Дар Китобхонаи миллӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд «Гӯшаи китобҳои гӯё» ташкил гардид
ДУШАНБЕ, 03.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллии Тоҷикистон «Гушаи китобҳои гӯё» ташкил гардид, ки хонандагони қувваи босираашон суст ва маҳдуд (нобиноён) метавонанд аз китобҳо истифода намоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Китобҳои гӯё ва имову ишора дар шакли электронӣ ва чопӣ аз ҷониби шарикони рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим гардид. Ҳадаф аз ин иқдом дастгирии нафарони маъюб ва беҳбудӣ бахшидан ба шароиту имконот барои омӯзиш ва нишон додани маҳорати хоси онҳо мебошад.
Китобҳои савтӣ ва имову ишора барои хизматрасонии хонандагон аз тарафи кормандони шуъба ба компютер ва ноутбукҳо боргирӣ шуданд. Ин барои хонандагони қувваи босираашон суст ва маҳдуд (нобиноён) имконияти хуби мутолиа кардан мебошад.
Китобҳои Ато Мирхоҷа «Эҳсосамро шиносам», Муҳриддин Сабурӣ «Мисли худат бош», Роберт Макклоски «Марминҷон барои Соро», Муродалӣ Собир «Наҷоти моҳиён» аз зумраи китобҳое мебошанд, ки хонандагон метавонанд дар ин шуъба аз онҳо истифода баранд.
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






