Имсол дар истироҳатгоҳи «Дурахшон» 260 нафар кӯдакону наврасон фароғат менамоянд

Июль 22, 2025 11:10

ДУШАНБЕ, 22.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар басти якуми истироҳатгоҳи «Дурахшон»-и ноҳияи Файзобод 130 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шудаанд, ки қисме аз онҳо кӯдакони ятим мебошанд. Дар ин хусус хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ медиҳад.

Директори истироҳатгоҳи «Дурахшон» Маҳмадшариф Раҳмонов иброз намуд, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дар истироҳатгоҳ беҳтарин шароит муҳайё гардидааст. «Имсол истироҳатгоҳ дар ду баст фаъолият намуда, дар он 260 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд. Дар истироҳатгоҳ  кӯдакону наврасон аз рӯйи барномаи шуъбаи маорифи ноҳия бо машғулияти варзишию фарҳангӣ ва сайёҳӣ фаро гирифта шуда, бо чор вақт хӯрок таъмин ҳастанд», — иброз дошт ӯ.

Истироҳатгоҳи «Дурахшон» дар деҳаи Дурахшони Ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Файзобод ҷойгир буда, дорои ҳавзи шиноварӣ, хобгоҳҳои кушод, ошхона ва майдончаи варзишӣ мебошад.

Имсол бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дар истироҳатгоҳи «Дурахшон» майдончаи нави варзишӣ ва майдончаҳои бозии тенниси рӯйимизӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Ҳамзамон масъулини идораи маорифи ноҳияи Файзобод дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2025» дар назди муассисаҳои таълимӣ бо иштироки 1300 нафар кӯдакон лагерҳои солимгардонӣ ташкил намуданд. Зиёда аз 30 нафар фарзандони омӯзгорон ба истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» ҷалб гардиданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 22, 2025 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст