Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазии барориши солҳои 2024 ва 2025-ро ба муомилот мебарорад

Июль 3, 2025 16:50

ДУШАНБЕ, 03.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазии барориши солҳои 2024 ва 2025 –ро ба муомилот мебарорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», бо мақсади таъмини иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазии намуна ва барориши соли 2024-ро бо арзишҳои номиналии 200 ва 500 сомонӣ ва барориши соли 2025-ро бо арзишҳои номиналии 20, 50 ва 100 сомонӣ ба муомилот мебарорад.

Пулҳои коғазии намуна ва бароришҳои солҳои 2024 ва 2025 бо арзишҳои номиналии 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонӣ дар қатори пулҳои коғазии Бонки миллии Тоҷикистон бо арзишҳои номиналии 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонӣ, ки дар муомилот мавҷуданд, баробар гардиш менамоянд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Июль 3, 2025 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0344 то 11.0400 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1198 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8300 то 11.0243 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1195 то 0.1211 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1105 то 11.1395 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1400 то 11.1787 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1200 то 0.1212 сомонӣ муқаррар шудааст
МОДАР — РАМЗИ МЕҲРУ МУҲАББАТ ВА ХУРРАМИИ ЗИНДАГӢ. Дар Бонки миллии Тоҷикистон Рӯзи Модар таҷлил гардид
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд