Душанбе — пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои пешрафтаи сайёҳии дунё табдил ёфтааст

Июль 18, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 18.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тавре дар «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» омадааст, шаҳри Душанбе-пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи сайёҳӣ буда, барои рушди соҳа инфрасохтори мукаммал беш аз пеш хизмат мерасонад. Дар робита ба дастоварду пешравиҳои соҳа дар пойтахт дар соли 2025 хабарнигори АМИТ «Ховар» бо мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Дилшоди Ҷамшед ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»: Рушди инфрасохтор омили муҳими ҷалби сайёҳон мебошад. Дар пойтахт ба ин масъала чӣ гуна диққат дода мешавад?

Дилшоди Ҷамшед: Дар натиҷаи тадбирҳое, ки давоми солҳои охир бо ташаббусҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои  рушди босуботи пойтахт ва муҳайё сохтани шароити арзандаи зиндагӣ ба сокинон ва ташкили хизматрасонии босифат ва сатҳи баланд барои сайёҳон амалӣ шуданд, шаҳри Душанбе ободу сарсабз гардида, ба яке аз шаҳрҳои рушдкунанда ва пешрафтаи ҷаҳони муосир табдил ёфт.

Тибқи маълумоти оморӣ, имрӯз дар шаҳри Душанбе зиёда аз 2500  иншооти сайёҳӣ ва хизматрасонӣ ҷойгир буда, ҳамарӯза ба меҳмонони дохилию хориҷӣ аз рӯйи талаботи онҳо хизмат мерасонанд.

Тавре медонем, системаи нақлиёти пойтахт низ бамаротиб беҳтар гардида, истгоҳҳои замонавӣ ба истифода дода шуда, ҳисоббаробаркуниҳо дар нақлиёти мусофирбари умумӣ аз тариқи кортҳои пардохтӣ амалӣ мешаванд.

АМИТ «Ховар»: Соли 2025 дар Тоҷикистон чорабиниҳои зиёди байналмилалӣ баргузор гардиданд, ки барои иштирок дар онҳо меҳмонону сайёҳони хориҷии зиёд омаданд. Хизматрасонӣ ба онҳо чӣ гуна буд?

Дилшоди Ҷамшед: Дар маҷмуъ дар нимсолаи аввали соли 2025 бо мақсади ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат, тарғибу ташвиқи зарфияти сайёҳии шаҳри Душанбе ва фарҳангу анъанаҳои ниёгони миллати тоҷик 94 чорабинӣ дар самти сайёҳӣ дар пойтахти Тоҷикистон доир карда шуд. Аз ҷумла, 1 форуми байналмилалӣ 1 фестивали байналмилалӣ, 3 иштирок дар чорабиниҳои байналмилалии сайёҳӣ, 1 конфронси илмӣ-амалӣ, 1 даври омӯзишӣ, 1 намоиши аксҳои шаҳри Душанбе, 1 рӯнамоии аксҳои шаҳри Душанбе дар харитаҳои рақамӣ, 25 хатсайр дар чорабиниҳо, 6 намоиши ҳунарҳои мардумӣ, 49 саёҳати «RED BUS TOURS» ва 5 мулоқоту вохӯрии фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуданд.

Бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, ташаккул ва муаррифии бренди миллии сайёҳӣ 1 феврали соли равон дар доираи таҷлили ҷашни Сада хатсайри сайёҳии «Сайри Сада» бо иштироки 260 нафар намояндагони корпусҳои дипломатӣ, донишҷӯёни хориҷии муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди шаҳри Душанбе, сайёҳони хориҷӣ, роҳбарону кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, занон, ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, ширкатҳои сайёҳӣ, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма ташкил карда шуд.

Дар доираи хатсайр роҳбаладон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба иштирокчиён доир ба имконоти сайёҳии шаҳри Душанбе ва моҳияти ҷашни Сада маълумоти мушаххас пешниҳод намуданд.

Аз 11 то 14 марти соли 2025 бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо боздиди 600 нафар сокинону фаъолони пойтахт, кормандони касбу кори гуногун ва ҷавонону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе аз толори «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон амалӣ карда шуд.

Мақсад аз ташкили боздиди дастҷамъона ин, пеш аз ҳама, ҷонибдории иқдомҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба обу иқлим ва тарғибу ташвиқи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон вобаста ба эълон гардидани соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва дар ин замина рушди сайёҳии дохилӣ ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади тарғиби арзишҳои умумибашарии Ҷашни байналмилалии Наврӯз, рушду тавсеаи соҳаи сайёҳӣ, ташаккул ва муаррифии бренди миллии сайёҳӣ, пешбурди маҳсулоти сайёҳӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои таърихию фарҳангии мамлакат, бахусус пойтахти он — шаҳри Душанбе бо қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе «Ҷадвали тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз-2025 дар шаҳри Душанбе» тасдиқ карда шуд.

Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз — 2025 дастраси ширкатҳои сайёҳӣ гардонида шуда, бастаҳои сайёҳӣ таҳия ва ба фурӯш бароварда шуданд.

Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз — 2025 дар шакли буклек омода гардида, дастраси субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ, аз ҷумла Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, Роҳи оҳани Тоҷикистон, тарабхонаву меҳмонхонаҳо, нақлиёти кироякаши таксӣ, боғҳои фарҳангу фароғатӣ ва осорхонаву маконҳои таърихиву сайёҳии пойтахт гардонида шуд.

Дар доираи тақвим 19 марти соли 2025 Форуми IV байналмилалии «Наврӯзи Душанбе–меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» дар сатҳи баланди ташкилӣ бо иштироки масъулини вазорату идораҳо, олимону коршиносон, меҳмонони хориҷӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор карда шуд.

Ҳамзамон 22 марти соли равон дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и пойтахт Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» бо баргузории намоиши ҳунарҳои мардумӣ, хӯрокҳои миллӣ, бахусус таомҳои наврӯзӣ, бозиҳои гуногуни миллии варзишӣ ва чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ доир карда шуд.

Барои муаррифии имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе ва тарғибу ташвиқи чорабиниҳои наврӯзӣ барои сайёҳону меҳмонони пойтахт хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ ташкил гардида, иштироки онҳо дар тантанаҳои наврӯзӣ таъмин карда шуд.

Танҳо дар доираи таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз аз 15 то 31 марти соли равон 8004 нафар ҳамчун сайёҳ ба шаҳри Душанбе тавассути гузаргоҳҳои сарҳадӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва Роҳи оҳани Тоҷикистон ворид гаридаанд, ки аз ин шумора 2914 нафари онҳо аз Ҷумҳурии Исломии Эрон буданд.

АМИТ «Ховар»: Воситаҳои ахбори омма низ дар муаррифии зарфияти сайёҳии пойтахт саҳми арзанда доранд. Ҳамкорӣ бо онҳо чӣ гуна амалӣ мешавад?

Дилшоди Ҷамшед: Албатта, саҳми воситаҳои ахбори омма дар тарғиби имконоти сайёҳӣ, тавсеаи соҳаи сайёҳӣ, муаррифии иқтидори сайёҳии пойтахти мамлакат ва дар ин замина ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба шаҳри Душанбе зиёд аст. Бо ин мақсад дар арафаи  Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Майдони Истиқлол» Намоиши аксҳои Душанбе  ва пресс тур доир гардид.

Дар намоиш 101 акс аз манзараҳои зебо ва маконҳои сайёҳии пойтахт, ки аз ҷониби аксбардори маъруфи мамлакат Дидор Саъдуллоев аксбардорӣ шуда, дар сомонаҳои иҷтимоии Фейсбук (Dushanbe-travel), Инстаграм (Dushanbe.travel), ВКонтакте (Dushanbe.travel), Тридс (Dushanbe.travel), Тик-Ток (Dushanbe.travel) ва Телеграмм (Dushanbe.travel)-и шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе инъикос мегардад, рӯнамоӣ карда шуд.

Чорабинӣ бо ташкили пресс тур оид ба имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе бо ҷалби намояндагони воситаҳои ахбори омма, аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ва Иттифоқи аксбардорони Тоҷикистон доир гардид, ки аз 16 то 19 апрели соли равон идома ёфта, аз он сокинону сайёҳон ва меҳмони пойтахт дидан карданд.

АМИТ «Ховар»: Барои дар сатҳи ҷаҳонӣ бештар муаррифӣ намудани имконоти сайёҳии пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе кадом роҳу воситаҳои муосир истифода шуданд?

