Дар Душанбе марҳилаи сеюми даврҳои мураббигӣ оид ба барномаи иҷозатномаи «PRO» идома дорад

Июль 16, 2025 09:34

ДУШАНБЕ, 16.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе марҳилаи сеюми даврҳои омӯзишӣ оид ба барномаи иҷозатномаи «Pro» – низоми олии таълими мураббигӣ идома дорад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, марҳилаи сеюми даврҳои мураббигӣ ба ҷанбаҳои муҳими омодагии ҷисмонии бозигарон бахшида шуда, онро дастурдиҳандаи ФИФА Прадип Дутта аз Ҳиндустон мегузаронад.

Дар маҷмуъ 19 мутахассис барои гирифтани иҷозатномаи мураббигии «Pro» довталаб мебошад.

Бояд гуфт, ки даврҳои мураббигӣ барои довталабони иҷозатномаи «Pro» аз панҷ марҳила иборат буда, моҳи ноябри соли равон ба анҷом мерасанд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июль 16, 2025 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад