БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН!

ДУШАНБЕ, 24.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Таҳти унвони «Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон» дар асоси талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор аз 8 январи соли 2025 «Соли фаъолгардонии ташкилоти ибтидоӣ ва вусъатбахшии фаъолияти ҳизбӣ дар шаҳри Ҳисор» эълон карда шуд. Ин иқдом бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи Оиннома, Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2025 – 2030 ва сари вақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баён намуданд, амалӣ мегардад. Дар ин хусус раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор Изатуллои Ҳабибзод ба АМИТ «Ховар» ибрози назар намуд.
— Соли 2025 дар саҳифаҳои давлатдории навинамон бо рӯйдодҳои фараҳбахшу таърихӣ сабт гардида, дар замони давлатсозӣ ва давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи пурҷилои таърихи тоҷикон хоҳад гардид.
Аз ҷониби гурӯҳи ташаббускор лоиҳаи ангоравии рамзи «Соли фаъолгардонии ташкилоти ибтидоӣ ва вусъатбахшии фаъолияти ҳизбӣ дар шаҳри Ҳисор» дар намуди доирашакл таҳия шудааст. Гирдогирди рамзро хати доирашакли сабз фаро гирифтааст, ки нишонаи сарсабзию шукуфоӣ, сарбаландию хуррамӣ ва абадият мебошад.
Ба иҷрои ин иқдом ҳамаи кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилоти ибтидоии шаҳр ҷалб гардида, ҳаракати аъзои ҳизб муайян ва тибқи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии вобаста ба фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷобаҷогузорӣ карда шуда, ворид намудани рӯйхати аъзои ҳизб ба Барномаи махзани ягонаи электронии аъзои ҳизб ба амал бароварда мешавад.
Дар доираи иқдоми мазкур дар шашмоҳаи якуми соли 2025 корҳои муайян ба сомон расонида шуданд, ки ба татбиқи амалии ҳадафҳои созандаи ҳизб мусоидат менамоянд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои таҳиягардида дар ин самт аксарияти бандҳои он дар нимсолаи дуюми соли 2025 пешбинӣ гардидааст.
Тасмим гирифтаем, ки ҷамъбасти натиҷаҳои иқдоми «Соли фаъолгардонии ташкилоти ибтидоӣ ва вусъатбахшии фаъолияти ҳизбӣ дар шаҳри Ҳисор»-ро таҳти унвони «Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон» дар арафаи таҷлили 31-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо шукуҳ доир намоем.
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Ҳисор дар самти пешбурди корҳои таблиғотӣ ва иттилоотӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар ҳаёти ҳизб нақши калидӣ дорад. Тибқи нишондиҳандаҳои ҳисоботи оморӣ ба ҳолати 30 июни соли 2025, 15 748 нафар аъзои ҳизб дар 3 кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ва 156 ташкилоти ибтидоӣ муттаҳид шудаанд. Аз ин шумора 9209 нафарро занон ва 6052 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Дар давраи ҳисоботӣ 1553 нафар ба узвияти ҳизб қабул карда шуданд. Аз шумораи умумии 1553 нафар аъзои ҳизбе, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2025 ба сафи ҳизб аъзо шуданд, 148 нафарашонро аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ташкил медиҳанд.
Таҳлилҳо дар шашмоҳаи якуми соли 2025 нишон доданд, ки 1553 нафар аъзои ҳизб аз ҷониби 34 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ба сафи ҳизб қабул карда шудаанд ва 122 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ нисбат ба қабул ба сафи ҳизб беэътиноӣ зоҳир намуда, ягон нафарро ба сафи ҳизб аъзо накардаанд. Ин дар ҳолест, ки ҳаракати аъзои ҳизб дар ташкилоти ибтидоӣ хеле зиёд ба назар мерасад.
28 декабри соли 2024 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ирсол гардид. Дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» зиёда аз 267 вохӯрии гурӯҳи таблиғотӣ бо сокинони касбу кори гуногун дар кумитаву ташкилоти ибтидоӣ ва деҳаю маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот гузаронида шуд.
Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои вазъи мураккаби сиёсиву иҷтимоии ҷаҳони имрӯза, торафт афзоиш ёфтани хатару таҳдид ба мафкураи ҷомеаҳо ва дар ин ҳошия, зиёдшавии омилҳои номатлуб дар байни аҳолӣ, махсусан қишри ҷавон, инчунин ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои олии давлатдорӣ ва таъмини иштироки фаъолонаи аҳли ҷомеа дар раванди созандагию бунёдкорӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор оид ба вохӯриҳо бо сокинони деҳаю маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Ҳисор аз 10 январ то 30 июни соли 2025 корҳои идеологӣ ва тарғиботию фаҳмондадиҳӣ аз рӯи усули «деҳа ба деҳа» ва «маҳалла ба маҳалла» бо иштироки намояндагони сохторҳои дахлдор бо сокинони маҳаллаву деҳаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр баргузор гардид.
Тавре иттилоъ доред, 2 марти соли 2025 дар мамлакат интихоботи парлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ гузаронида шуд. Ин омили боз ҳам болоравии ҷойгоҳи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ гардид.
Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор 40 ҳавзаи интихоботӣ ва 105 участкаи игтихоботӣ оид ба интихоби вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор таъсис дода шуд. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор номзадҳои арзандаи ҳизбро ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор аз 40 ҳавзаи интихоботӣ тибқи талаботи қонунгузорӣ дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб пешбарӣ намуд.
Бо ибтикори беназир ва саривақтии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» дастоварди арзишманд маҳсуб шуда, ба пешбурди фаъолияти ҳизбӣ мусоидати фаъол менамояд.
Бо мақсади амалӣ намудани Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025, иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» дар доираи чорабиниҳо бори нахуст дар шаҳри Ҳисор таҳти унвони «Васфи Ватан» Фестивал – озмуни сурудҳои ватандӯстона гузаронида шуд.
Барои таҳкими арзишҳои маънавию фарҳангӣ, бедор намудани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ, ифтихор аз давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, баланд бурдани эҳсосу ҳувияти миллӣ, таҳкими давлатдорӣ, таъмини суботи сартосарии мамлакат, эҳтиром ба рукнҳои давлатдорӣ, ҳифзу гиромӣ доштани муқаддасоти Ватан ва поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ миёни ҷавонон, талқини ҷавонон ба забони ноби адабии тоҷикӣ ва эҳё намудани арзишҳои неки ниёгон дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ баргузор намудани маҳфил-озмунҳои «Тоҷикистони ман!», «Шоҳнома Ватан аст!», «Забони миллат – ҳастии миллат», «Насли хушбахти замону, зодагони истиқлолем!», маҳфил-озмунҳои базми ғазал таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар шинохти осори миллӣ», озмунҳои «Ватанпарвар» таҳти унвони «32 қадами устувор дар таҳкими иқтидори мудофиавии Ватан!», «Бо ту ифтихор дорам, Ватан», Фестивали «Ватандӯстӣ ва рушд» ва «Сайри Ватан, шукри Ватан ва рушди Ватан рисолати мо, ҷавонон аст» иқдоме буданд, ки дар сатҳу сифати нав гузаронида шуданд ва ба баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии насли наврасу ҷавон мусоидати фаъол намуданд.
Дар баробари пешравиҳо дар раванди фаъолият камбудиҳо низ ҷой доранд. Онҳо дар шашмоҳаи дуюми соли 2025 дар доираи «Соли фаъолгардонии ташкилоти ибтидоӣ ва вусъатбахшии фаъолияти ҳизбӣ дар шаҳри Ҳисор» таҳти унвони «Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон» бартараф карда мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»