Дилшоди Ҷамшед:  Дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои сайёҳӣ як гурӯҳ блогерони машҳури ҷаҳонӣ аз Эрон, Нидерланд, Швейтсария, Канада, Олмон, Покистон ва Чин даъват карда шуда, имконияти сайёҳии мамлакат, бахусус шаҳри Душанбе ва чорабиниҳои наврӯзӣ ба таври васеъ инъикос карда шуданд.

Блогнерони мазкур дар шабакаҳои интернетии Instagram, Facebook, Tik-Tok, YouTube ва Weibo фаъол буда, дорои зиёда аз 1,2 миллион обуначӣ мебошанд ва дар миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ маҳбубияти зиёд доранд.

Ҳамчунин дар баробари блогерони хориҷӣ аъзои Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон низ фаъол буда, ба таври васеъ ҷараёни таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва имконоти сайёҳии мамлакат, аз ҷумла шаҳри Душанберо муаррифӣ ва тарғиб намуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки 11 – 14 феврали соли 2025 дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон 18-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Теҳрон баргузор гардид. Дар Намоишгоҳ гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон ташкил гардида, дар он имкониятҳои сайёҳии мамлакат, бахусус пойтахти он шаҳри Душанбе муаррифӣ карда шуд.

Дар доираи сафар ба Эрон бо намояндагони расмии сайёҳӣ ва ширкатҳои гардишгарии маҳаллӣ, бахусус аз шаҳрҳои Теҳрон ва Шероз, ки бо шаҳри Душанбе паймони бародаршаҳрӣ доранд, вохӯриҳо анҷом дода шуд.

Ҳамчунин бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имконияту зарфияти сайёҳии пойтахт ва ҷалби бештари сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ бо ҷалби ширкатҳои сайёҳӣ шурӯъ аз 10 май соли 2025 фаъолияти мавсимии хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Red Bus Tours» («Саёҳат тавассути автобусҳои сурх») оғоз шуд.

Дар доираи хатсайрҳо сокинону меҳмонон имкон пайдо менамоянд, ки бо мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва сайёҳии пойтахт шинос шаванд.

Зимни саёҳат роҳбаладон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар бораи таъриху фарҳанг ва гузаштаи пурғановати халқи тоҷик, инчунин имконияти сайёҳии пойтахт маълумоти муфассал пешниҳод менамоянд.

Ҳамзамон бо ҷалби шикратҳои фаъоли сайёҳӣ ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳатӣ як қатор хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба дигар минтақаҳои сайёҳии кишвар таҳия гардида, амалӣ карда мешавад.

Эълон доир ба баргузории хатсайрҳои ҳафтаинаи сайёҳӣ тавассути саҳифаҳои шуъбаи рушди сайёҳӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ (Dushanbe-travel) инъикос карда мешаванд.

АМИТ «Ховар»: Бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани сатҳи хизматрасонӣ дар субъектҳои хизматрасонии сайёҳии пойтахт чӣ тадбирҳо андешида шуданд?

Дилшоди Ҷамшед:  Бо ин мақсад дар якҷоягӣ бо раёсати Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз 21 то 27 майи соли 2025 барои 90 нафар кормандони субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ (тарабхона, меҳмонхона ва роҳбаладон) дар шаҳри Душанбе даврҳои омӯзишӣ гузаронида шуда, хатмкунандагон бо сертификат сарфароз гардонида шуданд. Иқдоми мазкур идома дошта, зина ба зина тамоми субъектҳои хизматрасонии соҳа, бахусус масъулини тарабхонаву меҳмонхонаҳо ба машғулиятҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ фаро гирифта мешаванд.

АМИТ «Ховар»: Яке аз роҳҳои тарғиби соҳаи сайёҳӣ фаъол намудани шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ чӣ гуна фаъолият мебарад?

Дилшоди Ҷамшед: Барои рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии дастовардҳо ва инфрасохтори сайёҳии шаҳри Душанбе, инъикоси маконҳои зебову диққатҷалбкунанда, тарғиби фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби бештари сайёҳон ба шаҳри Душанбе портали сайёҳии Душанбе www.dushanbe-travel.tj таъсис дода шуда, дар арафаи ба истифодадиҳӣ қарор дорад. Дар он харитаи электронии мавзеъҳо, роликҳои тарғиботии шаҳри Душанбе, акси маконҳои зебо ва нотакрор, маълумот доир ба иншооти сайёҳии шаҳри Душанбе бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷой дода шуда, сайёҳон метавонанд доир ба дилхоҳ объектҳои сайёҳӣ, фарҳангу фароғатии ҳудуди пойтахт маълумоти дахлдор дастрас намоянд.

Ҳамзамон дар сомонаҳои иҷтимоии Фейсбук (Dushanbe-travel), Инстаграм (dushanbe.travel), ВКонтакте (Dushanbe.travel), Тридс (dushanbe.travel), Тик-Ток, Х, Телеграмм (dushanbe.travel) саҳифаи шуъба фаъолият менамояд, ки дар он тамоми чорабиниҳо ва тадбирҳо  инъикос карда мешаванд. Дар саҳифаҳои мазкур ҳамарӯза аксҳо аз мавзеъҳои сайёҳӣ ва ҷолиби пойтахт ва роликҳои тарғиботӣ вобаста ба имконоти сайёҳии шаҳри Душанбе гузошта мешаванд, ки дар шашмоҳаи якуми соли 2025 маҷмуан зиёда аз 1173 акс ва 121 видеоролик инъикос карда шуданд.

Илова бар ин бо мақсади ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ, нишон додани иқтидори сайёҳии пойтахт ва тарғиби табиати нотакрори мамлакат 9 январи соли 2025 маросими рӯнамоӣ доир ба ҷой кардани аксҳои ҷолиби шаҳри Душанбе дар харитаҳои рақамии бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар Google Map, Yandex Map ва OSM баргузор карда шудаанд, зиёда аз 1500 акси ҷолибу диданӣ аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии шаҳри Душанбе, ки чор фасли солро инъикос мекунанд, ҷой дода шуданд.

АМИТ «Ховар»: Ташкили гӯшаҳои тарғиботӣ дар фурудгоҳҳо ва роҳҳои оҳан яке аз воситаҳои ҷалби сайёҳон мебошад. Оё дар онҳо гӯшаҳо бо маълумоти зарурӣ вуҷуд доранд?

Дилшоди Ҷамшед: Аз шумораи умумии 761 ҳазору 391 сайёҳе, ки дар нимсолаи аввали соли 2025 тавассути ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ ба кишвар ворид шудаанд, тақрибан 60 дарсад ё 456 ҳазору 835 нафари онҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварда, аз хизматрасонии сайёҳии он истифода бурдаанд.

Тавассути нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳадӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва Вокзали роҳи оҳани Тоҷикистон 96 ҳазору 495 нафар сайёҳони хориҷӣ (тибқи методологияи СУС) ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 (67 ҳазору 853 нафар) 28 ҳазору 642 нафар, ки 28 фоизро ташкил медиҳад, зиёд мебошад.

Дар ин давра ба гӯшаҳои иттилоотии мазкур, меҳмонхонаҳои шаҳри Душанбе ва меҳмонони хориҷӣ 12000 маводи иттилоотию таблиғотӣ тақсим карда шуд, ки аз онҳо 800 ададро харитаи сайёҳии шаҳри Душанбе, 950 ададро варақаи (буклети) маконҳои сайёҳии шаҳри Душанбе, инчунин зиёда аз 10 000 ададро варақаи чорабиниҳои наврӯзӣ ва 250 ададро флешкортҳои таблиғотӣ ташкил медиҳанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 18, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои марказии пойтахт муваққатан қатъ мегардад
Маконҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии Тоҷикистонро беш аз 760 ҳазор сайёҳи хориҷӣ тамошо намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаи сайёҳӣ густариш меёбад
Беш аз 100 корманди меҳмонхонаҳои Душанбе малакаю таҷрибаашонро такмил медиҳанд
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Гузариш ба гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ қадами муассир дар самти беҳтарнамоии фаъолияти сохторҳои давлатӣ аст
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум оғоз гардид
Имрӯз иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Ҳайати экспедитсияи сайёҳии «Саёҳат ба қалби Авруосиё -2025» ба шаҳри Истаравшан омад
Пагоҳ иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ Созишнома ба имзо расид
Дар баъзе аз кӯчаҳои пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ карда мешавад