Барои кормандони мақомоти молияи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон машварати омӯзишӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 18.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 17 июл дар ноҳияи Варзоб бо иштироки намояндагони Сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарону кормандони бахши даромадҳои давлатии мақомоти молия дар шаҳру ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ машварати омӯзишӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия хабар медиҳад.
Дар машварат масъалаҳои тақвият бахшидани раванди таҳияи лоиҳаи қисми даромади буҷети давлатӣ барои солҳои 2026-2028 бо назардошти ислоҳоти охирини қонунгузории андозу буҷет, таҳлили манбаъҳои воқеии даромад, такмили механизмҳои пешгӯии нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Инчунин тартиби дуруст воридсозии рақамҳои назоратии даромади буҷети давлатӣ дар Низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ, ҷанбаҳои амалии тағйироти воридгардида ба қонунгузории андоз ва татбиқи онҳо баррасӣ шуданд.
Иштирокчиёни машварат дар муҳокима фаъолона иштирок намуда, ба саволҳояшон вобаста ба таҳияи лоиҳаи даромади буҷети давлатӣ ва дигар масъалаҳои амалии фаъолияти молиявӣ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Таъкид гардид, ки баргузории чунин машваратҳо ба баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандони мақомоти молия ва беҳтарсозии раванди таҳияи буҷети давлатию маҳаллӣ мусоидат менамояд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст






