Дар шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 03.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар истироҳатгоҳҳои тобистонаи шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб мегарданд. То имрӯз дар истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ 2260 нафар ба истироҳат фаро гирифта шудаанд. Дар ин хусус аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Мувофиқи нақша, дар назди муассисаҳои томактабӣ 2220 нафар, дар назди марказҳои зертобеи шуъбаи маориф 1490 нафар, дар назди мактабҳои варзишӣ 970 нафар ва дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ 535 нафар ба истироҳати тобистона ҷалб мегарданд.
Тавре директори истироҳатгоҳи «Офтобак»-и шаҳри Норак Тоҷигул Бобоева иброз намуд, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2025» ва бо дастгирии Шурои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Офтобак» ба фаъолият оғоз намуд, ки дар басти якуми он 90 нафар кӯдакону наврасон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ба истироҳат фаро гирифта шуданд.
Соли равон истироҳатгоҳ дар се баст фаъолият намуда, мувофиқи нақшаи пешбинишуда, зиёда аз 300 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб мегарданд. Дар басти аввал кӯдакону наврасони ятиму бепарастор аз оилаҳои камбизоат, хонандагони қобилиятнок ва фарзандони кормандони соҳаҳои гуногунро дар ҳамкорӣ бо масъулини иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон ба истироҳат ҷалб гардиданд Онҳо бо се вақт хӯроки гарм таъмин буда, истироҳати бофароғат доранд.
Сармурабии истироҳатгоҳи «Офтобак» Аҳмадҷон Муҳаммадиён иброз дошт, ки барои хубу хотирмон гузаштани истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон, мураббиён ғайр аз машғулиятҳои варзишӣ, аз қабили оббозӣ, шашкаю шоҳмот, футбол, валебол ва тениси рӯйи мизӣ, инчунин чорабиниҳои гуногуни адабӣ, ба мисли «Шоми байтбарак», озмунҳои «Ҳозирҷавобон» ва хондани сурудҳо дар васфи Ватан-Модар доир намуда, хотири истироҳаткунандагонро болида месозанд.
Мураббиён ва мутасаддиёни истироҳатгоҳи «Офтобак» мақсад гузоштаанд, ки кӯдакону наврасон дар таътили тобистона бо як ҷаҳон таассуроти неку фаромўшношуданӣ ба хона, назди волидонашон баргарданд.
Дар басти аввали истироҳатгоҳи «Офтобак» 10 нафар ғолибони даври шаҳрии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷалб гардидаанд, ки онҳо дар баробари истироҳати бофароғат намудан, барои дар даври вилоятӣ озмун иштирок намудан омодагии ҷиддӣ дида истодаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст






