассус нигаронида шуда буданд, аммо дар барномаи нави таълим мавзуъҳо ҳам ба тахассус ва ҳам ба методикаи ҷаҳонӣ нигаронида шудаанд.
Пеш аз оғози таҳияи барномаҳои таълимӣ гурӯҳҳои корӣ ниёзи омӯзгоронро нисбат ба воситаи саволнома, тест ва дигар воситаҳои арзёбӣ ба инобат гирифта, бо назардошти компонентҳои миллӣ, ниёз ва эҳтиёҷоти онҳо барномаҳоро мавриди коркард қарор медиҳанд.
Дар самти рақамикунонии низоми такмили ихтисос низ корҳои зиёде анҷом дода шуданд, аз ҷумла дар донишкада платформаи «Системаи иттилоотии рушди касбии омӯзгор» (СИРКО) коркард гардида, ба таври расмӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Татбиқи платформаи мазкур дар низоми такмили ихтисос муҳим мебошад. Дар платформа ҳамаи маводи таълимӣ, нақшаву барномаҳо, маҳфилҳои фаннӣ ва дарсҳои омӯзгорони навовару эҷодкор гузошта шудааст. Илова бар ин барои омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ нақша ва барномаи таълимии даврҳои такмили ихтисос бо назардошти зеҳни сунъӣ таҳия ва тасдиқ гардид. Бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатӣ шумораи нахустини маҷаллаҳои соҳавии «Омӯзгор ва замон» ва «Омӯзгори муосир» ба нашр расонида шуда, шакли электронии онҳо дар сомонаи донишкада www. takmili-ihtisos.tj ва филиали донишкада дар шаҳри Душанбе www.omuzgor.tj гузошта шуданд.
Бо мақсади татбиқи ҳадафҳои тақвияти низоми идоракунӣ ва маблағгузории такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф танҳо соли 2024 зиёда аз 30 номгӯй ҳуҷҷатҳои локалӣ таҳия, тасдиқ ва мавриди корбарӣ қарор гирифтанд, ки аксарияти онҳо ба низоми идоракунии такмили ихтисос равона гардидаанд. Ҳамзамон давоми ду соли охир бо муассисаҳои такмили ихтисоси ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қазоқистон, Федератсияи Русия ва Норвичи Шоҳигарии Британияи Кабир меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.
Дар самти баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон ва кормандони донишкада корҳои зиёд анҷом дода шудаанд. Соли 2024 дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд 111 омӯзгори Донишкада ва филиалҳо аз ҷониби муасисаҳои таълимии дорои мақоми байналмилалии хориҷи мамлакат аз даврҳои 10-рӯзаи такмили ихтисос гузаронида шуданд. 17 нафар омӯзгорони донишкада дар хориҷи кишвар (Қазоқистон, Узбекистон, Федератсияи Русия ва Шоҳигарии Британияи Кабир) табодули таҷриба намуданд. 50 нафар омӯзгорони донишкада ҳамчун Тренери миллӣ аз даврҳои 7-рӯза гузаронида шуданд. Инчунин аз ҷониби омӯзгорони донишкада дар якҷоягӣ бо муассисаҳои хориҷи ҷумҳурӣ 120 нафар омӯзгорони донандаи забонҳои русӣ ва англисии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ҳамчун Тренери маҳаллӣ омода гардиданд. 1106 омӯзгори шаҳри Душанбе аз даврҳои омӯзишии 10-рӯза оид ба амалишавии «Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон» (PISA) гузаронида шуда, соҳиби Сертификат гардиданд.
Дар нимсолаи якуми соли 2025 бо мақсади баланд бардоштани сифати даврҳои такмили ихтисос 105 омӯзгор ва кормандони донишкада ва филиалҳо аз ҷониби мутахассисони Донишгоҳи Кембриҷи Британияи Кабир, Донишгоҳи давлатии омӯзгории педагогии Ҷумҳурии Олтой ва Маркази маҳорати педагогии Ҷумҳурии Қазоқистон аз даврҳои такмили ихтисос гузаронида шуданд.
Наврӯз МИРЗОЗОДА,
Ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф
АКС: АМИТ «Ховар»