Дар Душанбе таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Олмон муҳокима гардид
ДУШАНБЕ, 01.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо Президенти Парламенти музофоти федеролии Саксония-Анҳалти Ҷумҳурии Олмон Гуннар Шелленбергер мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Зимни мулоқот Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки мо аз сатҳу муҳтавои робитаҳои имрӯзаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон изҳори қаноатмандӣ мекунем ва мулоқоти имрӯзаро баёнгари сатҳи олии робитаҳои ду кишвари дӯст медонем.
Иброз гардид, ки мулоқоту музокироти роҳбарияти олии Тоҷикистон ва Олмон идомаи талошҳои пайвастаи ду ҷониб ва ҷавобгӯи манфиатҳои волои мардумонамон мебошад. Итминони комил карда шуд, ки мувофиқаҳои дар ҷараёни мулоқоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Канслери федералӣ ва Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон зимни баргузории вохӯрии якум ва дуюми Сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон» дар шаҳрҳои Берлин ва Остона солҳои 2023 ва 2024 ба даст омада, ба рушди ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо такони тоза мебахшанд.
Мавсума Муинӣ изҳор намуд, ки мо ҷонибдори рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, энергетика, металлургия, саноати сабук ва химия, мошинсозӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок, иқтисодиёти рақамӣ ва фарҳанг бо музофоти федеролии Саксония-Анҳалти Ҷумҳурии Федеративии Олмон мебошем.
Дар вохӯрӣ густариши ҳамкории Тоҷикистону Олмон, таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ байнипарламентӣ байни кишварҳо ҳамчун механизми мусоидат ба раванди ҳамкории мутақобилан судманд муҳим арзёбӣ гардид.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд






