Имрӯз Президенти Муғулистон бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад

Июль 23, 2025 10:38

ДУШАНБЕ, 23.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, сафари давлатии Президенти Муғулистон дар Тоҷикистон аз 23 то 26 июл идома ёфта, дар доираи он мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Муғулистон, имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ва дигар чорабиниҳои муҳим, аз ҷумла рӯзҳои фарҳанг ва ҳамоиши сармоягузорӣ дар назар аст.

Сафари давлатии Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гузоштани гулчанбар дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ оғоз меёбад.

АКС аз бойгонӣ

Июль 23, 2025 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Сафорати Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи давлатии идоракунии Русия мулоқот анҷом доданд
Дар Анқара аҳамияти афзоиши гардиши мол ва ҷалби сармоя байни Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 88-уми Кумитаи нақлиёти дохилии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Таҳкими шарикӣ байни бахшҳои хусусии Тоҷикистон ва минтақаи Қасими Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд
Тоҷикистон ва Австрия нақшаи ҳамкориро барои соли 2026 мавриди баррасӣ қарор доданд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ дар доираи барномаҳои афзалиятнок баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо директори генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо мулоқот намуд
Дар Вена ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо сохторҳои марбутаи Австрия баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири навтаъйини Италия дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо амири минтақаи Қаcими Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон баррасӣ гардид