Дар Қазоқистон ҷаласаи роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд

Июль 14, 2025 11:50

ДУШАНБЕ, 14.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи панҷуми роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар ҷаласа роҳбарони мақомоти корҳои дохилии шаҳрҳои Душанбе, Боку, Ереван, Минск, Бишкек, Москва, Ашқобод ва Тошканд иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа масъалаҳои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар пойтахтҳо, амният дар иншооти ҳаётан муҳими шаҳрӣ, рушди низоми мушоҳидаи видеоӣ, таъмини бехатарӣ аз ҷиноятҳои киберӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, инчунин таҷрибаи ҳамоҳангсозии ниҳодҳои милитсия зимни баргузории чорабиниҳои оммавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷаласа аз Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Шоҳрух Саидзода иштирок намуд.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 14, 2025 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд