Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид
ДУШАНБЕ, 04.07.2025. АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид бо дастгирии молиявии Ҳукумати Ҷопон машварати ифтитоҳии лоиҳаи минтақавии «Тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Машварат ҳамчун як платформаи муҳими стратегӣ барои муаррифии ҳадафҳо ва равиши татбиқи лоиҳаи минтақавӣ ба ҷонибҳои асосии манфиатдор дар шаҳри Душанбе хизмат мекунад.
Иштирокчиён раванди таҳияи барномаи нави рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанберо баррасӣ намуданд. Дар он ба ҳамгироии ҷанбаҳои марбут ба иқлим ва хатари офатҳо дар тарҳрезии шаҳр аҳамияти махсус дода шуд.
Ин чорабинӣ инчунин имконият фароҳам меорад, ки байни мақомотҳои шаҳрӣ, мутахассисони техникӣ ва шарикони рушд муколамаи созанда амалӣ шавад. Дар рафти муҳокимаҳо ва муаррифиҳои техникӣ, иштирокчиён роҳҳои амалиро ҷиҳати таъмини устуворӣ ва амнияти рушди шаҳрӣ таҳлил намуданд.
Ҳамчунин, аҳамияти ҳамкории бисёрҷониба ва шарикӣ дар сатҳи минтақавӣ барои мубодилаи таҷриба ва пешбурди чораҳои ҳамоҳангшудаи устувории шаҳрҳо таъкид карда шуд.
Қисматҳои калидии машварат муаррифии афзалиятҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Душанбе, шарҳи лоиҳаи минтақавӣ ва кӯмак ба шаҳрҳои мақсаднок, инчунин муҳокимаи моделҳои ҳамкории муассир барои рушди устувори шаҳриро дар бар гирифт. Дар ҷаласаи гурӯҳи кории махсус, нақшаи амал ва методологияи ҳамгироии коҳиши хатарҳои офат ва иқлим (СОКВ) ба барномаи нави рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе муҳокима гардид .
Дар анҷоми машварат, иштирокчиён харитаи амалҳо, барои ҳамгироии коҳиши хатарҳои офат ва иқлим дар раванди барномарезии шаҳрии Душанбе тасдиқ намуда, механизмҳои ҳамкориро байни сохторҳои шаҳрдорӣ ва гурӯҳи лоиҳа таъсис дода, замина барои мубодилаи дониш дар минтақаи Осиёи Марказӣ фароҳам оваранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






