Дар Душанбе интиқолдиҳандаи маводи мухаддир бо 31 кг “ҳашиш” боздошт ва ба 13 соли зиндон маҳкум шуд

Июль 3, 2025 20:00

ДУШАНБЕ, 03.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Новобаста аз ошкор ва пешгирии пайвастаи қочоқи маводи нашъаовар дар минтақаҳои наздисарҳадӣ далели интиқоли маводи мухаддир тавассути хатти сарҳади давлатӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон идома дорад.

Зимни роҳандозии чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии кормандони мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванд Сайфуллозода Мустафо Сайфулло, соли тавалудаш 1994, зодаи шаҳри Кӯлоб ва сокини маҳаллаи Арбобхотуни ноҳияи Синои шаҳри Душанбе боздошт ва аз ӯ дар ҳаҷми махсусан калон воситаи нашъадор мусодира карда шуд.

Дар рафти чорабиниҳои тафтишотӣ муайян гардид, ки Мустафо Сайфуллозода тибқи маслиҳати пешакӣ бо шарики ҷиноятии худ шаҳрванди Афғонистон бо номи Ҳоҷӣ, тахминан 45 сола, бар ивази маблағи калони пулӣ ин миқдор маводи мухадирро аз махфигоҳ дастрас намуда, онро тавассути нақлиёти сабукрави шахсиаш тамғаи “Тойота Корола”, рақами қайди давлатиаш 00-10 РU 01 TJ ба шаҳри Душанбе интиқол додааст. Дар шаҳри Душанбе ӯ маводи мухаддирро дар махфигоҳи ҳудуди заминҳои киштзори маҳаллаи Ҷӯйбодом пинҳон намудааст.

Тибқи хулосаи шуъбаи экспертизаи судии Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи мусодирашуда воситаи навъи “ҳашиш” буда, вазни умумиаш 31 килограммро ташкил медиҳад.

Оид ба ҳолати мазкур аз тарафи Раёсати тафтишоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо дастрасии моддаи 200 қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дода шуд.

Баъди ба итмом расидани тафтишоти пешакӣ, бо ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Сайфуллозода Мустафо Сайфулло ба муҳлати 13 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Нисбат ба шаҳрванди Афғонистон бо номи Ҳоҷӣ чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ идома доранд.

Ин гуна афрод ба ҷойи зиндагии сазовору шоиста, хизмати арзанда ба падару модар ва халқу Ватан ҷиноят содир карда, ба ин васила умри ҷавонашро дар маҳбас барбод медиҳанд. Ҳамчунин, бо амали нангини худ доғи ношустаниро барои сарнавишти волидайн, зану фарзанд ва наздикони худ раво мебинанд. Ҳар нафаре, ки ҷиноят содир мекунад бояд огоҳ бошад, ки ҳаргиз бе ҷазо намемонад ва ҳатман барои кирдораш дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт.

Бояд тазаккур дод, ки вазъи зудтағйирёбандаи геополитикӣ хатару таҳдидҳои муосирро боз ҳам вусъат бахшида, дар сурати пешгирӣ ва хунсо накардан метавонад сабабгори нооромиву бесуботӣ гардида, дар маҷмуъ амнияти минтақавиро халалдор созад.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ муборизаи дастҷамъонаро бар зидди истеҳсолу истеъмол, қочоқ ва паҳнсозии маводи мухаддир роҳандозӣ намудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимоди минтақа дар сафи пеши ин мубориза қарор дорад.

Қочоқи маводи мухаддир яке аз мушкилоти асосӣ дар ҷаҳон буда, бо ин роҳ доираҳои манфиатҷӯ ба пешрафти ҷомеа халал мерасонанд, иқтисодиёти миллиро зарба мезананд ва ҷавононро аз корҳои созандагӣ ва ободкорӣ монеа мешаванд.

Маркази робитаҳои ҷамъиятии
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 3, 2025 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд