Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Агентии рейтингии байналмилалии «Standard & Poor’s» вазъи низоми бонкӣ баррасӣ шуд

Июль 16, 2025 09:16

ДУШАНБЕ, 16.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи низоми бонкӣ, сиёсати пулию қарзӣ ва динамикаи нишондиҳандаҳои оморӣ аз масъалаҳое буданд, ки дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати таҳлилгарони Агентии байналмилалии рейтингии «Standard & Poor’s» хонум Ҷулия Филока ва Роман Рибалкин дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҷонибҳо ҳамзамон доир ба нигоҳ доштани сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаҳои пешбинишуда, таъмини суботи молиявии мамлакат, нишондиҳандаҳои монетарию фискалӣ, татбиқи реҷаи ҳадафгирии таваррум ва идоракунии захираҳои байналмилалӣ табодули назар намуданд.

Новобаста ба фазои мураккаби сиёсию иқтисодии ҷаҳон дар Тоҷикистон рушди босуботи иқтисодию молиявӣ таъмин мешавад. Дар робита ба ин зимни таҳияи рейтинги навбатӣ бояд хусусияти минтақа ва давлат, афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва даромаднокии низоми бонкӣ, таҳким ва рушди идоракунии захираҳои байналмилалӣ ва ислоҳоти бароҳмонда ба инобат гирифта шавад.

Раванди интишори рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамасола бо Агентии байналмилалии рейтингии «Standard & Poor’s» гузаронида мешавад.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Июль 16, 2025 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0344 то 11.0400 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1198 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8300 то 11.0243 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1195 то 0.1211 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1105 то 11.1395 сомонӣ муқаррар шудааст