Хадамоти давлатии оташнишонӣ кафили бехатарии мардуми Тоҷикистон аст. Ба ифтихори иди касбии кормандони соҳа

ДУШАНБЕ, 30.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 30 июл иди касбии кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ин сохтори муҳими давлатӣ роҳи душвору пурхатарро тай намуда, дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба як ниҳоди пешрафтаи таъминкунандаи бехатарӣ аз сухтор табдил ёфтааст. Дар ин давра кормандони ниҳод ҳазорҳо корнамоию қаҳрамонӣ нишон дода, дар пешгирӣ аз сухтор ва таъмини бехатарии мардуму иншооти таъйиноти гуногун нақши сазовор гузоштаанд.
Бахшида ба ин рӯз хабарнигори АМИТ «Ховар» бо сардори сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ Рустам Мирзозода суҳбат намуд.
АМИТ «Ховар»: Оташнишонӣ аз ҷумлаи касбҳое аст, ки аз соҳибкасб қаҳрамонию корнамоӣ ва нотарсию далерӣ талаб менамояд. Масъалаи омода сохтани кадрҳои баландихтисос дар хадамот чӣ гуна амалӣ карда мешавад?
Рустам Мирзозода: Бояд гуфт, ки кормандони соҳаи оташнишонӣ инсонҳое мебошанд, ки ҳамарӯза барои наҷоти ҷону амволи дигарон ҳаёту саломатии хешро зери хатар мегузоранд. Дар масъалаи таъминот бо кадрҳои баландихтисоси оташнишонӣ бояд бигӯям, ки баробари ташкили факултети №5-и Академияи Вазорати корҳои дохилӣ соли 2009 масъалаи ташкили ихтисосҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва ҳифз дар ҳолатҳои фавқулода ба миён омада, тадбирҳои аввалиндараҷа барои тайёр кардани мутахассисон андешида шуданд. Кафедраи бехатарӣ аз сӯхтори ин таълимгоҳи тахассусӣ барои тайёр намудани мутаххасисон аз рӯйи ихтисоси муҳандиси бехатарӣ аз сӯхтор фаъолият мекунад. Ҳамасола хатмкунандагони он сафи кормандони Хадамоти давлатии оташнишониро пурра месозанд. Дарвоқеъ, ин шумора талаботро қонеъ карда наметавонист. Аз ин рӯ зарурат пеш омад, ки барои омода намудани оташнишонони касбӣ муассисаи махсус кушода шавад. Ҳамин тавр, 12 апрели соли 2018 дар деҳоти Корези ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санги асоси Муассисаи давлатии «Коллеҷи оташнишонӣ-техникии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузошта шуда, 25 октябри соли 2021 бо иштироки Сарвари давлат он мавриди истифода қарор гирифт.
АМИТ «Ховар»: Муҷаҳҳаз будан бо таҷҳизоти зарурии оташнишонӣ ва фаъолият намудани қисмҳои оташнишонӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Дар ин самт хадамот чӣ корҳоеро ба анҷом мерасонад?
Рустам Мирзозода: Бо дастгирии роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ, бо ташаббуси Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ ҷузъу томҳои хадамот бо техникаву воситаҳои алоқаи нави замонавӣ таҷҳизонида шудаанд. Инчунин қисмҳои касбии оташнишонии як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба қисмҳои ҳарбикунонидаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ табдил ва базаи моддиву таъминотии онҳо мустаҳкам карда шуд. Аз ҷумла, ифтитоҳи қисмҳои оташнишонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1», Неругоҳи барқи обии «Роғун», ноҳияҳои Восеъ, Файзобод, Мастчоҳи Кӯҳӣ, Сангвор, Ховалинг ва шаҳри Ваҳдат намунаи беҳтарини пешрафти самти оташнишонии мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ мебошад.
Дар баробари дигар дастовардҳо инчунин бо дастгирии роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал пас аз барҳам хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар ҷумҳурӣ 27 қисму дидбонгоҳи алоҳидаи оташнишонӣ таъсис дода шуданд. Аз ҷумла, ду қисми мустақили ҳарбикунонидаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияҳои Кушониёну Қубодиён ва 6 дидбонгоҳи алоҳида дар ноҳияҳои Темурмалик, Шамсиддини Шоҳин, Ховалинг, Балҷувон, Носири Хусрав ва Хуросони вилояти Хатлон таъсис дода шуд, ки дар онҳо қариб 300 нафар шаҳрвандон соҳиби ҷойи кори доимӣ шуданд. Инчунин дидбонгоҳҳои алоҳидаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияҳои Варзоб, Айнӣ, Ашт ва дар Қасри Арбоб, ду қисми оташнишонӣ дар ноҳияи Сино-2 ва маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансур, дидбонгоҳи алоҳида дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, инчунин дар ҶДММ «Бозори Корвон», ноҳияи Шаҳринав ва ғайра таъсис ёфта, мавриди фаъолият қарор доранд.
АМИТ «Ховар»: Кадом навгониҳо солҳои охир дар соҳаи оташнишонии ҷумҳурӣ амалӣ карда шуданд ва ин ташаббусҳо дар пешрафти кори соҳа чӣ таъсир мерасонанд?
Рустам Мирзозода: Дар баробари он навовариҳое, ки дар ҷузъу томҳои сарраёсат дар шаҳру ноҳияҳои номбурда амалӣ карда шуданд, инчунин дар тақвияти ин ташаббусҳо боз илова карданием, ки танҳо давоми соли 2024, аниқтараш дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2024, мутобиқи моддаи 122-и Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» оид ба Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази васлу насби автомобилҳои оташнишонӣ» қарор қабул карда шуд. Дар ин корхона вобаста ба тозаю дар ҳолати омодабош қарор додани нақлиёти оташнишонӣ ҷойҳои махсус, аз қабили шустушӯйи нақлиёт, рангубори нақлиёт ва кафшергарӣ фаъолият менамоянд. Инчунин Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази васлу насби автомобилҳои оташнишонӣ» дар асоси шартнома бо ширкати «Хово»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин аз ин ҳамсоякишвар ба ҷумҳурии мо шасси бо муҳаррик ворид карда, дар корхонаи мазкур мавриди банду баст қарор медиҳад. Аз вақти фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази васлу насби автомобилҳои оташнишонӣ» 2 нақлиёти тамғаи «Хово» бо ғунҷоиши 6 тонна об ва 1 тонна маҳлули кимиёвӣ (пенна), 2 нақлиёти тамғаи «Зил-130» бо ғунҷоиши 6 тонна об, 1 нақлиёти тамғаи «Камаз» бо ғунҷоиши 10 тонна об ва 1 тонна маҳлули кимиёвӣ, 2 нақлиёти тамғаи «Урал» бо ғунҷоиши 5 тонна об барои хизматбарӣ ва 2 нақлиёт бо ғунҷоиши 5 тонна об, ки аз Агентии хадамоти назорати сӯзишвории Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида буд, пурра аз таъмир бароварда шуда, ба ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ барои фаъолият равон карда шуданд.
Ҳамзамон бо мақсади сари вақт хомӯш намудани сӯхтор дар кўчаю хиёбонҳо ва биноҳои баландошёнаи ҳудуди шаҳри Душанбе бо дастгириҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли 2023 10 нақлиёти оташнишонӣ бо ғунҷоиши 10 тонна об ва 3 тонна маҳлули кимиёвӣ ба Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе барои истифода супорида шуд. Имрӯзҳо ин нақлиёти оташнишонӣ дар тамоми сӯхторҳо барои эмин нигоҳ доштани ҷони шаҳрвандон ва молу амволи давлатию хусусӣ, инчунин дар хизматбариҳо барои пешгирӣ намудани тартиботи ҷамъиятӣ ҷалб карда мешаванд.
АМИТ «Ховар»: Дар баробари ҳамаи ин кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар самти амалияи маъмурӣ низ натиҷаҳои назаррас доранд. Вобаста ба ин самти муҳими фаъолияти хизматӣ чӣ гуфта метавонед?
Рустам Мирзозода: Ҷамъбасти фаъолият дар самти амалияи маъмурӣ нишон дод, ки аз ҷониби кормандони мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтори ҷузъу томҳои сарраёсат аз аввали соли равон то 25 июни соли равон 12 867 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст. Зимни пешбурди корҳои профилактикӣ-оташнишонӣ аз тарафи гурӯҳи кории сарраёсат аз 13 март то 26 июни соли равон аз ҳисоби қарзҳои дебитории қувваи барқ 57 миллиону 834 ҳазору 114 сомонӣ ба буҷаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои барқ» ворид карда шуд. Вобаста ба ошкор намудани ҳолатҳои ғайриқонунӣ истифода бурдани қувваи барқ 62 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, барои баррасӣ ва қабул намудани қарори қонунӣ ба Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.
Бояд гуфт, ки аввалин дастаи оташнишонӣ дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе 1 апрели соли 1929 дар асоси Қарори Шурои шаҳрии вакилону коргарон ва аскарони сурх таъсис ёфта буд. Он аз 10 нафар сӯхторнишонҳо иборат буда, аввалин ташкилотчии он Фёдор Зайтсев маҳсуб мешавад. Дар он давра дастаи оташнишонӣ барои хомӯш намудани сӯхторҳо бо аробаи аспӣ мебаромад, ки бо насоси тамғаи «Ҷеленч», ду зарфи обдор ва 180 метр лулаи оташнишонӣ ҷиҳозонида шуда буд.
Ҳоло бо шарофати соҳибистиқлолӣ мо дорои техникаю таҷҳизоти пешрафта мебошем.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз