Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «World Travel Market – 2025» муаррифӣ мегарданд
ДУШАНБЕ, 04.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар партави сиёсати созанда ва «дарҳои боз»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ гӯшаи сайёҳии Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market – 2025», ки аз 4 то 6 ноябр дар шаҳри Лондон баргузор мегардад, ташкил намудааст. Дар доираи ин намоишгоҳ иқтидору имкониятҳои ғании сайёҳии мамлакат ба дӯстдорони сайру саёҳат ва шарикони байналмилалӣ муаррифӣ мешаванд.
Дар гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон барои ҳаводорони сайру саёҳат ба кишвари зебою дорои тамаддуну фарҳанги ғании мо бартарияти рақобатнокии Тоҷикистон, аз ҷумла иқтидори бойи табиӣ, сайёҳии табобатию солимгардонӣ ва имконияти машғулият бо намудҳои гардишгарии варзишию кӯҳнавардӣ, фарҳанги нодир, тамаддуни рангину қадима, обҳои мусаффо, меваҳои тару хушки хуштаъми ватанӣ муаррифӣ карда мешавад.
Платформаи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии “World Travel Market -2025”, ки дар он намояндагони беш аз 180 давлати ҷаҳон, 40 ҳазор ширкату меҳмонхона, мутахассисон ва дигар субъектҳои хизматрасон дар соҳа иштирок доранд, имкон медиҳад, ки роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, фурудгоҳҳо ва ташкилоту анҷуманҳои сайёҳӣ ва дигар субъектҳои соҳаи сайёҳии кишвар хидматрасониҳои худро ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ пешниҳод намуда, тариқи вохӯриҳои «В2В» ва «В2С», ки дар рафти он баргузор мегарданд, ҳамкориҳоро бо ҳамтоёни худ баррасӣ ва таҳким бахшанд.
Дар ин намоишгоњ ширкатҳои дар соҳаи сайёҳии кишвар, аз ҷумла “Шоҳтур”, “Маркази солмигардонӣ ва рушди сайёҳӣ”, “Боми ҷаҳон тур”, “Расул тур” ва дигар субъектҳои хизматрасон дар соҳаи сайёҳӣ имкониятҳои гардишгарии кишварро муаррифӣ намуда истодаанд.
Имрӯзҳо татбиқи самараноки сиёсати давлатии соҳаи гардишгарӣ ба баланд бардоштани ҷолибияти маҳсулоти сайёҳии миллӣ таъсири мусбат расонида, ба таҳкими рақобатпазирии саноати сайёҳии кишвар замина мегузорад.
Созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои таҳкими соҳаи сайёҳӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ба рушди соҳа муҳиму назаррас маънидод мекунанд.
Дар мулоқотҳо бо роҳбарону намояндагони созмону иттиҳодияҳои бонуфузи Шоҳагрии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва дигар кишварҳои иштирокчӣ намояндагони ҷумҳурӣ оид ба зарфияти сайёҳии кишвар маълумот дода, таъкид намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ҷолибияти соҳа барои сармоягузорони дохилию хориҷӣ имтиёзҳои зиёд муқаррар намудааст.
“WTM”, ки мутахассисони сайёҳиро аз саросари ҷаҳон ба ҳам меорад, майдони фарохи табодули таҷриба, ба роҳ мондани шарикӣ ва ташаккули дуранмои ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ маҳсуб меёбад.
Имрӯзҳо бо мақсади кашфи бозорҳои нави сайёҳӣ ташкили гӯшаи кишвар дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, иштирок дар ҷаласаҳо ва ҳамоишҳои Маҷмаи умумии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, форум, пахши маводи таблиғотӣ-иттилоотӣ, инфотурҳо дар хориҷи кишвар ва такмили ихтисоси кормандони бахши сайёҳӣ дар кишварҳои аз лиҳози сайёҳӣ пешрафта баргузор гардида истодаанд.
Дар рӯзи аввали баргузории Намоишгоҳи байналмилалии “World travel market — 2025” роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор намояндагони сайёҳии давлатҳои гуногун ва ширкату расонаҳо мулоқотҳои судманд анҷом дода, дар доираи он масоили марбут ба таҳкими ҳамкорӣ, рушди фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ, зеҳни сунъӣ, кадрӣ ва рақамикунонии соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар доираи вохӯриҳо, ки дар ҳошияи намоишгоҳи мазкур сурат гирифтанд, оид ба табодули академии донишҷӯён, такмили ихтисоси омӯзгорон ва ташкили барномаҳои муштарак гуфтугӯ анҷом доданд.


















Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид






