Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум оғоз гардид

Июль 15, 2025 10:44

ДУШАНБЕ, 15.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум бо роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Дар аввал ҷараёни иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025» ва Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуда, вобаста ба он муовини Раиси шаҳри Душанбе гузориш дод.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр барои рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, сохтмони иншооту ифрасохтори зарурӣ ва таъмини иҷрои дигар нақша-чорабиниҳо дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии пойтахт дастуру супоришҳо доданд.

Дар идома ҷараёни амалишавии «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2021-2025» муҳокима гардида, вобаста ба ин масъала ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин робита ба масъулин дастур доданд, ки ҷиҳати дарёфти хонандагони лаёқатманд ва ҷалби онҳо ба муассисаҳои махсусгардонидашуда корбарӣ намуда, барои ба бозомӯзӣ фаро гирифтани омӯзгорон ва истифодаи таҷрибаи давлатҳои пешрафта тамоми чораҳои дахлдорро роҳандозӣ намоянд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Июль 15, 2025 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад