Дар «Ҳамсафар» 300 нафар хонандагон ба истироҳат ҷалб гардиданд
ДУШАНБЕ, 06.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Ҳамсафар»-и шаҳри Ваҳдат, ки дар минтақаи Ромит ҷойгир аст, имсол дар ду баст 300 нафар наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» директори истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Ҳамсафар» Ҳидоятуллои Зафар иброз намуд, дар даври якуми истироҳатгоҳ 150 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд. Дар ҳар як басти истироҳатгоҳ кӯдакони ятим ва аз оилаҳои камбизоат барои истироҳату солимгардонӣ ҷалб карда мешаванд.
Мураббиёни ботаҷриба ба истироҳаткунандагон чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва варзишҳои пагоҳирӯзии ҳамарӯзаро дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор менамоянд. Истироҳаткунандагон бо се вақт хӯроки гарм таъмин буда, дар ин ҷо имкони мутолиаи китоб, машғул шудан ба варзишро доранд. Онҳо дар баробари фароғату истироҳат бо табиати бою рангини Тоҷикистон дар минтақаи Ромит шинос шуда, давраи таътили тобистонаи худро хотирмон сипарӣ мекунанд.
Табиби истироҳатгоҳ Маҳмадшариф Қурбонов иброз дошт, ки ин ҷо на танҳо макони истироҳат, балки қадами муҳим дар роҳи ба камол расидани кӯдак мебошад.
“Истироҳатгоҳ имконияти хубест, ки кӯдак мустақил ва масъулиятшинос шавад. Бояд гуфт, ки муваққатан озод шудан аз нигоҳубини волидайн имкон медиҳад, ки кӯдак ҳисси худшиносиро инкишоф диҳад ва ба сатҳи нави рушди шахсият гузарад. Дар истироҳатгоҳ ӯ имконият пайдо мекунад, ки малакаҳои пурқимати муоширатро аз худ кунад, дар ҷамъият кор карданро ёд гирад, доираи дӯстону шиносҳоро васеъ намояд»,-афзуд табиб.
АКС: АМИТ «Ховар»








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






