Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд

Июль 14, 2025 13:27

ДУШАНБЕ, 14.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 дар Тоҷикистон зиёда аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ин давра аз ҷониби нозирони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва мақомоти он дар маҳал 7 ҳазору 562 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шуд. Барои бартараф намудани ин қонунвайронкуниҳо 6 ҳазору 918 дастур дода шуда, нисбат ба 6 ҳазору 792 ҳолат парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуд.

Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 628 мавод ба прокуратура ва 405 мавод ба Хадамоти иҷро ирсол гардид. Ҳамзамон дар маҳал 5 ҳазору 33 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 14, 2025 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад