Дар Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонии ноҳияи Восеъ аз рӯи 5 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд

Октябрь 25, 2025 09:16

ДУШАНБЕ, 25.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ аз рӯи 5 ихтисос: устои барқ, васлгари таҷҳизоти барқии офтобӣ, челонгари техникаи санитарӣ, андовагар ва кафшергари газию барқӣ мутахассисон омода карда мешаванд. Иқтидори имконпазири марказ барои дар ду баст ба таълим фаро гирифтани 150 ҳунаромӯз мебошад.

Тавре аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бинои асосии марказ аз чор ошёна иборат буда, бо тарҳи замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои сохтмонии имрӯза бунёд ёфтааст.

Марказ дорои утоқҳои васеъ, синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо компютерҳо, таҷҳизоти таълимӣ ва устохонаҳои амалӣ мебошад. Дар ин марказ имконият фароҳам оварда шудааст, ки ҷавонон, занону духтарон ва шахсони бекор дар касбу ҳунарҳои дар бозори меҳнат талабгорро омӯхта, соҳиби ихтисоси муайян гарданд.

Ёдовар мешавем, ки Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ 22 октябри соли равон бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Маркази мазкур тибқи талаботи Созишномаи грантӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд вобаста ба лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бакортаъминшавӣ» таъсис дода шудааст.

Марказ бо буғхона, обу корез ва манораи об бо зарфи ғунҷоишаш 25 тонна таъмин аст. Ҳамчунин, бо хатти доимии барқ пайваст буда, илова бар ин тариқи панелҳои офтобӣ низ муассиса бо барқи доимӣ таъмин мебошад. Бо ба фаъолият оғоз кардани Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ, даҳҳо сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шуданд. Омӯзгорон ва мутахассисони соҳибтаҷриба дарсҳои назариявию амалӣ мегузаронанд, ки ин ба баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи ҷавонон ва рушди соҳибкорӣ дар ноҳия мусоидат хоҳад кард.

Иттилоъ дода шуд, ки аз соли 2024 то имрӯз 6 маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бунёд гардидаанд, ки иқтидори ба касбомӯзи фаро гирифтани то ҳашт ҳазор нафарро доранд. То ба имрӯз 3200 касбомӯз соҳиби сертификат шуда, зиёда аз се ҳазори дигар барои ба шуғл фаро гирифтан номнавис шудаанд.

Бояд гуфт, ки дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ» ва «Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ» татбиқ гардида истодааст. Лоиҳаи мазкур дар шаҳрҳои Душанбе, Роғун, Бохтар, Хуҷанд ва ноҳияҳои Данғараву Восеъ амалӣ шуда, 6 шаҳру ноҳияи ҷумҳуриро дар бар мегирад.

Ҳадафи асосӣ ва натиҷаи ниҳоии лоиҳаи мазкур ба васеъ намудани шуғли самаранок мутобиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавии ҷавонон, занон ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар бозори меҳнати дохилӣ ва берунӣ нигаронида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 11 апрели соли 2024 дар доираи ин лоиҳа, бинои замонавии Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Шароити муҳаёгардида дар маркази мазкур имконият медиҳад, ки дар ду баст то 200 нафар таълим гирифта, ҳамин тариқ дар як сол беш аз 1400 нафар бо касбомӯзӣ фаро гирифта шаванд.

Дар марказ дар баробари аз худ кардани 4 намуди касб, аз ҷумла «Устои барқ», «Кафшергар», «Андовагар» ва «Усто барои насб кардани панелҳои офтобӣ», ҳамчунин марказҳои омӯзиши забонҳои куриёӣ, англисӣ ва русӣ таъсис ёфтааст, ки ҳар як хонанда баъди хатм соҳиби сертификати байналмилалӣ мегардад. Ҳамчунин дар марказ барои машғулиятҳои амалӣ устохонаҳои кафшергарӣ, пардозгарӣ ва нигаҳдории таҷҳизоти барқӣ фаъолият мекунанд.

Хотиррасон мешавем, ки 24 майи соли 2024 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон низ аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази рушди малакаҳо, ки бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои милливу байналмиллалӣ бунёд шудааст, ифтитоҳ гардид. Заминаҳои моддию техникии фароҳамшуда дар ин марказ имконият медиҳад, ки дар як баст то 300 нафар таълим гирифта, дар як сол беш аз 1800 нафар ба омӯзиш фаро гирифта шаванд.

Дар марказ дар баробари омӯзиши 5 намуди касб, аз ҷумла «Мутахассиси коркарди меваю сабзавот», «Сабзавоткор», «Таъмиргари техникаи кишоварзӣ», «Роҳбари хоҷагии деҳқонӣ», «Таъмиргари асбоби рӯзгор», ҳамчунин аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, аз қабили англисӣ, русӣ ва кореягӣ имкон дорад. Ҳар як хонандаи марказ баъди хатм соҳиби сертификати байналмилалӣ мегардад.

Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин иброз доштанд: «ҳар яки мо вазифадорем ва дар назди наслҳои имрӯзу оянда, барои тақдири Ватан, давлат ва миллат масъулият дорем, ки рӯ ба мактабу маориф оварем, барои фарзандонамон шароит муҳайё кунем, ки бесавод намонанд, илму дониш омӯзанд ва касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ намоянд».

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Октябрь 25, 2025 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар канори роҳи Душанбе–Чанок корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома доранд
Оид ба нақши занон дар низоми адолати судӣ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон лоиҳаи 37 санади меъёрии ҳуқуқиро мавриди омӯзиш қарор додааст
Бунафша Файзиддинзода: «Бо вуҷуди коҳиши бекоршавии ақди никоҳ ҳалли ин масъала таваҷҷуҳи доимиро тақозо мекунад»
ОГОҲӢ! Аз 16 то 19 июл дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои дарёфти гранти Президенти Тоҷикистон дар соли 2026 аз ҷониби занон 945 лоиҳа пешниҳод шудааст
ЭҲТИЁТ АЗ НУРҲОИ БАЛАНДИ ОФТОБ! Ҳангоми гармои шадид саломатиро чӣ тавр бояд ҳифз намуд?
Дар «Чангоб» 220 нафар кӯдакони ятими кулл, нимятим ва аз оилаҳои камбизоат ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷиксуғурта» ба шаҳрвандон ва ташкилот беш аз 1,1 миллион сомонӣ ҷуброни суғуртавӣ пардохт намуд
Президенти Тоҷикистон: «Сифати таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳанӯз ба талабот пурра ҷавобгӯ нест»
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ пурра бо китобҳои дарсӣ таъмин мебошанд
Дар Душанбе беш аз 13 ҳазор нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардиданд