Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Ангола дар соҳаҳои мухталиф баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 29.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 июл машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ангола ба таври маҷозӣ баргузор гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар машваратҳо муовини Вазири корҳои хориҷӣ Фаррух Шарифзода ва ҳайати Ҷумҳурии Анголаро муовини вазири корҳои хориҷӣ хонум Эсмералда Браво Конде да Силва Мендонса роҳбарӣ намуданд.
Ҷонибҳо густариши ҳамкорӣ дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва илмиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамзамон доир ба масъалаҳои рӯзмарраи байналмилалӣ, аз ҷумла вазъи геосиёсӣ, амнияти минтақавӣ, тағйирёбии иқлим ва рушди устувор табодули афкор анҷом дода шуд.
Ҷонибҳо барои таҳким ва рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард






