Дар Тоҷикистон озмунҳои ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ва «Фарзанд-боғи падару модар» гузаронида мешаванд

Июль 19, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 19.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалишавии «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028» дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ва «Фарзанд-боғи падару модар» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Озмунҳо бо мақсади баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, меҳру муҳаббат нисбат ба ҳамсар, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ, зебоипарастӣ, меҳнатдӯстӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим гузаронида мешаванд.

Тавре сардори раёсати кор бо оилаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабоҳат Рустам иброз дошт, озмунҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ду давр баргузор мегарданд. Даври якум имрӯзҳо дар ҷамоату маҳаллаҳо оғоз ёфта, то 30 июл идома меёбад. Даври дуюм дар шаҳру ноҳияҳо аз 10 то 20 августи соли равон доир мешавад. Даври ҷамъбастии озмунҳо моҳи сентябр ба нақша гирифта шудааст.

Баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ тадбири муҳим буда, аҳли ҷомеаро бори дигар ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, меҳру муҳаббати самимӣ байни ҳамсарон ва тарбияи дурусти фарзандон ҳидоят менамояд.

Тибқи талаботи озмун, дар он ҳамсарон ва фарзандони беҳтарин аз оилаҳои намунавӣ иштирок карда метавонанд.

Ҳадафи баргузории озмунҳо баланд бардоштани масъулияти оила дар таҳкими фарҳанги оиладорӣ ҳамчун арзиши муҳими иҷтимоиву фарҳангӣ, боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва рӯзгордории оилаҳо, солиму устувор ва пойдор нигоҳ доштани оилаҳо, коҳиш додани шумораи бекоршавии ақди никоҳ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, ҳидояти онҳо ба нигоҳубин ва парастории волидайн мебошад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2024 Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ба Хушомад Алидодов аз ноҳияи Роштқалъа ва ҷойи якум дар озмуни «Фарзанд-боғи падару модар» ба сокини шаҳри Душанбе Нозанин Лутфуллоева дода шуд.

Оила рукни табиӣ ва асоси ҷамъият буда, нахустин мактаб ва ҷойи аслии тарбия аст. Оилаҳои соҳибмаърифату матинирода ва ҳамсарони вафодору самимӣ дар ҷомеа мақоми шоиста дошта, дар тарбияи насли солиму ояндасози миллат саҳми арзанда гузошта, ба халқу Ватан содиқона хизмат менамоянд.

Бояд гуфт, ки «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» бо мақсади таъмини ҳифзи манфиатҳои оила ва аъзои оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ва макони тарбияи фарзанд, тақвияти заминаҳои иқтисодию иҷтимоии таҳкими оила, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва таҳкими пояҳои оиладорӣ таҳия гардидааст.

Дар доираи ин барнома бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуну чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ, мониторинг ва арзёбии амалисозии барномаҳои соҳаи кор бо занон ва оила дар шаҳру ноҳияҳо баргузор мегардад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 19, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ СЕ ЯК ҲИССАИ УМРИ ИНСОН ДАР ҶОИ КОР МЕГУЗАРАД. Ва ё ба кормандон муҳайё намудани шароити хуби меҳнат зарур аст
АВВАЛ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ, БАЪДАН ҲУВИЯТИ ДИНӢ. Тоҷик касест, ки худро вориси тамаддуни ниёгон медонад
ТАНИ СОЛИМ МАҲСУЛИ АҚЛИ СОЛИМ АСТ. Ва ё чаро баъзе доруҳо ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ мерасонанд?
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Соли 2025 аъзои 174 хоҷагӣ ба ҷойҳои бехатар кӯчонида шуданд
Ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ба саломатии инсон чӣ таъсир мерасонад?
Президенти Тоҷикистон ба хонаводаи афсари ҷонфидои миллат хонаи истиқоматӣ тақдим намуданд
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи январ чӣ гуна мешавад?
«МАҚОМИ ЗАН ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид
Намнокии баланди ҳаво сабаби пайдоиши туман мегардад
«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!». Андешаҳо оид ба таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ дар фарҳанги тоҷикон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар масофаи 900 метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд