ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст

Июль 8, 2025 13:19

ДУШАНБЕ, 08.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. 7 — 8 июл дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи маъюбон ва вобаста ба  таҳияи лоиҳаи қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта: асосноккунии зарурати қабули қонун, мушкилот ва роҳи ҳалли онҳо» ҷаласаи машваратӣ доир гардид.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  дар мамлакат то 1 июли соли равон 171 ҳазору 52 нафар маъюб ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамасола тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 2 августи соли 2011 бо мақсади ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масъалаҳои маъюбӣ ин санна таҷлил карда мешавад. Зеро таваҷҷуҳ ба маъюбон барои таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ ва шароити арзандаи зиндагии онҳо мусоидат менамояд.

Сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудратулло Қурбонзода иброз намуд, ки «ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла шахсони имконияташон маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки фаъолияти  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан дар сиёсати  инсонпарваронаи  Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  маҳсуб мешавад. Аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ тамоми талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини кафолатҳои иҷтимоии шаҳрвандон, хусусан маъюбон равона гардида, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон пурра таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст».

Таъкид гардид, ки дар мамлакат асосҳои меъёрии ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони дорои маъюбият тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ», «Дар бораи ветеранҳо», ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар, ба монанди «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Консепсияи рушди хизматрасонии иҷтимоии аҳолӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ карда мешаванд.

Тибқи барномаи инфиродии тавонбахшӣ,  ба маъюбон  таълиму тарбияи ройгон дар муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касбӣ, таҳсилоти иловагӣ ва муассисаҳои давлатии таҳсилоти умумӣ ва махсус таъмин карда мешавад.

Тибқи қонунгузорӣ, дар ташкилот новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон ҳангоми на камтар аз 20 нафар будани шумораи кормандон ба андозаи на камтар аз 5% аз шумораи умумии кормандон ба маъюбон барои ба кор қабул кардан квота муқаррар карда мешавад. Ҳадди ақалли теъдоди ҷойҳои махсуси корӣ барои бо кор таъмин кардани маъюбон ба ҳар ташкилот дар доираи квотаи муқарраргардидаи ба кор қабул намудани маъюбон муайян карда мешавад.

Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқҳои маъюбон ва таъминоти иҷтимоии онҳоро эътироф намуда, ба чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ арҷгузорӣ ва таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони маъюбиятдошта тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Аз ҷумла,  22 марти соли 2018 аз ҷониби Президенти мамлакат Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои маъюбон ба имзо расонида шуд.

Кӯшишҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллӣ ва шарикони рушд на танҳо ба расонидани кӯмак, дастгирӣ ва пешниҳоди имтиёзҳои гуногун, балки ба ҳамгироии одамони маъюб ба ҷомеа нигаронида шудаанд. Шахсони дорои маъюбият низ ҳамчун шахсоне, ки маъюбият надоранд, дар ҷумҳурии мо аз тамоми ҳуқуқу кафолатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию маданӣ, ки дар Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунигузории Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтаанд, бархурдоранд. Табъизи (дискриминатсияи) ҳуқуқи маъюбон манъ буда, мувофиқи қонун муҷиби ҷавобгарӣ мебошад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 8, 2025 13:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН — АРЗИШИ ОЛӢ. Бардошт аз ҳамоиш бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон
Дар Шаҳринав дар мавзуи ваҳдату ҳамгироӣ ва дӯстии халқу миллатҳо вохӯрӣ доир шуд
Бахшида ба 31-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Мактаби сиёсии Пешвои миллат дар заминаи фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Беш аз 80 фоизи Барномаи давлатии рушди соҳаи геология амалӣ гардидааст. Эҳдо ба Рӯзи геологҳои Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи якуми зимистон 1-2 дараҷа гарм пешгӯӣ карда мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГЕОЛОГҲОИ ТОҶИКИСТОН. Маҳз онҳо ояндаи энергетика, саноат, металлургия, сохтмон, ҳатто амнияти иқтисодиро пешакӣ муайян менамоянд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар ҷаласаи панҷуми Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони ИДМ иштирок намуд
САДОИ ҚАЛБИ ҲАМСАФОНИ БУРУНМАРЗӢ. Ба Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида мешавад
Мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот, шашка, тенниси рӯи миз ва волейбол барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» ҷамъбаст шуданд
Нақши Бонки Осиёии рушд дар таҷдиди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон назаррас аст
Омили объективии норасоии неруи барқ ва зарурати дарку таҳаммулпазирӣ. Андешаҳо дар ин маврид