Дар Душанбе ҳамоиши ҳизбиён бахшида ба қабули қатъномаи таърихии Тоҷикистон оид ба зеҳни сунъӣ баргузор шуд

Июль 28, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 28.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 28 июл дар бинои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вобаста қабули қатъномаи таърихии Тоҷикистон оид ба зеҳни сунъӣ дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамоиши ҳизбиён баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамоиш муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иброз дошт, ки 25 июл қабули лоиҳаи қатъномаи махсус зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд, воқеан таърихӣ буда, нақши пешсафии Тоҷикистонро дар қабули санадҳои байналмилалӣ бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит менамояд.

Ҳамзамон муовини якуми Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҳоким Исмоилзод, муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба илм ва таълим Дониёр Сангинзода ва муовини сармуҳаррири нашрияи «Садои мардум» Далер Абдулло сухан гуфта, оид ба қабул гардидани қатъномаи таърихии Тоҷикистон оид ба зеҳни сунъӣ дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид андешаронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки қатъномаи мазкур ҳамчунин механизмҳои асосии истифодаи муассири технологияҳои зеҳни сунъиро барои таъмини рушди устувор дар Осиёи Марказӣ муайян мекунад. Яке аз чунин механизмҳои пешниҳодшуда таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе мебошад, ки он ҷиҳати ҳамоҳангсозии раванди татбиқи барномаҳои муштараки марбут ба зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард.

Татбиқи ин рӯйкардҳо ба таъсиси низомҳои бехатар, боэътимод ва боварибахши зеҳни сунъӣ мусоидат намуда, мувозинати байни танзим, навоварӣ ва механизмҳои худидоракунии дохилиро таъмин карда, барои дигар минтақаҳои ҷаҳон намунаи ибрат хоҳад буд.

Дар ҷараёни ҳамоиш ба он нафароне, ки бо хоҳиши худ аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гардиданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

АКС: Маркази таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Июль 28, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон