Дар Пекин вазъ ва дурнамои татбиқи санадҳои ҳуқуқии Тоҷикистон ва Чин дар самти мақомоти иҷро баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 17.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 июл дар шаҳри Пекин сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо аъзои доимии Кумитаи Суди Олии Халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин Лю Гусян вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъ ва дурнамои таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самти татбиқи санадҳои ҳуқуқӣ, мубодилаи таҷриба, таҳкими иқтидори институтсионалӣ, инчунин тақвияти пояҳои моддию техникии сохторҳои дахлдорро баррасӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз ҷониби мақомоти алоҳида амалӣ шудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи истеҳсолоти иҷро, инчунин санадҳои ҳуқуқии дар ин самт амалкунанда қобили таваҷҷуҳ шуморида шуд.
Инчунин ҷонибҳо ба масъалаҳои омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳои мақомоти иҷро, такмили ихтисоси мутахассисон, рақамикунонии ҷараёни истеҳсолоти иҷро, беҳсозии низоми мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ, инчунин таҳияи роҳу механизмҳои нав барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти иҷро таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Ҷониби Чин иттилоъ дод, ки дар низоми судии Ҷумҳурии Мардумии Чин беш аз 100 ҳазор нафар, аз ҷумла судяҳо, ёрдамчиёни судяҳо ва иҷрочиёни суд фаъолият доранд. Солона беш аз 10 миллион парванда баррасӣ ва санадҳои дахлдор қабул мегарданд, ки 50 то 52 фоизи онҳо ба таври ихтиёрӣ иҷро мешаванд. Санадҳои боқимонда ба иҷрои маҷбурӣ пешниҳод гардида, дар натиҷа солона беш аз 2 триллион юан ба манфиати давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ рӯёнида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 5 июли соли 2023 дар шаҳри Душанбе байни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии Халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид. Ёддошт имкон медиҳад, ки таҷрибаи пешрафтаи ҳарду давлат мавриди омӯзиш қарор гирифта, омодасозии кадрҳо, мубодилаи маълумоти соҳавӣ ва таъминоти техникию методӣ амалӣ гардад.
АКС: Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






